Як мунаққиди тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистонро дар Русия ба 21 сол зиндон маҳкум карда, ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ додаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" ва раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар хориҷа, рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи низомии Маскав дар ғайбаш содир шуда, ба барнома ва суҳбатҳои ӯ дар бораи ҷанги Русия дар Украина пайванд дорад. "Мақомоти Русия гузориш ва хабарҳои "Ислоҳ"-ро ба зидди сиёсати кишвари худ донистаанд," – афзуд ӯ.
Ёфтаҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки ҳукми Муҳаммадиқболи Садриддин ҳанӯз моҳи апрели соли 2026 содир шуда, то кунун дар расонаҳо бозтоб надоштааст. Худи ӯ мегӯяд, нав аз эълони ҳукм хабардор шуд.
Кумитаи тафтишотии Русия пештар дар баёнияе гуфтааст, Муҳаммадиқболи Садриддин дар солҳои 2022-2026 дар Ютуб наворҳое гузоштааст, ки "дорои маълумоти зидди Федератсияи Русия, шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатии он буданд."
Ҷониби Русия иддао кардааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҷумла моҳи ноябри соли 2022 дар саҳифааш дар Ютуб видеое нашр кард, ки "дар он зери номи маълумоти боварбахш иттилои дурӯғ дар бораи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷой дода шудааст."
Ҳарчанд мақомоти Русия ошкоро нагуфтаанд, эҳтимол ин барномаест, ки дар он Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, созмони дигари мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар пойгоҳи “Ислоҳ” нақл кардааст, ки чӣ гуна низомиёни Русия шаҳрвандони одиро дар Украина мекушанд. Гадоев дар тақрибан панҷ соли ҷанги Русия дар Украина чанд дафъа аз он кишвар боздид кардааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, бино ба ҳукми додгоҳ, Муҳаммадиқболи Садриддин ба пардохти чорсад ҳазор рубл, муодили беш аз панҷ ҳазор доллар низ вазифадор шуда, баъд аз адои муҳлати ҷазо чаҳор сол аз ҳаққи идора кардани саҳифаҳо дар интернет маҳрум хоҳад буд. Чизе, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо он розӣ нест ва ҳукми додгоҳи Русияро сохтаву бофта ва талоше барои "тарсондани муҳоҷирон" медонад, то бо мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла худи ӯ дар тамос набошанд.
Дар як соли охир ин дувумин намояндаи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа аст, ки Русия барои изҳори назарҳояшон дар бораи ҷанг дар Украина ғоибона ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Пештар Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро барои паҳн кардани хабарҳои гуё дурӯғ дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар дар Украина ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ҳарчанд Гадоев онро нодуруст шуморид ва алайҳи он шикоят бурд, додгоҳ ҳукмро бетайғир гузошт.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар гузашта узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд, соли 2025 аз он берун шуд ва ҷунбиши нави ислоҳотхоҳонро таъсис дод. Мақомоти Тоҷикистон сафҳаҳои марбут ба ӯро мамнуъ ва ифротӣ дониста, ба зидди худаш бо иттиҳоми тундгароӣ парванда боз кардаанд. Худаш ин айбномаро рад мекунад.
Гуфтугӯ