Президенти Амрико Доналд Трамп мегӯяд, расидан ба созиш дар бораи хатми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон осон аст, аммо ду душмани дерина ҳамлаҳои навро оғоз кардаанд. Дар як вақт Ҳусиҳои Яман ҳам, ки аз ҳимояи Эрон бархӯрдоранд, эълон карданд, ки ба сӯи Исроил мушак партоб кардаанд.
Доналд Трамп 15-уми июн дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, Амрико дар ҳамлаҳои ахири Исроил ба Эрон даст надорад. Трамп ба Теҳрон ҳушдор дод, ки ба ҳамагуна ҳамла ба манофеи Амрико посухи сахт хоҳанд дод.
"Агар Эрон ба ҳар шакле ба мо ҳамла кунад, қудрат ва нерӯи артиши Амрикоро ба таври бесобиқа болои саратон мебинед,"-навиштааст Трамп.
Дар айни ҳол президенти Амрико таъкид кардааст, ки "метавонем Исроил ва Эронро ба созиш расонем ва ба ин даргирии хунин поён диҳем." Вале Доналд Трамп мушаххас нагуфтааст, ки ин созиш бо кадом роҳ метавонад ҳосил шавад.
Рӯзи 14-уми июн Вазорати корҳои хориҷии Уммон эълон кард, ки даври нави музокироти Вашингтон ва Теҳрон бар сари барномаи ҳастаии Эрон баргузор намешавад. Ин музокирот қарор буд, 15-уми июн дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон баргузор шавад. Баъди ҳамлаи Исроил ба Эрон дар таърихи 13-уми июн, Теҳрон идомаи музокирот бо Амрикоро бемаъно хонд.
Афзоиши шумораи қурбониён дар Исроил ва хомӯшии Теҳрон
Мақомоти Исроил эълон карданд, ки шумораи қурбониёни ҳамлаҳои мушакии Эрон ба 13 тан расидааст. Эрон омори ахири талафот дар пайи ҳамлаҳои Исроилро эълон накардааст.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, субҳи 15-уми июн баъди бархӯрди мушаки эронӣ ба як бинои маскунӣ дар шаҳри Бат-Ям дар наздикии Тел Авив, шаш тан, азҷумла ду кӯдак кушта шудаанд. Пулиси Исроил эълом кард, ки ҷустуҷӯи ҳафт сокини дигари ин бино идома дорад.
Пеш аз ин расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки чор нафар дар шаҳри аксаран арабнишини Тамра, дар наздикии Ҳайфо кушта шудаанд. Қурбониён модаре бо духтараш ва як хешованди онҳо буданд.
Тибқи оморҳои ахир, шумораи маҷруҳон танҳо дар шаҳри Реховот ва Бат-Ям ба 213 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Эрон чанд кас кушта шудааст. Муҳаммадризо Зафарқандӣ, вазири беҳдошти Эрон бидуни овардани омори мушаххас танҳо гуфт, "теъдоди зиёде" аз маҷруҳон ва кушташудагон дар ҳамлаҳои Исроил, зан ва кӯдак ҳастанд. Вазир ҳамчунин иддао кард, ки "бештар"-и кушташудагон ва маҷруҳон "шаҳрвандони ғайринизомӣ ва мулкӣ" ҳастанд.
Пештар як дипломати эронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил 78 нафар кушта ва беш аз 320 тани дигар захмӣ шудаанд. Телевизиони давлатии Эрон 14 июн иттилоъ дод, ки ҳудуди 60 нафар, ба шумули 20 кӯдак дар пайи зарбаҳои Исроил ба яке аз маҷмааҳои истиқоматӣ дар Теҳрон, кушта шуданд. Омори ахири талафот дар Эрон феълан дастрас нест.
Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, ки шаби шанбе ба якшанбе мавҷи ҷадиди ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ба хоки Исроил анҷом шуд. Исроил ҳам эълон кард, ки мушакҳои шилликшуда аз сӯи Эронро раҳгирӣ кардааст.
Артиши Исроил шаби 15-уми июн аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки ба манотиқи амн бираванд ва танҳо баъди анҷоми ҳамлаҳои Эрон ба сокинон иҷозаи хуруҷ аз паноҳгоҳҳо дода шуд. Хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст, ки шаби 15-уми июн бонги хатар дар шаҳри Ҳайфо ба садо даромад. Шоҳидони айнӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки чанд мушакро дар осмони Байтулмуқаддас ҳам мушоҳида кардаанд. Ба гузориши хабаргузории Ассошиейтед Пресс, садои инфиҷор дар осмони чанд минтақаи дигари Исроил ҳам шунида шуд.
Дар ҳамин ҳол шаби 15-уми июн манотиқи мухталиф дар шаҳри Теҳрон низ ҳадафи ҳамлаҳои Исроил қарор гирифтанд. Расонаҳои Эрон хабар додаанд, ки дар анбори нафти Шеҳрон дар ғарби Теҳрон сӯхтор сар задааст.
Хабаргузории Форс, наздик ба Сипоҳи посдорон навишт, ки анбори нафти Шеҳрон ва ҳамчунин як анбори маводи сӯхт дар ҷануби Теҳрон ҳадафи ҳамлаи Исроил қарор гирифтааст. Дар бораи хисороти эҳтимолӣ гузорише нашр нашудааст. Бар асоси акс ва наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сӯхтор дар анбори нафти Шеҳрон субҳи якшанбе ҳамчунон идома дорад. Дар наворҳо дуди баланд бар фарози пойтахти Эрон дида мешавад.
Ахиран артиши Исроил эълом кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар ба чанд макони марбут ба барномаи ҳастаии Эрон зарба задаанд. Азҷумла ба иттилои артиши Исроил, бинои Вазорати дифои Эрон ва ҳамчунин "дафтари пружаҳои ҳастаии Сипанд" мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Гузориши рӯзномаи “Шарқ” ва ҳамчунин наворҳои пахшшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки субҳи 15-уми июн таркиши сахте дар шаҳри Караҷ рух додааст. Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса феълан маълум нест.
Хабаргузории Ассошиейтед Пресс, аз нигаронӣ ва "изтироб"-и сокинони шаҳри Тел-Авив аз посухи интиқомҷӯёнаи Эрон дар рӯзи шанбе гузориш дод. Рӯзи 13-уми июн дар ҳамлаҳои Эрон ба Тел-Авив, се кас кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Дар ин ҳамлаҳо чанд сохтмон ва мошин ҳам осеб дид.
"Ассошиейтед Пресс" ба нақл аз гузоришгарони худ дар Исроил навиштааст, рӯзи 14-уми июн бархилофи маъмул, аксари фурӯшгоҳ ва тарабхонаҳои Тел-Авив баста буданд ва одамон низ дар боғҳои истироҳатӣ камтар дида мешуданд. "АП" менависад, аксари сокинони Тел-Авив талош мекунанд дар наздикии паноҳгоҳҳо бимонанд.
Даргирӣ миёни Тел-Авив ва Теҳрон субҳи 13-уми июн ва бо ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон оғоз шуд. Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорон ва чанд донишманди ҳастаӣ кушта шуданд. Ин ҳамлаҳо Ховари Миёнаро ба остонаи ҷанги тамоман аёр тела додааст.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Раҳбарони ҷаҳонӣ ҳам хушунатро маҳкум карданд ва хостори хештандорӣ шудаанд.