Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ иттиҳомоти ахири додситонии кулро бепоя номида рад кард. Додситонии кулл рӯзи 17 сентябр дар як изҳороти вижа Кабириро ба раҳбарии фаъолиятҳои гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода айбдор кард.
Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба ин изҳорот гуфт: “Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд."
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, “тамоми талошҳои мақомот барои таҳрики ҳизби мо ба иқдомоти тунд ва тундраву ифротгаро эълон кардани мо натиҷа надод ва дар ниҳоят ошӯби генерал Назарзода дасти онҳоро кушод. Ошӯби генерал танҳо баҳои хубе барои иҷрои нақшае гардид, ки кайҳо боз омода мешуд. Назарзода ҳеҷ гоҳ узви ҳизби мо набуд. Гузашта аз ин, солҳои охир ӯ аз мо фосила гирифта буд ва тамоси хеле кам дошт. Ангезаҳои амалҳои ӯро бояд дар сиёсати хатои худи ҳукумат ҷуст, мисли ангезаҳои сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафи созмони “Давлати исломӣ” пайваст.”
Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз моҳи март ба ин тараф дар хориҷ ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо вуҷуди фишорҳо ва боздошти тақрибан ҳамаи аъзои раёсати ҳизб, “мо дар ҳеҷ сурат ба пинҳонкорӣ нахоҳем гузашт ва даст ба аъмоли тунд нахоҳем зад. Мо минбаъд ҳам дар чорчӯби қонунҳои кишвари худ ва кишварҳои дигаре, ки ба сар бубарем, амал хоҳем кард. Ҳанӯз душвор аст тасвираш, вале бидуни шак, мо ҳаддалимкон шаффоф ва хунсардона рафтор хоҳем кард.”
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро айбдор кард, ки дар ошӯби ахири гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, даст дорад.
Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.”
Додситонии кул мегӯяд, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.
Бино ба ин изҳорот, 13 тан аз раҳбарон ва аъзои фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ, ки “баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд.” Ин 13 нафар, ки додситонӣ рӯйхаташонро нашр кардааст, ба даст доштан дар “амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода” гумонбар мешаванд.
1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович (Саидумур Ҳусайнӣ);
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович (Абдуқаҳҳори Давлат);
4. Каримов Саттор Самадович;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ (Зубайдуллоҳи Розиқ);
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович (Муҳаммадалии Ҳаит);
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович,;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна (Зарафо Раҳмонӣ);
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович;
13. Қосидинов Воҳидхон.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки афроди Ҳоҷӣ- Ҳалим шаби 3 ба 4 сентябр “бо сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ” аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ ва қисмҳои низомии 08050 ва 17651 теъдоди зиёди силоҳро тасарруф кардаанд. Додситонӣ мегӯяд, сипас аъзои даста ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳамла оварда, дар чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши Душанбе низ бо нирӯҳои милиса даргир шудаанд.
Изҳороти додситонии кулл як рӯз баъд аз хабари расмии вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пахш шуд, ки рӯзи 16 сентябр гуфтанд, “амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид."
Бино ба ин хабар, 12 узви боқимондаи ин гурӯҳ бо шумули худи генерал Назарзода ва сарҳанг Ҷунайдулло Умаров, маъруф ба Эшони Ҷунайд, рӯзи 16 сентябр баъди якуним рӯзи таъқиб дар канори рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит, воқеъ дар 110-километрии шаҳри Ваҳдат ба иҳота афтоданд ва азбаски ба гуфтушунид ва таслимшавӣ тан надоданд, кушта шуданд.
Додситонии кул мегӯяд, тайи 12 рӯзи амалиёти алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим 14 нафар аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ ҷон бохта, ҳамчунин 25 тан аз ҷангиён кушта ва 125 нафар дастгир шуданд. Аз ҷумла 28 нафар бо кумаки аҳолии маҳаллӣ ба даст афтодаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 16 сентябр ба нирӯҳои интизомиву низомие, ки дар амалиёти алайҳи гурӯҳи генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, ширкат кардаанд, ва ҳам ба шаҳрвандоне, ки дар дастгир кардани аъзои ин гурӯҳ бо мақомот ҳамкорӣ доштанд, изҳори сипос кардааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аҳли хонаводаҳо ва наздикону пайвандони сарбозону афсароне, ки дар ҷараёни амалиёти алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим кушта шуданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба афроди масъул супориш додааст, то “оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд.”
Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошт. Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели “бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақом барканор карда шуд.
Ҳам Абдуҳалим Назарзода ва ҳам Ҷунайдулло Умаров аз ҷумлаи он размандагони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои оппозисиюни тоҷик буданд, ки бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 ба таркиби нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд. Ҳоҷӣ Ҳалим аз ҷумла фармондеҳиии баталйони 25-умро, ки пурра аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин ташкил шуда буд, бар ӯҳда дошт. Ӯ баъди мунҳал шудани ин баталйон раҳбарии бахши амнияти дохилии вазорати дифоъро бар дӯш гирифт ва дар моҳи январи соли 2014 ба мақоми муовини вазири дифоъ расид. Сарҳанг Умаров, бино ба хабарҳо, раҳбари раёсати инспексияи ҳарбии вазорати дифоъи Тоҷикистон ва қаблан муддате ҳатто коменданти шаҳри Душанбе будааст.
Мақомот мегӯянд, бо ҳалокати фармондеҳони асосии ин гурӯҳи мусаллаҳ – Абдуҳалим Назарзода ва Ҷунайдулло Умаров – амалиёти зидди ин гурӯҳ “пурра ба охир расид.”
Аммо дар атрофи ин ҳаводис, ки барои қариб ду ҳафта ва он ҳам дар остонаи иди истиқлоли Тоҷикистон ва нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ҷомиаро ба ташвиш андохт ва дигарбора ба ёди рӯзҳои сиёҳи даврони ҷанги шаҳрвандӣ бурд, суолҳои зиёде боқӣ мемонанд.
Яке аз суолҳо ин аст, ки ин афроде, ки дар ин ошӯб Абдуҳалим Назарзодаро ҳамроҳӣ карданд, кӣ буданд? Онҳо чӣ гуна тавонистанд бо садҳо мил аслиҳа аз пойтахт берун шаванд? Ва оё дар пушти ин ошӯбҳо кадом нирӯҳо истодаанд?
Додситонии кул мегӯяд, аксари онҳо ҳамон размандагони собиқи баталёни 25-уми қисми ҳарбии 31001 буданд, ки ҳар моҳ аз сӯи Назарзода барои чунин як “соати Икс” бо пулу ғизо таъмин мешуданд. Наворҳову аксҳои ҷангиёни куштаву дастгиршудае, ки дар телевизионҳои давлатӣ нашр шудаанд, низ аксари онҳоро мардони болиғ аз синни 40 нишон медиҳанд.