Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист дар додгоҳ: Чӣ бояд кард?


Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Дар як мизигирд дар Душанбе роҳҳои худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон чигуна ҳимоят кардани хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ баррасӣ шудааст.

Дар Душанбе нахустин мизи гирде дар мавзӯи “Мурофиаҳои додгоҳии расонаҳо. Чӣ тавр волоияти қонунро бояд таъмин кард?” бо ширкати намояндагони мақомот, расонаҳо, вакилони дифоъ ва коршиносон барпо шуд. Мизи гирд бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони «Артикл 19» баргузор шуда, пуштибонии молиявии онро вазорати корҳои хориҷии Норвегия ба зимма дошт.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна мизигирдҳо дар оянда низ ташкил мешаванд, то барои омода кардани як қатор тавсияҳо ба мақомот дар амри беҳбуди фазои ҳуқуқӣ барои фаъолияти расонаҳо бошад. Ба қавли ӯ, дар мурофиаҳои додгоҳӣ бо иштироки расонаҳо меъёрҳои байнулмилалӣ ба назар гирифта намешаванд, ҳол он ки дар Сарқонуни Тоҷикистон ин нуктаро зикр кардаанд, агар қонунгузории миллӣ дар ин ё он маврид таърифе надорад, бояд ба қонунгузории миллӣ истинод шавад.

Аз Нуриддин Қаршибоев нахуст суол мекунем, ки оё дар кадом мурофиаҳо бояд дар баробари қонунгузории миллӣ қонунгузории байнулмилалӣ бояд муроот мешуд?

- Масалан, мурофиаи “Азия – плюс” ва зиёиён. Ҳарчанд тамоми созмонҳои байнулмилалӣ бо як овоз мегирифтанд, ки иқтибос овардан аз Владимир Ленин хато нест ва барои ин расона набояд ба интеллигенсияи Тоҷикистон зарари маънавиро ҷуброн кунад, додгоҳ ин қарорро баровард. Дар марҳалаи кассатсионӣ низ ин қарор бетағйир монд. Ҳамин гуна мурофиаҳо зиёданд, ки меъёрҳои татбиқи қонунгузорӣ дар самти озодии байн ба назар гирифта намегаванд.

- Мушаххасан, кадом мавридро метавонед мисол оред, ки қонунгузории миллӣ муроот шуда ва қонунгузории байнулмилалӣ нашудааст? Ва чаро додгоҳҳои Тоҷикистон бояд ба ин қонунҳо худро мутобиқ кунанд, зеро на як бору ду бор роҳбарон иброз доштаанд, ки менталитети мардуми ин кишвар дигар аст?

- Мутаассифона, дар қонунгузории миллӣ, ҳатто зерсанадҳои ҳуқуқӣ истинод ба моддаи 30 – и Сарқонуни Тоҷикистон ҳаст, аммо истинод ба моддаи 19 – и Аҳдномаи байнулмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандиву сиёсӣ нест. Аммо мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон вақте парвандаҳо баррасӣ мешаванд, инро ба назар намегиранд ва ҳатто дар ҳалномаҳои додгоҳӣ ҳам инро умуман ба хотир намеоранд. Агар мо узви ҷомиаи байнулмилалӣ ҳастем, бояд аҳдномаю меъёрҳои байнулмилалиро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, бояд риоя кунем.

- Агар қазияи АП ва зиёиёнро гирем. Ин ҷо чӣ ишколе ҳаст? Аз суханони рӯзноманигор зиёиён ранҷиданд ва ӯро ба додгоҳ доданд. Чӣ мушкил аст ин ҷо?

- Аввал. “Азия – Плюс” ва Олга Тутубалинаро барои овардани иқтибос ҷарима бастанд. Дуввум. Ин назари шахсии Олга Тутубалина буд, факт вуҷуд надошт. Тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ, барои ибрози ақида набояд шахс мавриди таъқиб ва пайгирӣ қарор гирад. Сеюм. Ягона шахсе, ки метавонист аз Олга Тутубалина шикоят барад, Бозор Собир буд. Матлаб ба бозгашти ӯ ба Душанбе рабт дошт, на каси дигар. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон ва бақия даъвогаронро ҳеҷ кас, бахусус Оинномаи созмонҳояшон, ваколатдор накардааст, ки аз номи тамоми зиёиёни тоҷик ҳамчун даъвогар дар додгоҳ баромад кунад.

XS
SM
MD
LG