Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2025. Наврасони тоҷик бо дастаи Чехия бозӣ мекунанд


Футболбозони навраси тоҷик ба ҷуз аз тими Ҷумҳурии Чех, 8-уми ноябр бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 11-уми ноябр бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунанд
Футболбозони навраси тоҷик ба ҷуз аз тими Ҷумҳурии Чех, 8-уми ноябр бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 11-уми ноябр бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунанд

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ба аввалин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 муқобили тими Ҷумҳурии Чех дар Қатар омодагӣ мебинад.

Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи "I" рӯзи 5-уми ноябр дар майдони рақами 8-и "Aspire Zone" дар шаҳри Давҳа соати 15:30 бо вақти маҳаллӣ (17:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи кишвар 21 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – аз тимҳои наврасони ҷумҳурӣ дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025:

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Муҳаммадраҳим Раҳмонов, Анушервон Қурбонзода (ҳама аз "Душанбе");

Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев (ҳарду аз "Истиқлол"), Абдусамад Меликмуродов ("Сардор"), Меҳроҷиддин Розиқов ("Душанбе"), Шуҳрат Нурматов (Академияи ФФТ), Садриддин Сатторов ("Вахш"), Саидҷон Хоҷаев ("Равшан");

Нимҳимоятгарон: Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев (ҳарсе аз "Истиқлол"), Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Ибрҳимзода (ҳарсе аз "Душанбе"), Ҳайдаршо Худойдодов ("Эсхата"), Мунаввар Анварзод (Академияи ФФТ);

Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев ("Истиқлол"), Назрулло Ашурализода ("Душанбе"), Асадбек Махтумов ("Эсхата").

Футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи "I" ба ҷуз аз тими Ҷумҳурии Чех, 8-уми ноябр бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 11-уми ноябр бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон

(U-17)

Гурӯҳи «I»

Даври 1-ум

5-уми ноябр (чоршанбе)

17:30 (бо вақти Душанбе) - Тоҷикистон - Ҷумҳурии Чех

Давҳа, «Aspire Zone», Майдони №8

20:15 (бо вақти Душанбе) – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Буркина-Фасо

Бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбад, инчунин дастаи мавқеъи сеюм бо беҳтарин натиҷа аз гурӯҳ боло хоҳад рафт.

Рӯзи 3-юми ноябр бозиҳои даври аввал дар чор гурӯҳ (“А”, “В”, “С”, “D”) баргузор шуда, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:

Гурӯҳи “А”

Африқои Ҷанубӣ – Боливия – 3:1; Қатар – Италия – 0:1.

Гурӯҳи “В”

Ҷопон – Марокаш – 2:0; Каледонияи Нав – Португалия – 1:6.

Гурӯҳи “С”

Коста Рика – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:1; Сенегал – Хорватия – 0:0.

Гурӯҳи “D”

Аргентина – Белгия – 3:2; Тунис – Фиҷи – 6:0.

Рӯзи 5-уми ноябр бозиҳои даври аввал ба ғайр аз гурӯҳи “I” боз дар се гурӯҳ - “J”, “К” ва “L” - барпо мегарданд:

Гурӯҳи “J”

17:30 – Панама – Ирландия; 18:00 – Парагвай – Узбекистон

Гурӯҳи “К”

20:45 – Фаронса – Чили; 20:45 – Канада – Уганда

Гурӯҳи “L”

18:30 – Австрия – Арабистони Саудӣ; 19:45 – Мали – Зеландияи нав

Рӯзи 7-уми ноябр бозиҳои даври аввал дар гурӯҳҳои “E”, “F”, “G” ва “H” баргузор мешаванд:

Гурӯҳи “Е”

18:30 – Гаити – Миср; 20:15 - Англия - Венесуэла

Гурӯҳи “F”

17:30 – Кот-д Ивуар – Швейтсария; 18:00 - Мексика – Кореяи Ҷанубӣ

Гурӯҳи “G”

17:30 – Салвадор – Колумбия; 18:00 - Олмон – Кореяи Шимолӣ

Гурӯҳи “Н”

17:30 – Бразилия – Гондурас; 20:45 - Индонезия – Замбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

XS
SM
MD
LG