Як созмони байнулмилалӣ ҳукми зиндони Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро дар Душанбе ба шиддат танқид кардааст.
Рӯзи 19-уми октябр маълум шуд, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи сентябр Бобоевро 17 сол аз озодӣ маҳрум намудааст. Ӯ тобистони имсол бар рағми ҳушдору нигарониҳо аз Олмон ихроҷ шуда буд.
"Ӯро ба ҷое фиристоданд, ки зиндону шиканҷа мунтазираш буд"
Созмони Freedom For Eurasia, қароргоҳаш дар Вена, рӯзи 19-уми октябр дар баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, Асадулло Бобоевро фавран озод карда, дастрасияшро ба вакили мустақил, мулоқот бо аъзои хонавода ва ёрии пизишкӣ таъмин кунанд ва ҷузъиёти парвандаро бармало созанд.
Лайло Нозгул Саидбек, раҳбари созмон, гуфт, “ҳукми содиршуда нисбат ба Асадулло Бобоев натиҷаи мустақими қарори Олмон аст. Вайро ба кишваре фиристоданд, ки зиндону шиканҷа дар мунтазираш буд.”
Ин ҳомии ҳуқуқ афзуд, “кишварҳои аврупоӣ наметавонанд бо баҳонаи мушкилоти ҳуҷҷатгузории иқомат аз масъулият шона холӣ кунанд, вақте гап дар бораи мунтақиди як режими диктотурӣ меравад. Ихроҷи чунин афрод ҳадя ба режими Раҳмон аст.”
Ҳукми ҳабси Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, эътирози баъзе аз мухолифони ҳукуматро дар хориҷа низ ба миён овард. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, яке аз фаъолони мухолифин, 20-уми октябр ҳукми додгоҳро ноодилона ва зидди қонунҳои кишвар хонд.
Ӯ гуфт: “Ҳукмҳое, ки мақомоти Тоҷикистон имрӯз нисбат ба дигарандешон, муборизин ва мухолифин содир мекунанд, танҳо барои тарс додан ва барои огоҳӣ додан ба шахсони дигар аст, ки бояд камбудиҳо, ноадолатиҳо ва худкомагии ҳукуматро ошкор накунанд. Ҳукумати оилавӣ, ҳукумате, ки қуввати таъмини мардумро бо кору нерӯи барқ надорад.”
Кӯшиши мо барои тамос бо намояндагони додгоҳ то ин дам бенатиҷа буд. Ду манбаи огоҳ, ки ному ҷойи корашон ба далели амниятӣ фош намешавад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Асадулло Бобоев бар асоси се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "тундгароӣ ба воситаи интернет", аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Маълум нест, худи ӯ дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва оё барои бознигарии ҳукм муроҷиат кардааст ё не. Аммо қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фақат барои танқиди амалкардҳои ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мухолифони давлат ва суҳбат дар бораи поймол шудани ҳуқуқи мардум дар кишвар ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Бояд ба созмонҳо муроҷиат кунанд"
Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро, ки дар Олмон зиндагӣ мекард, моҳи июли имсол ҳамроҳ бо фарзандаш аз Аврупо берун карданд, ҳарчанд созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳушдор медоданд, ки мумкин аст, ӯро дар Тоҷикистон азобу шиканҷа мунтазир бошад.
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор мегӯяд, дар чанде аз ин ихроҷҳо худи афрод ва ҳам нотифоқии мухолифон сабаб мешавад: “Бисёр аз онҳо то вақте қазияашон барои истирдод баррасӣ намешавад, ба ҳеч созмони ҳуқуқи инсон ва ба мо муроҷиат намекунанд. Вақте як нафар мушкилӣ дорад, бояд ба созмонҳо муроҷиат кунад, будубоши худро қонунӣ кунад, то сабаби истирдодаш нашавад. Онҳоро дар Тоҷикистон ҳукмҳои ноодилона ва муҳлати тӯлонии зиндон интизор аст.”
Хадамоти муҳоҷирати Олмон Асадулло Бобоев ва писари 19-солааш Муҳаммадро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт карда, сипас ба Душанбе фиристодаанд. Мақомоти Тоҷикистон писари Бобоевро баъди расиданаш ба Душанбе ба модарбузургаш супоридаанд. Ҳамсар ва як духтари ӯ дар Аврупо ҳастанд.
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд. Дар гузашта камаш се намояндаи дигари созмонҳои мухолифи ҳукумат - Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев - низ баъди бозпас фиристодан ба Тоҷикистон аз 7 то 10 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин парвандаҳо дар порлумони Олмон низ сарусадо ба миён оварданд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро соли 2018 дар Аврупо таъсис доданд. Ҳадафи созмон бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон гуфта шудааст.
Гуфтугӯ