Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон дар Тоҷикистон ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон

30 марти соли 2025, шаҳри Хуҷанд
30 марти соли 2025, шаҳри Хуҷанд

Дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин идҳои мусалмонон - Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Сокинон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон гуфтанд, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳои эълоншуда, дар баъзе маҳаллаҳо кӯдакон ба хонаҳои сокинон рафта ҳадя гирифтанд.

Се сол пеш мақомоти тоҷик идгардакро манъ кардаанд ва аз падару модарон хостанд, ки фарзандонашонро ба нагузоранд дар ин маърака иштирок кунанд, вале ин маҳдудият барои бисёр сокинон, ки идро як мояи шодии кӯдакон меноманд, хуш наомад.

Соати панҷи субҳи рӯзи 6-уми июн ҳазорон сокини Тоҷикистон сӯи масҷидҳо шитофтанд, то намози Иди Қурбонро гузоранд. Иди имсола бо гармои то 36-дараҷаӣ рост омад. Аз сӯе маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор фаровон аст, вале бо нархҳои гарон пешниҳод мешавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикиаш ба муносибати фарорасии ид рӯзи 5 июн сокинонро ба сарфаҷӯӣ даъват кард.

Нигористон аз таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон ва гӯшаҳои ҷаҳон

Мақбараи рӯҳонии шиамазҳаби қарни 12 Абдулқодири Ҷилонӣ. Бағдод, Ироқ, 6 июн
1/15 Мақбараи рӯҳонии шиамазҳаби қарни 12 Абдулқодири Ҷилонӣ. Бағдод, Ироқ, 6 июн
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Занони намозгузор дар мақбараи рӯҳонии шиамазҳаби қарни 12 Абдулқодири Ҷилонӣ. Бағдод, Ироқ, 6 июн
2/15 Занони намозгузор дар мақбараи рӯҳонии шиамазҳаби қарни 12 Абдулқодири Ҷилонӣ. Бағдод, Ироқ, 6 июн
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
 Идгардаки кӯдакони тоҷик. Дар Тоҷикистон  баргузории идгардаки кӯдакон иҷоза нест, вале бисёр хонаводаҳо бовар доранд, ки  ин маросиме, ки соле як бор барпо мешавад ва як шодии дастаҷамъии атфол аст, набояд аз онҳо гирифта шавад
3/15 Идгардаки кӯдакони тоҷик. Дар Тоҷикистон баргузории идгардаки кӯдакон иҷоза нест, вале бисёр хонаводаҳо бовар доранд, ки ин маросиме, ки соле як бор барпо мешавад ва як шодии дастаҷамъии атфол аст, набояд аз онҳо гирифта шавад
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
4/15
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Дар ин рӯз ба кӯдакон ширинӣ, ҳадяҳои хурд, тухми ҷӯшонидашуда ва дигар хӯришҳо медиҳанд
5/15 Дар ин рӯз ба кӯдакон ширинӣ, ҳадяҳои хурд, тухми ҷӯшонидашуда ва дигар хӯришҳо медиҳанд
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
6/15
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
7/15
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
8/15
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Санъо, Яман. Марде субҳи 6 июн ба зиёрати қабри гузаштагон омадааст
9/15 Санъо, Яман. Марде субҳи 6 июн ба зиёрати қабри гузаштагон омадааст
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Намози Иди Қурбон дар Найробӣ. 6 июн
10/15 Намози Иди Қурбон дар Найробӣ. 6 июн
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Намози ид дар деҳаи Абусири Миср. 6 июн
11/15 Намози ид дар деҳаи Абусири Миср. 6 июн
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Иди Қурбон дар Маскав
12/15 Иди Қурбон дар Маскав
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Намози иди сокинони шаҳри Дайр ал-Балаҳи Ғазза дар овори масҷиди тахрибшуда дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил. 6 июн, Ғазза
13/15 Намози иди сокинони шаҳри Дайр ал-Балаҳи Ғазза дар овори масҷиди тахрибшуда дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил. 6 июн, Ғазза
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Қирғизистон, 6 июн. Президент Содир Ҷабборов дар намози ид иштирок мекунад
14/15 Қирғизистон, 6 июн. Президент Содир Ҷабборов дар намози ид иштирок мекунад
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
15/15
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
пешина
баъдӣ

Панҷ ҳазор километр дуртар аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ ҷараён дорад. Имсол ҳафт ҳазор тоҷикистонӣ дар баробари як миллион мусулмонони ҷаҳон барои адои Ҳаҷи фарзӣ рафтаанд.

Зиёрати Каъба дар рӯзи Иди Қурбон яке аз фароизи дини ислом аст, ки мусулмонон агар тавон доштанд, анҷом медиҳанд. Нархи сафару зиёрат аз Тоҷикистон имсол шаш ҳазор доллар буд.

Ҷашнгирии Иди Қурбон дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Дар дигар гӯшаи дунё - дар Ғазза сокинон нимгурусна ва зери ҳамлаҳои Исроил низ ид карданд. Созмонҳои байналмилалӣ Ғаззаро ҳоло ба дӯзахи рӯи замин ташбеҳ мекунанд, ки аз осмон бар сари сокинонаш тиру мушак меборад ва мардумаш ба ғизо ва оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди аслии мусулмонон аст, ки новобаста ба равияҳои гуногуни мазҳабӣ, онро дар ҳама кишварҳои мусалмоннишин таҷлил мекунанд.



Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG