Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсонро ба Қирғизистон роҳ надоданд

Стив Свердловро аз фурудгоҳи Бишкек бозпас гардонданд.
Стив Свердловро аз фурудгоҳи Бишкек бозпас гардонданд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили ҳуқуқи башар мегӯяд, давоми чанд соли охир дигар Қирғизстонро наметавон як кишвари демократӣ дар Осиёи Марказӣ номид. Ӯро рӯзи 19-уми май ба Қирғизистон роҳ надоданд ва аз фурудгоҳи “Манас” дар шаҳри Бишкек дигарбора дар ҳавопаймояш ба Истанбул бозпас фиристоданд.

Мақомот қарори худро шарҳ надоданд. 16 донишҷӯи донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, ки бо Стив Свердлов барои ширкат дар барномаҳои фарҳангию иҷтимоӣ ба Бишкек рафта буданд, ба кишвар роҳ дода шуданд, вале бидуни раҳбарашон мемонанд. Радиои Озодӣ бо Стив Свердлов, ки дар Истамбул қарор дорад, сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Сабаби расмии манъи вуруди шумо ба Қирғизистон маълум шуд?

Стив Свердлов: «То ҳол маълум нест. Субҳи 19-май, вақте ман бо донишҷӯёнам ба фурудгоҳ расидем, маро ба як утоқе дар самти дигари фурудгоҳ ба қисмати парвозҳо ба хориҷ, бурданд. Ба ман на хаттӣ ё расмӣ, балки шифоҳӣ гуфтанд, ки ҳаққи вуруд надорам. Вақте хостам, сабабашро фаҳмам, гуфтанд, ки “як санад тартиб дода мешавад ва онро ман баъдтар, ҳатто дар берун аз кишвар ба даст мегирам”. Гуфтанд, ки онҳо фақат масъулияташонро иҷро мекунанд ва аз ин бештар чизеро намедонанд. Баъди ин ман дар бораи вазъ ба сафорати Амрико дар Бишкек ва ҳам донишҷӯёнам хабар додам, ки ҳоли ошуфтае доштанд.»

Радиои Озодӣ: То ҳол мақомоти Қирғизистон қарори худро шарҳ надодаанд. Худи шумо далели ин кори онҳоро дар чӣ мебинед?

Стив Свердлов: “Як санаде ба кормандони ширкати Turkish Airlines супурданд. Ман онро фақат дар пулиси фурудгоҳи Истамбул дида аксашро гирифтам. Он ҷо навишта шудааст: “Ба Ҷумҳурии Қирғизистон вуруд манъ аст”. Одатан дар чунин санадҳо ҳадди аққал рақами моддаи Кодекси ҷиноиро менависанд, ки бар асоси он қарори манъи вуруд содир шудааст, вале дар ин санад чунин чизе аслан нест.

Ҳеч далеле наоварданд, ки як амрикоие, ки солиёни дароз дар Қирғизистон зиставу мусиқиву масоили ҳуқуқи башарро пеш мебурд, “ба амнияти миллии ин кишвар чӣ хатар дорад”. Ҳеч далеле оварда нашуд. Бар асоси санади додаи онҳо, ҳеч далеле вуҷуд надорад ва ин санад барои ояндаҳо бисёр лозим мешавад. Сабаби аслӣ чӣ аст? Қазияи ман, мутаассифона, ҷузъе аз тамоюли куллии баде аст, ки босуръат пеш меравад. Яъне чӣ? Декабри соли 2025 Иля Нузов, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Ҳуқуқи Башарро ҳам ба Қирғизистон роҳ надоданд. Бо ду ҳамкораш аз Париж омад, вале ӯро мисли ман ихроҷ карданд.

Шароити ман фарқ мекунад. Ман дар садри гурӯҳи 16-нафарии донишҷӯён рафтам ва ман масъулияти онҳоро ба дӯш дорам. Ҳамаи онҳо ҷавонони амрикоӣ аз донишгоҳи бисёр бонуфузи Калифорнияи Ҷанубӣ ҳастанд. Онҳо бар асоси барномае омадаанд, ки ризоияти ҳукумати Қирғизистонро дарёфт кардааст.

Ҳамин дарсҳои ман дар донишгоҳи Қирғизистон аз соли 2022 идома доранд ва ин навбат ҳам мо нақша доштем, ки бо намояндагони парлумони Қирғизистон, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, вазорати адлия, дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон мулоқот кунем. Яъне барнома хеле ғанӣ аст. Ин барнома на фақат шинохташуда аст, балки дар доираи он аъзои ҳукумат ҳамеша моро дар хеле сатҳи баланд қабул мекарданд.”

Радиои Озодӣ: Пас сабаби асосии манъи вуруд, ба назари шумо чӣ аст? Метавон гуфт, ки дар Қирғизистон як тамоюли ҷиддии ақибнишинӣ аз арзишҳои демократӣ ҷараён дорад?

Стив Свердлов: «Ҳамин чиз маро дар ҳайрат мегузорад. Ман ҳар сол, давоми 15 сол ба Қирғизистон рафтаву давоми шаш сол дар Бишкек зиндагӣ кардаам. Ин хонаи ман аст, барои ман бисёр дарднок аст. Ман ин кишвар, мардумаш ва он ҷойҳоро хеле дӯст медорам. Дӯстони зиёдам он ҷо ҳастанд. Мо бояд рӯзи 26-уми май як консерти ҷаз баргузор мекардем ва он ҳам бо вазорати фарҳанг ҳамоҳанг шуда буд.

Воқеан ҳам барои касе пинҳон нест, ки дар Қирғизистон солҳои охир тамоюли бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон мушоҳида мешавад. Гузашта аз ин мо шоҳиди рукуди нишондодҳои озодии баён, озодии гирдиҳамоӣ ва анҷуманҳо мешавем. Ду сол аст, дар Қирғизистон қонун дар бораи маъмури хориҷӣ амал мекунад ва он дар кори фаъолони маданӣ асари ҷиддӣ гузоштааст.

Ман дирӯз бори дигар нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар мисоли қазияи худам дидам, вақте созмони “Бир дуйно” ҳамроҳ бо сафорати Амрико қазияи маро расонаӣ карданд. Давоми ду соли охир хабарнигори зиёде ҳам ҳабс шуданд. Хабарнигор Болот Темиров ихроҷ ва ҳамсару ҳамкорони собиқаш ҳабс шуданд. Хабаргузории “Клооп” баста шуд. Расонаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон бо дигар навъи фишорҳо рӯбарӯ ҳастанд, озодии раҳпаймоӣ ҳам вуҷуд надорад. Воқеан ҳам Қирғизистон на ба он самте пеш меравад, ки ҳамаи мо дидан мехоҳем.

Ба назари ман, ҳукумат бояд бифаҳмад, ки ин чиз обрӯи ин кишварро мебарад. Қирғизистон бо озодиҳову демократияи худ фарқ мекард. Созмони Human Rights Watch, ки ман пештар он ҷо кор мекардам, дафтарашро дар Бишкек боз карда буд, на дар дигар кишвари Осиёи Марказӣ. Ман мехостам, ки ҳамин қазияи ман ҳукумати Қирғизистонро водор бикунад, то дар бораи ҳамин тамоюл бори дигар биандешад, чунки ман донишҷӯёнеро ба ин барномаҳо ҷалб мекунам, ки баъдан ба тарафдорони Осиёи Марказӣ табдил мешаванд.

Донишҷӯёне, ки пештар, солҳои 2022 ва 2024 оварда будам, баъзеашон дар созмонҳои бонуфузи вобаста ба Осиёи Марказӣ мақомҳои баландеро соҳиб шуданд. Ҳамаи ин ба шарофати он буд, ки онҳо имкони мулоқоту гуфтугӯи рӯбарӯ бо донишмандону муҳаққиқон, коршиносон, сиёсатмадорону мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандиро доштанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG