Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҷавонони тоҷик мехоҳанд додситону додрас шаванд?


Посух ба ин суол, ки чаро бисёриҳо мехоҳанд додситон ё додгустар шаванд, кори мушкил нест - қудрат, обрӯ нуфуз ва шояд зиндагии беҳтар аз дигарон. Бо ин орзӯ бисёр ҷавонон ба факултаҳои ҳуқуқшиносӣ дохил мешаванд. Ин орзӯҳои онҳо ҳоло таварруми ҳуқуқдонҳоро дар бозори меҳнат ба бор овардааст.

Бо назардошти ин, ҳоло маблағгузорӣ барои омода намудани мутахассисони риштаҳои сердаромад дар будҷаи Тоҷикистон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Мақомот мегӯянд, кишвар аз ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ дида, ба муҳандису энертегик бештар ниёз дорад.

Коршиносон мегӯянд, интихоби касб ва қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо бидуни омӯзиши талаботи бозор сурат мегирад ва агар ин вазъият идома ёбад, шумори дипломдорони бекор дар кишвар боз ҳам бештар мешавад.

"Боғбоне бо дипломи ҳуқуқшинос"

Ҳотам Зарипов ду соли пеш донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кард. Ӯ дар пайи орзуи деринааш мегашт ва худро хаёлан садҳо бор дар толори додгоҳ дар нақши додрас тасаввур мекард. Ӯ соли 2016 факултаи ҳуқуқро хатм кард ва ду сол талош кард то ба тани орзӯяш ҷомаи амал пӯшонад. Аммо нашуд. Билохира каланд ба даст гирифт ва боғбон шуд.

Феълан дар Тоҷикистон 39 муассисаи таҳсилоти олӣ мутахассис омода мекунанд, ки дар онҳо ҳудуди 190 ҳазор донишҷӯ машғули таҳсил аст.

Дар қатори қаҳрамони мо ҳамасола донишгоҳҳои Тоҷикистонро наздики 1,5 ҳазор нафар бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм мекунанд ва на ҳамаи онҳо метавонанд аз рӯи ин ришта ҷойи кори муносиб пайдо кунанд. Аммо дертар фаҳмиданд, ки бозори меҳнат ниёзманди ихтисосҳои дигар будааст.

Ҳотам Зарипов, сокини 25-солаи шаҳри Исфара мегӯяд, аз рӯи ҳисобҳои худаш, волидонаш барои таҳсили ӯ дар давоми панҷ сол ҳудудан 90 ҳазор сомонӣ сарф карданд. Зарипов аз касби хондааш пушаймон нест, аммо афсӯс мехӯрад, ки наметавонад дониши андӯхтаашро дар амал татбиқ кунад. Ба ӯ дар як идора ба 800 сомонӣ кор пешниҳод карданд. Аммо қабул накард. "Магар бо 800 сомонӣ мешавад зиндагӣ кард"- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Даромади солонаи хонаводаи Зарипов аз боғбонӣ ҳудуди панҷ ҳазор доллар аст. Ҳоло Ҳотам Зарипов мехоҳад каме пул пасандоз кунад ва соҳибкори мустақил шавад.

"Будҷа барои касбҳои престиж дигар пул намедиҳад"

Баҳси касбҳои “престиж” ё бо эътибор тоза нест ва танқидҳои зиёд ҳам садо медиҳанд, ки бонкир, ҳуқуқшинос ва дипломат шудан то ҳол орзӯи қисми бештари ҷавонон боқӣ мондааст. Ҳарчанд садҳо ҷавон баъди хатми ихтисосҳои ба қавле "равғанӣ" бе ҷойи кор мемонанд, аммо ҳамоно теъдоди довталабони таҳсил дар ин риштаҳо ба гуфтаи мақомот кам намешавад.

Мақомот мегӯянд, иқтисоди кишвар ба ҳуқуқшинос ва дипломату бонкир бисёр ниёз надорад. Ончӣ бозор талаб мекунад, муҳандису меъмор, мутахасиси технологияҳои нав, иқтисоддон, муҳандиси соҳаи обу энержӣ, духтури сатҳи баланд ва касбҳои монанд ба ин аст, ки иқтисодро пеш мебаранд. Ба қавли масъулин, баъд аз як интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар се соли ахир ҷойҳои буҷавӣ барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодчӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Таваккал Маликов, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, ҷойҳои будҷавӣ барои донишҷӯён бо назардошти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва талаботи бозори меҳнат дар доираи барномаи давлатӣ муайян карда мешавад.

Ҷаноби Маликов рӯзи 20-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо кӯшиш дорем, ки ҷойҳои буҷетиро асосан дар самти техникию технологӣ ва тиббӣ зиёд кунем. Доираи ихтисосҳои иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос ба дараҷае маҳдуд шудааст, ки мо қариб барои ин ихтисосҳо ҷойҳои будҷавӣ пешниҳод намекунем. Ҷойҳо дар самти илмҳои техникию технологияро мо зиёд карданӣ ҳастем."

Таваккал Маликов гуфт, ҳоло бештар аз 90 дарсади донишҷӯёни риштаҳои ҳуқуқ ва иқтисодчӣ ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд ва танҳо маблағи камтар аз 10 дарсади онҳоро будҷа медиҳад.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Вазорати маориф ва илм гуфт, донишгоҳҳои Тоҷикистон барои ба даст овардани маблағ талош мекунанд донишҷӯёни зиёдеро ҷалб кунанд. Дар ҳоле, ки ба қавли ин масъули Вазорати маориф, пеш аз қабули донишҷӯ бояд андеша кард, ки ӯ дар оянда бо риштаи таҳсилкардааш метавонад ҷойи кор пайдо кунад.

Коршинос: "Мо геолог надорем"

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки зиндагии хуби кормандони соҳаи ҳуқуқ, хонаҳои зебо ва мошинҳои гаронбаҳои онҳо ҷавононро ба сӯи ин касбҳо мекашад, ҳарчанд бисёри онҳо дарк мекунанд, ки ин ҳама бо роҳи қонунӣ дастрас намешавад. Ба гуфтаи ин коршиносон, бадтарин тамоюл ин аст, ки зеҳни насли ҷавон аз ҳоло барои ёфтани пули бедарди миён омода мешавад.

Мутахассисони бозори меҳнат мегӯянд, раванди ба "тиҷорат" табдил ёфтани таҳсилоти олӣ дар кишвар бояд боздошта шавад. Чун ба қавли онҳо, ҳоло аксари донишгоҳҳои Тоҷикистон талош доранд на аз рӯи талаботи бозори меҳнат, балки аз рӯи иштиёқи довталабон риштаҳои таҳсилро пешниҳод кунанд ва парвое надоранд, ки донишҷӯёни онҳо дар ниҳоят ҷойи кор пайдо мекунанд ё не.

Қаюм Ҳасанов, ки 15 соли ахир бозори меҳнати Тоҷикистонро меомӯзад, мегӯяд, ҳуқуқшинос ва иқтисодчӣ барои иқтисоди Тоҷикистон бештар аз талаботи бозори меҳнат вуҷуд дорад ва ин вазъ худи ҷавононро дар дарёфти кор ба мушкил дучор мекунад.

"Ҷавонони мо дар 10-15 соли ахир зиёд талош карданд дар соҳаҳои ҳуқуқ, иқтисод, дипломат ва ё иқтисоди ҷаҳонӣ таҳсил кунанд. Дар ниҳоят ҳоло дар Тоҷикистон хатмкардаҳои ин ришта чунон зиёданд, ки дар бозори меҳнат барояшон ҷойи кори муносиб пайдо намешавад. Ин кор ду паҳлӯи манфӣ дорад, ҳам иқтисод аз кадрҳои зарурӣ маҳрум мешавад, ҳам худи ҷавонон наметавонанд ҷойи кор пайдо кунанд."

Ин мутахассиси тоҷик барои мисол гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи геология намерасад, вале ҷавонон майли чандоне ба ин касб надоранд.

Феълан дар Тоҷикистон 39 муассисаи таҳсилоти олӣ мутахассис омода мекунанд, ки дар онҳо ҳудуди 190 ҳазор донишҷӯ машғули таҳсил аст.

XS
SM
MD
LG