Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саноатӣ кардани иқтисоди Тоҷикистон то куҷо имконпазир аст?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Коршиносон пешниҳоди президенти Тоҷикистонро дар бораи саноатӣ кардани кишвар муҳим арзёбӣ намуданд, вале гуфтанд, иҷрои он саҳлу содда нест. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми моҳи декабри худ ба порлумон саноатӣ кардани иқтисоди Тоҷикистонро ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон кард. То кунун баромадан аз бунбасти иртибототӣ, расидан ба истиқлоли энержӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ се ҳадафи стратегии Тоҷикистон буд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба таври расмӣ кишвари аграрӣ-саноатӣ дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти соли 2018, беш аз 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ҳаҷми саноат бо шумули энергетика ҳоло ба 17 дар сад мерасад.

Агар мехоҳем, корхонаҳои саноатӣ бисозем, ки маҳсулот тавлид кунанд ва дар бозорҳои минтақа ё берунӣ рақобатпазир бошанд, дар ҳоли ҳозир чунин имконот нест.

“Саноатикунонӣ ҳамчун як шиори зебо”

Коршиноси тоҷик Каримҷон Аҳмадов мегӯяд, барои як кишваре, ки иқтисоди пойбанд ба қарзи берунӣ ва тавозуни манфии тиҷоратӣ дорад, рушди саноат бисёр муҳим аст. Вале бар ин назар аст, ки дар қолаби ҳозираи иқтисод амалӣ кардани ин ҳадаф номумкин аст.

“Саноатикунонӣ маънои мавҷудияти як силсила шароитро дорад:

  • иродаи сиёсӣ барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодии бозорӣ;
  • рушди бахши бонкдорӣ бо доштани Бонки марказии мустақил;
  • муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ;
  • тамаркуз ба иқтисоди навоварона.

Мутаассифона, ҳамаи ончи баршумурдем, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад”, - гуфт Каримҷон Аҳмадов рӯзи 16-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Шароити зикршуда ба назари коршинос бисёр муҳим мебошанд, агар гап дар бораи “саноатикунонии нав” ё иқтисоди иҷтимоии навоварона бошад, на саноатикунонӣ бар пояи фаҳмише, ки дар замони Шӯравӣ татбиқ гардид.

Гузаштан ба саноатикунонӣ аз ҷомеаи суннатии аграрӣ, бар асоси навъбандии ҷомеашиносон, дар натиҷаи рушди баланди саноат ва рушди босуръати иқтисод имконпазир мегардад. Барои бароварда сохтани ниёзҳои ҷиддии чунин ҷомеа бояд барои коркарди захираҳои табиии дар ихтиёрдоштааш талоши бештар сурат гирад.

“Ҳадафи эъломшуда қобили дастёбӣ аст”

Ба назари ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи стратегии Русия Дмитрий Попов барои Тоҷикистон зарур аст, ки тавассути саноатикунонӣ ақибмондагиаш аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Қирғизистонро аз байн барад. Ин коршинос бовар дорад, ки қарори ҳукумат дар бораи боло бурдани ҳаҷми саноат дар иқтисод то 22 дар сад қобили дастёбӣ аст, зеро дар соли 1991 ҳаҷми он тақрибан 37 фоизро ташкил медод.

“Заминаҳо барои барқарор кардани истеҳсолот дар ТАЛКО вуҷуд доранд. Агар барномаи бозсозӣ ба таври муваффақ татбиқ шавад, ин корхона метавонад афзоиши қобили таваҷҷуҳе дар рушди истеҳсолоти саноатии кишвар дошта бошад”, - мегӯяд Попов. Коршинос чунин мешуморад, ки содироти барқ ба хориҷ баъд аз бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳамчунин ба боло бурдани ҳаҷми саноат мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳангоми ҷаласаи ҳукумат дар моҳи июли соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дар ним сол дар Тоҷикистон истеҳсоли 22 навъи коркардҳои саноатӣ кам шуда, фаъолияти 107 корханаи саноатӣ қатъ шудааст.

“Бояд ба саноати кишоварзӣ такя кард”

Зулфиқори Исмоилиён, шореҳи иқтисодӣ аз Тоҷикистон андеша дорад, ки барои саноатикунонии куллӣ ва муассири кишвар дар ҳоли ҳозир имконоти фаннӣ мавҷуд нест.

Зулфиқори Исмоилиён
Зулфиқори Исмоилиён

“Мо дар замони Шӯравӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ доштем, ки ҳама аз кор мондаанд. Агар мехоҳем онҳоро дубора зинда кунем, метавонем бо тарзи агросаноатӣ пеш барем. Вале агар мехоҳем, ки корхонаҳои саноатӣ бисозем, ки маҳсулот тавлид кунанду дар бозорҳои минтақа ё берунӣ рақобатпазир бошанд, дар ҳоли ҳозир чунон имконот нест. Имконият дар сурате пайдо мешавад, ки мо бо корхонаҳои бузурги саноатии кишварҳои дигар ҳамкорӣ кунем ва корхонаҳои муштарак созем”, - бовар дорад коршинос.

Бо вуҷуди ин, давраи ҳозир марҳилаи пасосаноатӣ ё марҳилаи иттилоотӣ дониста мешавад, ки аз истеҳсолоти мол ба расонидани хидматҳо табдил мешавад. Талаботи бештар ба мутахассисони баландихтисос ва касбӣ-техникӣ пайдо мешавад ва тасмимҳо бар пояи фанновариҳои иттилоотӣ гирифта мешаванд. Дар чунин шароит ташаббуси саноатӣ карданӣ кишвар суолеро ба миён меорад, ки ин тасмим то куҷо бо доварии вақт мувофиқ аст.

Ба назари Зулфиқори Исмоилиён, барои он ки мо ба талаботи марҳилаи ҳозир посух гуфта битавонем, бояд аз ин марҳила бигзарем ва ҳадди ақал истеҳсолотеро роҳандозӣ кунем, ки барои истеъмоли дохилӣ бошад. “Агар дар ин самт мо пешрафт кунем, шояд дар оянда чунин як потенсиали фикрӣ ба вуҷуд биояд”, - гуфт коршинос.

Маблағ барои саноатикунонӣ

Гузаштан ба саноатикунонӣ масрафҳои бузург ва ҷалби сармояи хориҷӣ мехоҳад. Дар робита ба ин, ҳангоми ироаи паёми худ президент ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъул супориш дод, ки сармояҳои мустақими хориҷиро ҷалб кунанд. Аммо ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон, мисле коршиносон мегӯянд, хеле дардовар ва барои сармоягузорон хатарзо аст.

Дмитрий Попов мегӯяд, “барои мисол, сармоягузорони русиягӣ дар ҷумҳурӣ бо мушкилоте чун набудани пардохт, рушди қарздории дебиторӣ, ҳаҷми баланди андоз, фишорҳои маъмурӣ рӯбарӯ мебошанд. Ба ин мушкилот нерӯгоҳи “Сангтӯда 1”, “Газпром” ва ширкатҳои мухобиротӣ дар сатҳҳои гуногун дучор шудаанд. Дар чунин вазъ тиҷорати байналмилалӣ бо боло рафтани нобоварӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.” Ба андешаи вай, дар ин росто умеди ҳукуматдорони Тоҷикистон ба Чин аст.

Мушкилоти қарз

Дар ҳамин ҳол, коршиносони доираҳои ҳукуматӣ ба амалӣ шудани идеяи саноатикунонӣ бовар доранд ва инро василаи хуби поин бурдани вобастагии иқтисоди кишвар аз маблағҳои муҳоҷирон медонанд. Чунин як андешаро чанде пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон изҳор карда буд.

То куҷо муваффақ шудани саноатикунонии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ бо ин мақсадро вақт нишон медиҳад. Аммо бояд гуфт, мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва фанновариҳои нав Тоҷикистон дар соли 2018 ниме аз саноати кишварро истихроҷи маъдан ва нерӯи барқ ташкил додаанд. Ба дунболи инҳо саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди пахта будааст.

XS
SM
MD
LG