Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонаи моро чаппа мекунанд". Баҳси нарху адл миёни сокинон ва "Ғаюр Семент" ВИДЕО


Гуруҳе аз сокинони маркази шаҳри Душанбе даъво доранд, ки мақомот бе созишу ризоият ва пардохти ҷуброн хонаҳояшонро вайрон мекунанд. Дар ҷойи хонаҳои онҳо ширкати "Ғаюр Семент" бояд мактаб созад. Мақомот даъворо рад карда, гуфтанд, ин мардум барои хонаҳояшон пули барзиёд талаб доранд.

Баҳс миёни ҳафт оила аз кӯчаи Мирзо Турсунзода, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ширкати “Ғаюр Семент” шаш моҳ аст, ки идома дорад.

Моҳшариф Ҳасанова, яке аз ин сокинон мегӯяд, тахриби хонаашон оғоз шудааст, вале то ҳол ҳеч санади расмӣ дар мавриди пардохти ҷуброн нагирифтаанд. Ҳасанова гуфт, масъулони ҳукумати ноҳия шифоҳӣ ба онҳо гуфтаанд, барои ҳар метри мураббаи хона 600-650 доллар пардохт мешавад.

"Лекин дар маҳаллае, ки мо зиндагӣ дорем, як метри мураббаи хона аз 650 доллар боло аст. Баъд ягон ҳуҷҷати расмӣ барои пардохти ҷуброн нишон намедиҳанд, ки мо бовар кунем", -- афзуд Моҳшариф Ҳасанова.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, зиндагӣ дар хонаашон хатарнок шудааст. “Пушти хонаро чаппа карданд, қисмати дигарашро низ ба зудӣ чаппа мекунанд. Аз зарби тахриби хонаҳои пушт девори хонаи хобамон кафид, бо тарс дар ин ҷо хоб меравем. Мехоҳем, бо роҳбари ширкат ҳамсуҳбат шавем, ки чаро манзилҳои моро ба чунин ҳол овардаанд”, -- гуфт Ҳасанова.

Мисли Моҳшариф Ҳасанова боз шаш хонаводаи дигар аст, ки мехоҳанд дар ивази хонаҳояшон ҷуброни одилона бигиранд. Баъзе мегӯянд, агар манзилашон хароб карда шавад, намедонанд ба куҷо раванд.

Дар макони зисти сокинон ширкати "Ғаюр Семент" то ҷашни 30-солагии истиқлол бояд барои 1200 хонанда мактаби нав созад.

Дар ширкати "Ғаюр Семент" рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раҳбари онҳо ба уҳда гирифтааст, ки дар маркази пойтахт мактаб созад, вале баҳсҳо атрофи ҷуброни пардохт нахуст бояд дар сатҳи ҳукумати ноҳия ҳал шаванд. Як намояндаи ширкати “Ғаюр Семент”, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, онҳо низ намехоҳанд, ҳуқуқи ҳеҷ яке аз истиқоматкунандагон поймол гардад.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Ғаюр Семент" омода аст, барои ҳар метри мураббаъ ба соҳибони хонаҳо 600-650 доллар пардохт кунад, аммо сокинон маблағи зиёдтар талаб доранд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Мактаб ё хона? Даъвои сокинон бо "Ғаюр Семент"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Иброҳим Шарифов, як намояндаи ҳукумати Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, касеро иҷборан аз манзил кӯчонданӣ нестанд. Шарифов афзуд, масъалаи ҷуброни хонаҳо бо ширкате, ки дар макони зисти оилаҳо мактаб месозад, дар миён гузошта шудааст.

Диловар Баротов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гуфт, ҳарчанд масъулони ширкати “Ғаюр Семент” омодагии худро барои пардохти ҷуброн изҳор доштаанд, вале сокинон пофишорӣ доранд, ки барояшон маблағи бештар дода шавад.

Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯянд, агар сокинон розӣ нашаванд, дар ниҳоят ҳалли масъаларо аз тариқи додгоҳ ба миён мегузоранд.

Дар пайҷои хонаҳои вайроншуда баъзе корҳои омодагӣ барои сохтмон идома дорад. Чанде аз хонаҳо вайрон шуда, ба қавли ҳамсуҳбатони мо соҳибхонаҳо ба дигар ҷойҳо кӯчидаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони корхонаи давлатии "Нархгузор" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, арзиши манзили сокинони кӯчаи Мирзо Турсунзодаро баррасӣ карда, муайян намуданд, ки ҳар метри мураббаи он аз 600 то 650 доллар арзиш дорад. Аммо сокинон чунин ҳисобу китобро ноодилона меҳисобанд.

Дар Тоҷикистон ниҳодҳои мустақили нархгузории манзил ё моликият вуҷуд надорад ва танҳо мақомот нархи манзилҳои тахрибмешударо муайян мекунанд. Ба назари мутахассисон, роҳи муассири ҳалли ин баҳсҳо ташкили корхонаҳои мустақили нархгузории амвол мебошад. Танҳо дар ин сурат ба қавли мутахассисон, шаффофият таъмин шуда, имкон медиҳад, ки арзиши воқеии хонаҳо маълум гардад. Аз ҷумла, дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ ин вазифаро нархгузорони бонкҳо ба ҷой меоранд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, то замони ҳалли баҳсҳо атрофи ҷуброни хона ҳеч ширкат ҳақ надорад, хонаҳоро вайрон кунад. Вале сокинон шикоят мекунанд, ки масъулони ширкатҳо бе мувофиқа бо онҳо, ба тахриби хонаҳояшон сар карда, ҳуқуқашонро "дағалона поймол мекунанд".

Масъалаи тахриби бинои манзилҳои зист барои сохтмони биноҳои баландошёна, ки бар асоси нақшаи куллии шаҳри Душанбе ё "Генплан" сурат мегирад, тайи чанд соли ахир нигарониҳоро ба бор овардааст. Дар гузашта чанд баҳси сокинон бо ширкатҳои сохтмонӣ бар сари маблағи манзили зист расонаӣ шуд.

Сокинон мегӯянд, ба ваъдаи худ вафо накардани баъзе ширкатҳои сохтмонӣ боис шудааст, ки мардум дар масъалаи ҷуброни манзилашон эҳтиёткор шаванд.

XS
SM
MD
LG