Наздики 200 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар зиндонҳои Русия ҳастанд, мумкин аст ба ватан интиқол диҳанд. Ташаббусе, ки ҳамчун иқдоми башардӯстона унвон мешавад, барои бархеҳо имкони дубора дидани наздиконро фароҳам меорад. Барои бархеи дигар ин суолро ба бор меорад: оё зиндонҳои Тоҷикистон имкони қабули ин теъдод зиндониёро доранд ва дар воқеъ пушти ин қарор чӣ нуҳуфта аст.
“Агар духтарамро ба инҷо оваранд, ман метавонад ӯро бубинам”
Қурбонгули 60-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳар рӯз гӯш ба шунидани хабаре дар бораи духтараш аст ва умед дорад, рӯзе ӯро хоҳад дид.
Шаш сол пеш Закияи 28-сола баъд аз талоқ гирифтан бо ду кӯдак танҳо монд. Барои пайдо кардани кор вай ба Русия рафт.
“Ӯро ду ҳамшаҳриаш даъват карданд. Ба вилояти Маскав рафт, дар қаҳвахонае зарфшӯӣ мекард. Онҷо ним сол кор кард, ҳар моҳ каме пул мефиристод”, - гуфт Қурбонгул.
Вай дертар фаҳмид, ки ба сари Закия балое омадааст.
“Ба мо хабар доданд, ки ӯро боздошт, дертар муҳокима кардаанд. 12 сол додаанд. Дар нигаҳдории маводи мухаддир айбдораш кардаанд. Вале ман бовар надорам, ки духтари ман дар ин кор даст дошта бошад. Эҳтимол аз ӯ касе хоҳиш карда бошад, ки халтае ё чизи дигарро ба касе диҳад. Вай зудбовар аст”, - мегӯяд Қурбонгул.
Аз он замон тамосҳо бо Закия амалан канда шудаанд. Қурбонгул имкони ба Русия рафтанро надорад: бо нафақаи андаке вай ду набераашро нигоҳубин мекунад, ки яке 11, дигарӣ 12 сол доранд.
“Чанд дафъа бародарзодаҳоямро, ки дар Русия кор мекунанд, хоҳиш кардам, ба духтарам ба зиндон ғизо баранд, дигар тамом. Ҳеч тамосе надорем”, - нақл кард ин зан.
Саноат Нурматова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Отифа”, ки бо занон – зиндониёни пешин кор мекунад, бовар дорад, тамос бо наздикон барои сиҳатии равонии зиндониён муҳим аст.
“Ҳамаи занҳое, ки аз зиндон раҳо мешаванд, инро муҳим меноманд. Бе тамос одамон дар бештари маврид ба афсурдагӣ гирифтор мешаванд, дар бархе ҳолат ба худкушӣ фикр мекунанд. Муҳити баста ин ҳолатро шиддат медиҳад ва ҷудоӣ аз кӯдакон ба дардовартарин омил табдил мегардад. Агар зан аз кӯдаконаш хабаре надошта бошад, онҳоро набинад ва надонад, ки дар чӣ ҳол ҳастанд, вай “мешиканад””, - гуфт Нурматова.
Қурбонгул умедвор аст, духтараш миёни онҳое хоҳад буд, ки ба зудӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
“Агар ӯро биёранд, ман метавонам ба дидорбиниаш равам, кӯдаконашро ҳам барам”, - мегӯяд Қурбонгул.
“Масъалаи адолат, раҳмдилӣ ва башардӯстӣ”
Хабари эҳтимоли интиқоли занони тоҷикистониро аз зиндонҳои Русия ба зиндонҳои Тоҷикистон Қурбонгул аз ҳамсояҳояш шунидааст.
Сухан аз тақрибан 200 шаҳрванди Тоҷикистон меравад. Омори расмии занони зиндонии тоҷикистонӣ дар Русия дастрас нест, инчунин маълум нест, онҳо бо кадом ҷурм зиндонӣ шудаанд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода хабар дод, ки масъалаи интиқоли зиндониён бори аввал ҳангоми сафари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 садо дода буд. Баъди он мулоқот Москалкова ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, пешниҳод кард, наздики 200 зани тоҷикистонӣ, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, ба Тоҷикистон кӯчонда шаванд. Посух ба нома мусбат буд.
Дертар, моҳи январи имсол, дар ҷаласае дар Вазорати адлияи Русия, Москалкова гуфт, аз занони зиндонӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста нома дарёфт мекунад, ки онҳоро ба давлатҳояшон интиқол диҳанд. Ба гуфтаи вай, раванди интиқоли занон ба далели фарқият дар қонунгузориҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Маркзаӣ ва инчунин баррасии ҳуҷҷатҳо ба дарозо мекашад.
“Занон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ба ман муроҷиат ва хоҳиш мекунанд, ки ба интиқоли наздиконаш аз зиндонҳои Русия ба кишварҳояшон кумак кунам. Мутаассифона, ба далели муҳлати тӯлонии баррасии дархостҳо, мувофиқ набудани қонунҳои миллӣ ва созишномаҳои байналхалқӣ ҳалли ин масъала ба дарозо мекашад”, - гуфт Москалкова.
Ба гуфтаи вай, ин афрод ба иллати печидагиҳо дар тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, надонистани забони русӣ ва монеаҳои ирсоли ҳуҷҷатҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Моҳи апрел дар мусоҳиба бо ТАСС вай дубора ин мавзуъро баррасӣ кард.
“Албатта, ноумедкунанда аст, вақте зане, ки ҷиноят содир кардааст, на танҳо аз ҷомеа, балки аз хонавода, аз зиндагии маъмулии худ маҳрум мешавад. Мо ҳар кадом муроҷиатро ҷиддӣ баррасӣ мекунем ва бояд гуфт, ки дар бештари маврид тасдиқ мешавад, ки зиндониён ба ҳар ҳоле ҷиноят содир кардаанд. Вале дар ҳар сурат бояд масъалаҳои адолат, раҳмдилӣ ва башардӯстиро ба назар гирифт”, - гуфт Москалкова.
Аммо дар амал воқеият дигар аст. Саноат Нурматова, роҳбари созмони “Отифа” ин нуктаро зикр мекунад, ки дар Русия моддаҳое ҳастанд, ки бар асоси онҳо ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, дар ҳоле, ки он моддаҳо дар Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай надоранд. Барои мисол вай ҳодисаеро зикр мекунад, ки тобистони соли 2025 рух додааст. Он замон як зани тоҷикистониро барои бурдани ҳазориспанд ба Русия 8 сол зиндонӣ карданд. Ҳазориспанд дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз зуком ва дигар бемориҳо истифода мешавад. Шуруъ аз соли 2024 дар Русия ҳазориспанд ба рӯйхати растаниҳое ворид шудааст, ки дар таркибашон маводи мухаддир доранд ва нигаҳдорӣ ё истифодаи он ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад.
Дар чунин ҳолатҳо, ба гуфтаи Нурматова, баъди интиқол ёфтан парвандаҳо метавонанд бозбинӣ шаванд ва қисме аз занҳо имкони озод шуданро ба даст оранд.
“Он ҷо танг аст, барои дастшӯӣ навбат мепоянд”
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар нишасти хабарии моҳи феврал инчунин гуфта буд, ки дар кишвар барои ҷобаҷо кардани заноне шароит фароҳам мешавад, ки мумкин аст аз зиндонҳои Русия интиқол ёбанд.
“Барои қабул кардани онҳо мо бояд зиндон омода кунем, то ин ки тавонем онҳоро ҷобаҷо созем”, - гуфт вай.
Чӣ гуна ва дар куҷо занҳоро ҷо мекунанд, ҳоло маълум нест. Як манбаъ аз дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар ягона зиндони махсуси занон дар шаҳри Норак, 470 зан адои ҷазо мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ, ба далели теъдоди зиёди занони зиндонӣ зиндон “бисёр танг ва нафасгир аст”. Ин манбаъ афзуд, “ҳоҷатхонаи берунӣ шароити бад дорад”, ҳамом намерасад ва навбатпойии доимӣ барои дастшӯӣ шароитро барои заноне тоқатфарсо кардааст, ки бе ин ҳам дар вазъи нохушоянде ҳастанд.
Манбаи дигар аз дафтари ваколатдор, ки низ нахост номаш зикр шавад, гуфт, эҳтимоли бештар кардани теъдоди занони зиндонӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Норак сарбории ҷиддӣ хоҳад буд.
“Ҳангоме ки як дастаи занон ба ошхона меравад, ду дастаи дигар дар берун навбатпойӣ мекунанд”, - гуфт ин манбаъ.
Солҳои ахир авфе, ки тавонад, шумори зиндониёро кам кунад, эълон нашудааст. Танҳо моҳи марти соли 2025 президенти Тоҷикистон 895 зиндониро авф кард, онҳо аз идомаи адои ҷазо озод шуданд. Миёни онҳо 87 зан низ буд.
“Ин башардӯстӣ нест. Ин мудирият аст”
Олга Романова, муассис ва мудири ҳаракати “Русь сидяшая” (“Зиндонии рус”) бар ин назар аст, ки ташаббуси ҷониби Русия на раҳмдилӣ ва на башардӯстист.
“Ин мудирият аст. Яъне, он чизе ки ҳоло ҳамчун “интиқоли зиндониён барои идомаи адои ҷазо ба ватанҳояшон” баррасӣ мешавад – идеяи нав нест ва яқинан иқдоми раҳмдилӣ ҳам нест. Ин механизм аз дер боз дар қонунгузории Русия ва созишномаҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) мавҷуд аст. Вале ҳоло мехоҳанд онро аз сари нав муаррифӣ кунанд – ва ин ҳаққу ҳуқуқ нест, балки сиёсат ва низоми идорӣ аст”, - гуфт вай.
Ба бовари вай, Русия бо ин ташаббус чанд масъаларо ҳал хоҳад кард.
“Нахуст зиндонҳоро холӣ мекунад: дар маҳбасҳои Русия даҳҳо ҳазор хориҷӣ, асосан аз Осиёи Марказӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки инҳо дар навбати худ мушкили забонӣ, консулӣ ва ғайра ба бор меоранд, осонтар аст онҳоро “баргардонид”. Дувум, руфтани низом аз “нофорамҳо”: маҳбусони хориҷӣ ҳамеша “мушкили дипломатӣ” ҳастанд, бо интиқоли онҳо Русия шонаҳояшро холӣ мекунад ва вазниниро ба дӯши дигарон мегузорад. Аз ҳамин хотир инро чораи башардӯстона номидан номумкин аст. Ин танҳо як васила аст”, - гуфт Романова.