Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин аҳволро ҳатто ба ҳайвон орзу намекунам"

Тасмими ҳукумати Маҷористон (Венгрия) барои қатъи кӯмаки молӣ ба паноҳҷӯёни украинӣ, даҳҳо гурезаро аз ҷойи зист маҳрум кардааст. Хонаводаи паноҳҷӯён акнун маҷбуранд шаби худро дар хиёбон рӯз кунанд.

Бештар аз як ҳафта мешавад, ки хонаводаи Пап аз вилояти Транскарпатияи Украина ҳамаи корро мекунанд, то 6 кӯдакаш дар хиёбонҳои Будапешт ором хобанду азоб накашанд.

Ева Пап ва кӯдаконаш баъди оғози таҷовузи Русия аз Украина гурехтанд. Чанде пеш ҳукумати Маҷористон додани кӯмакпулӣ барои иҷораро ба онҳо қатъ кард, чун мегӯяд, зодгоҳҳои онҳо ҳоло амн аст.

Видеоро инҷо бинед:

Паноҳҷӯи украинӣ: ин аҳволро ҳатто ба ҳайвон орзу намекунам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Ева Пап мегӯяд, оилаи онҳо аз 9 нафар иборат аст ва онҳо барои зиндагӣ аз як истгоҳи роҳи оҳан ба дигараш мераванд.

“Дар баъзеаш хобидем, аз дигарон пеш карданд, мисли инҷо. Акнун бояд ҷойи дигар биравем. Кӯдаки 7-моҳа дорем ва бо худ мегардонем. Кӯдакам бемор шудааст. Мактаб ҳам сар шуд. Бачаҳо бояд ба мактаб раванд. Рӯзҳои сард мерасанд. Ман ин аҳволро ба ҳеҷ кас, ҳатто ба ҳайвон ҳам орзу намекунам,”-бо алам нақл мекунад ин гуреза.

Ева Пап ва 6 кӯдакаш саъй доранд, дар Истгоҳи роҳи оҳани Будапешт бихобанд.

Магдолна Сезӣ, корманди идораи ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, ин одамон мақоми паноҳҷӯро доранд, барои ҳамин Маҷористон онҳоро қабул кард ва гуфт, ки сарпаноҳ медиҳад. Вале ба гуфтаи Сезӣ, ҳукумат фақат нисфи масъулияташро иҷро кардааст, чун сарпаноҳ намедиҳад. “Аз ин рӯ онҳо метавонанд, дар Маҷористон бимонанд, вале мисли мардуми бехона. “

Баъди қабули қарори нав дар Маҷористон, ҳазорон паноҳҷӯ бехона мондаанд. Ба гуфтаи Созмони Милал ин қарор бахусус аҳволи лӯлитаборони Украинаро бад кардааст, ки дар канораҳои Будапешт зиндагӣ мекарданд. Ҳақ надоранд, тамоми шаб дар истгоҳи роҳи оҳан бимонанд. То замоне, ки созмонҳои хайрия барояшон хона наёбанд, дар кӯчаҳо мехобанд.

Вазъи даҳҳо паноҳҷӯи украинӣ дар Маҷористон

<div>Акс рӯзи 22-юми август дар шаҳри Кочи Маҷористон гирифта шудааст.</div>
1/11
Акс рӯзи 22-юми август дар шаҳри Кочи Маҷористон гирифта шудааст.
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Паноҳҷӯён баъди берун шудан аз хонаҳо зери назорати нигаҳбонҳои маданӣ дар назди истгоҳи автобус хайма заданд.<br />
<br />
&nbsp;
2/11 Паноҳҷӯён баъди берун шудан аз хонаҳо зери назорати нигаҳбонҳои маданӣ дар назди истгоҳи автобус хайма заданд.

 
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Ба оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, дар назди истгоҳ рахти хоб (матрас) тақсим кардаанд.&nbsp;<br />
<br />
&nbsp;
3/11 Ба оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, дар назди истгоҳ рахти хоб (матрас) тақсим кардаанд. 

 
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Тамоми шаб пулис назорат мекард, то кӯдакон ба роҳи мошингард набароянд
4/11 Тамоми шаб пулис назорат мекард, то кӯдакон ба роҳи мошингард набароянд
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Олга Берки бо наберааш аз Бадало (Закарпате) фирор кардааст. Шавҳар ва наздикони дигари ӯ дар Украина мондаанд.
5/11 Олга Берки бо наберааш аз Бадало (Закарпате) фирор кардааст. Шавҳар ва наздикони дигари ӯ дар Украина мондаанд.
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Ҳоло ин ҷо ҷойи зисти Олга ва духтараш Катя шудааст
6/11 Ҳоло ин ҷо ҷойи зисти Олга ва духтараш Катя шудааст
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Аксар паноҳҷӯён аз ҳисоби худ дар хонаҳои иҷора ё манзили хешу дӯстон зиндагӣ мекунанд.
7/11 Аксар паноҳҷӯён аз ҳисоби худ дар хонаҳои иҷора ё манзили хешу дӯстон зиндагӣ мекунанд.
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Созмонҳои иҷтимоӣ ҳушдор медиҳанд, ки қонуни нав метавонад ҳазорон паноҳандаро дар Маҷористон (Венгрия) бесарпаноҳ монад. Аксари онҳо бепулу даромаданд ва то ором шудани вазъ ба Украина ҳам баргаштан намехоҳанд.
8/11 Созмонҳои иҷтимоӣ ҳушдор медиҳанд, ки қонуни нав метавонад ҳазорон паноҳандаро дар Маҷористон (Венгрия) бесарпаноҳ монад. Аксари онҳо бепулу даромаданд ва то ором шудани вазъ ба Украина ҳам баргаштан намехоҳанд.
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Норберт Пал, комиссари ҳукуматӣ бо ҷонибдорӣ аз тасмими нав гуфтааст, &ldquo;онҳое, ки мехостанд дар Маҷористон ба по хезанд, дар ин 2,5 соле, ки ҷанг идома дорад, аллакай ин корро карданд&quot;
9/11 Норберт Пал, комиссари ҳукуматӣ бо ҷонибдорӣ аз тасмими нав гуфтааст, “онҳое, ки мехостанд дар Маҷористон ба по хезанд, дар ин 2,5 соле, ки ҷанг идома дорад, аллакай ин корро карданд"
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Вақте 24-уми феврали соли 2022 нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд, Шӯрои АвруОсиё дастур дод, ки кишварҳои қабулкунанда ба гурезаҳои украинӣ ҳаққи иқомат, дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ ва корро пешниҳод кунанд.
10/11 Вақте 24-уми феврали соли 2022 нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд, Шӯрои АвруОсиё дастур дод, ки кишварҳои қабулкунанда ба гурезаҳои украинӣ ҳаққи иқомат, дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ ва корро пешниҳод кунанд.
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
Дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 4,19 миллион паноҳандаи украинӣ ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 1,2 миллион дар Олмон ва тақрибан миллион нафар дар Лаҳистону 400 ҳазор гурезаи дигар дар Ҷумҳурии Чех аст.&nbsp; &nbsp;
11/11 Дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 4,19 миллион паноҳандаи украинӣ ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 1,2 миллион дар Олмон ва тақрибан миллион нафар дар Лаҳистону 400 ҳазор гурезаи дигар дар Ҷумҳурии Чех аст.   
Даҳҳо паноҳҷӯйи украин, ки аксарият кӯдаконанд, шабро дар як хиёбони Маҷористон (Венгрия) рӯз кардаанд. Онҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар хонаҳое, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд, маҳрум гаштанд.Паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, аз хонаҳо берун карда шуданд. Қарор бештар ба онҳое рабт дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Маҷористон дар ҷанг осеб надидаанд.
Бештар Камтар...
пешина
баъдӣ

Пайдо кардани ҷойи амну покиза барои хобидан дар шаб осон нест. Ба гуфтаи Созмони Милал дар аввал тақрибан 1 миллион украинӣ ба Маҷористон гурехтаанд. Ҳоло 65 ҳазор нафарашон мондаанд.

Ева Пап, паноҳҷӯйи украинӣ мегӯяд, аз ҷанг гурехтаанд. “Ҳама метарсанд, ки бачаҳояшонро, ҳамсаронашро ба ҷанг мебаранд. Ҳоло инҷо ҳастем. Ҳеҷ гоҳ дар ин аҳвол ва дар кӯча набудем.”

Ин оила метарсад, ки агар ба Украина баргарданд, марди хонаро ба артиш мебаранд. Хонаашон ҳам ба гуфтаи худашон вайрон шудааст.

Виктор Орбан
Виктор Орбан

Мушкили паноҳҷӯёни украинӣ дар Маҷористон баъди 21-уми август шуруъ шуд. Дар ин рӯз паноҳҷӯён бо як қарори сарвазири миллигарои Маҷористон, Виктор Орбан, ки рӯзи 21-уми август ба иҷро даромад, аз хонаҳо берун карда шуданд.

Нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан, мунтақиди сиёсати муҳоҷирпазирии Иттиҳоди Аврупо аст ва онро ошкоро танқид мекунаду дар хатти сарҳади кишвараш панҷара кашидааст. Вай ҳамчунин аз Русия ҳимоят мекунад.

Гӯшаҳо
​
XS
SM
MD
LG