Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифротӣ ё ислоҳотгар? Мухолифини ҳукумати Тоҷикистон кистанд?


Тазоҳуроти гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин. 29 сентябри соли 2023.
Тазоҳуроти гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин. 29 сентябри соли 2023.

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар хориҷ фаъоланд ва ҳадафи расидан ба қудратро доранд, дар дохили кишвар ҷузъе аз низоми сиёсӣ намедонанд.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, як ниҳоди вобаста ба раёсатҷумҳурӣ гуфт, дар доираи тарҳи стратегии "Амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ", ин гурӯҳҳо хатаре ба суботи Тоҷикистон дониста мешаванд. Баъзе аз намояндагони мухолифин гуфтанд, тасвири мақомот дуруст нест, чун дар пайи ислоҳоти сиёсӣ бо роҳҳои осоиштаанд.

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Низоми сиёсии Тоҷикистон меъёрҳо ва талаботи ҳуқуқиро дар шакли санад барои ҷомеа пешниҳод намудааст. Ҳар ҳаракату ҳизби сиёсие, ки ин арзишҳоро эътироф ва аз онҳо пайравӣ мекунад, дар низоми сиёсии ҷории Тоҷикистон ҷой доранд".

Сайфулло Сафаров, cиёсатшинос.
Сайфулло Сафаров, cиёсатшинос.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ҳаракатҳои мухолифинро дар хориҷа созмонҳои экстремистиву террористӣ дониста, аз саҳнаи сиёсӣ берун кардааст.

Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ ва аз коршиносони ҷонибдори ҳукумат, мегӯяд, "нерӯҳое, ки бо гурӯҳҳои ифротӣ робита доранд, таҳдиди дараҷаи аввал ба амнияти Тоҷикистон шумурда мешаванд".

Ба шинохти Сафаров, "оқибаташ боз ба терроризм мебарад. Онҳо бисёр ҷиддӣ ҳастанд, бо онҳо мубориза бурдан лозим. Онҳоро кофтану ёфтан даркор. Бо инҳое, ки худашонро оппозитсия мегӯянд, ба мисли "Гурӯҳи 24", Паймони милливу дигару дигар, баҳс кардан бефоида аст".

"Талош барои саркӯби мухолифати мусолиматомез"

Аммо Илҳомҷон Ёқубов, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, худу ҳамҳизбонашро узви ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон медонад, ки дар пайи ислоҳоти сиёсӣ бо роҳҳои осоишта ҳастанд.

"Мақомот бо ангезаҳои сиёсӣ моро ба экстремистӣ ва террористӣ, муттаҳам мекунад. Ин як талошест, барои саркӯби ҳар гуна фикри дигар ва боздоштани ҳар гуна мухолифати мусолиматомез. Мо зидди хушунат, мо зидди ифротгароӣ ва ҷонибдории ислоҳоти мусолиматомез ҳастем",-иддао мекунад Ёқубов.

Ифротӣ ё ислоҳотгар? Мухолифини тоҷик кистанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Ҳолланд, мегӯяд, сарфи назар аз саркӯб ва беэътиноӣ, ба муборизаи сиёсии худ идома медиҳад.

"Мо аз ҳукумат ҳеч умеде надорем ва талаб дорем, ки ҳар чӣ зудтар зиндониҳои сиёсиро озод кунад ва ҳама гуна таъқибу фишорҳоро болои озодандешон бас кунад. Дар ғайри ин сурат, тамоми буҳроне, ки ба вуҷуд меояд, минбаъд масъулияташ ба дӯши ҳукумат аст",- мегӯяд ин мухолифи режими сиёсӣ дар Тоҷикистон.

Пас аз ҷангу сулҳ

Пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва созиши сулҳ миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин, муборизаи сиёсӣ умдатан дар дохили Тоҷикистон сурат мегирифт.

Аммо тайи солҳои 2010-2015 бештари созмону нерӯҳои сиёсии фаъол дар дохил ва хориҷи кишвар ифротгаро дониста шуда, фаъолияташон дар дохили кишвар манъ шуд.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманди тоҷики муқими Аврупо.
Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманди тоҷики муқими Аврупо.

Шуморе аз раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ зиндонӣ шуданд. Ниҳодҳои байнулмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро интиқод карда, гуфтанд, ки ин кор саркӯб ва аз майдон дур кардани рақибони сиёсӣ аст.

Дар пайи ин, аксари ин нерӯҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон, умдатан дар кишварҳои аврупоӣ дубора созмону эътилофҳои нави сиёсӣ таъсис доданд, ки иддао доранд режими сиёсӣ дар дохилро тағйир хоҳанд дод. Вале ҳукумат онҳоро чун нерӯи муътадили сиёсӣ намешиносад ва ба ҷойи онҳо дар дохил 5 ҳизби сиёсиро ҳимоят мекунад, ки бо вуҷуди ҳузур дар порлумон, бештар чун "аҳзоби кисагӣ" маъруфанд ва фаъолияти мустақили сиёсӣ надоранд.

"Агар ҷунбишҳо ва шахсони мустақил дар минтақа ба амалҳои сиёсӣ даст назананд, ҳатман ҳукуматҳои авторитарӣ ва ё ҳаракатҳое ба мисли Толибону ДОИШ, ки лаҷомашон дар дасти бегонагон аст, пур хоҳанд кард",-гуфт Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманди тоҷики муқими Аврупо ва ҳузур надоштани мухолифинро дар низоми сиёсии Тоҷикистон хатар донист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG