Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

26 соли истиқлоли Тоҷикистон – аз нигоҳи мардум ва коршиносон. ВИДЕО


26 соли пеш рӯзи 9-уми сентябр нахустин бор Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард.

Мардум дар бораи истиқлол чӣ мегӯянд?

26 соли истиқлоли Тоҷикистон аз нигоҳи мардум
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Ин вазъ бар ивази нақзи ҳуқуқи диниву шаҳрвандии сокинони кишвар ҷорӣ шудааст. Мо аз вазъи орому таъмини амнияти кишвар истиқбол мекунем, вале дар ин росто бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта шавад
Абдумалик Қодиров

Хатми ҷанги дохилӣ ва маҳви ҷангсолорӣ, таҳкими амният ва қисман берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз дастовард ва бекориву муҳоҷирати афзояндаи мардум, камфаъолии корхонаҳои саноатӣ ва маҳдуд шудани фазои сиёсӣ аз чолишҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол унвон мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки дар чанд соли охир ва бахусус баъд аз қабули қонуни “Пешвои миллат”, ки ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмонро дар қудрат доимӣ мекунад, суръати рушди демократия дар кишвар ҳам заиф шуд.

“Истиқлол муфт омад, қадраш накардем?”

Тоҳири Абдуҷаббор
Тоҳири Абдуҷаббор

Як сол қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҳири Абдуҷаббор, вакили порлумони Тоҷикистон, тарҳи Эъломияи истиқлоли кишварро пешниҳод кард. Зери ин санад рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олӣ ва кафили раиси ҷумҳур имзо гузошт. Ҳоло исми ин ду нафар дигар моли таърих шудааст.

Назари президент ва коршиносон дар инҷост:

26 соли истиқлол: Амният аз ҳар чизи дигар авлотар аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Маҳдии Собир, коршиноси тоҷик, рӯзи 9-уми сентябр, гуфт, “Иттиҳоди Шӯравӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин низом буд. Дар замони ҳамапурсӣ дар мавриди бақои Иттиҳоди Шӯравӣ дар баҳори соли 1991 беш аз 90 дарсад раъйи мусбат доданд. Азбаски Тоҷикистон як кишвари ақибмонда буд, пас аз пошхурии Шӯравӣ ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Ҳизбҳои сиёсӣ кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Мақомоти вақти Тоҷикистон ҳатто аз мероси артиши Шӯравӣ даст кашида ва гуфта буданд, ки имкони молии нигаҳдории артишро надоранд.”

Баъдан ҷанги панҷсолаи дохилӣ ин кишварро аз ҳама ҷиҳат барои даҳсолаҳо ба ақиб андохт.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Беҳбуди вазъи амниятӣ ба ивази маҳдудияти озодиҳо?

Таҳлилгарони таърихчаи 26 соли Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз ҷанги дохилӣ ва марҳилаи истиқрори сулҳу барқарории баъдиҷангӣ, соли 2015 яке аз марҳилаҳои сарнавиштсоз барои дурнамои сиёсии ин кишвар шуд. Барои нахустин бор дар интихоботи порлумонӣ созмони умдаи мухолифин – ҳизби наҳзати исломӣ ба маҷлис роҳ наёфт. Тирамоҳи он сол дар пайи ошӯби мусаллаҳона ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ берун шуд ва дар кишвар ҳам мавзӯи амнияту бехатарӣ авлавият пайдо кард.

Соли 2016 дар пайи як раъйпурсии баҳсбарангез ҳузури президент дар қудрат ба ҳайси “Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” якумрӣ шуд. Бисёре аз таҳлилгарон гуфтанд, ки таъмини амнияту суботи кишвар бо баҳои маҳдудиятҳо дар озодиҳои сиёсӣ, динӣ ва озодии баён ба даст омадааст.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил мегӯяд, “ин вазъ бар ивази нақзи ҳуқуқи диниву шаҳрвандии сокинони кишвар ҷорӣ шудааст. Мо аз вазъи орому таъмини амнияти кишвар истиқбол мекунем, вале дар ин росто бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта шавад”.

Бо ин вуҷуд, бисёре сокинони Тоҷикистон аз фалсафаи “як бурда нон дар кишвари орому осуда беҳтар аз ҷанг аст” ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ чизе наметавонад ҷои сулҳу оромиши кишварро бигирад.

Тоҷикистон ба истиқлоли иқтисодӣ даст наёфт

26 соли охир ва талошҳои ҳукумат барои дастёбӣ ба истиқлоли иқтисодиву энержӣ ҳамоно як ормон боқӣ монд. Танҳо тирамоҳи соли 2016 Душанбе тавонист ба шурӯи сохтмони нирӯгоҳи Роғун шурӯъ кунад, ки дар чанд соли баъдӣ ба таъмини кишвар бо нирӯи барқ қодир хоҳад буд. Бо сабаби бекорӣ 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамасола барои дарёфти кор ба Русия мераванд ва се сол қабл пули фиристодаи муҳоҷирон ба ватан беш 4 миллиард доллар ё 50 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил медод.

Русияву Чин – ду муттафиқи муҳими иқтисодии Тоҷикистон шуданд. Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо ин ду кишвар солона то 60 дарсадро ташкил медиҳад.

Қадриддин Аслонов
Қадриддин Аслонов

Вале таҳлилгарон мегӯянд, ин шарикӣ Тоҷикистонро аз бисёр ҷиҳат, пеш аз ҳама сиёсӣ, вобастаи ин кишварҳо мекунад. “Қарзҳои ҳангуфт метавонад ба тамомияти арзӣ ва амнияти Тоҷикистон таҳдид эҷод кунад. Бахши аслии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз Чин аст. Пӯшида нест, ки Чин бо додани қарзҳои зиёд дар кишварҳои ҷаҳони севум дар Африқо ва Амрикои Лотин дар иқтисоду тамомияти арзии ин кишварҳо хатар ба вуҷуд овардааст. Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи талхи ин кишварҳо сабақ гирифта, қабл аз гирифтани қарз имконоти худро барои бозгардондани он ба назар гирад, то пойбанди ин кишвар нашавад.”

Дар 26 соли истиқлол нирӯгоҳҳои нисбатан азими “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, марказҳои гарму барқидиҳии 1 ва 2 дар Душанбе ба кор даромаданд ва нерӯгоҳҳои азиме ба мисли Норак, Қайроққум ва Сарбанд тармиму бозсозӣ шуданд. Бо ин ҳама иқтисод арсаи аслии пурчолиши Тоҷикистон боқӣ монда, кишвар ҳанӯз ҳам содиркунандаи ашёи хом, мисли пахтаву алюминий аст, ки дар бозор нархи собит надорад.

XS
SM
MD
LG