Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯраева: Чаро фақат чормағз болои сари муҳоҷирон шиканад?


Гавҳар Ҷӯраева
Гавҳар Ҷӯраева

Созмони "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" ба раҳбарии Гавҳар Ҷӯраева ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, ки "меъёрҳои" ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз ҳудуди ин кишварро бозбинӣ кунанд.

Созмони "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, ки “меъёрҳои” ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз ҳудуди ин кишварро бозбинӣ кунанд. Ин созмон ба раҳбарии Гавҳар Ҷӯраева бовар дорад, муқаррароте, ки барои ихроҷи муҳоҷирон ҳоло амал мекунад, духӯра буда, ниҳодҳои давлатии он кишвар метавонанд дар мавридҳои лозимӣ онро ҳар навъ тафсир кунанд.

Гавҳар Ҷӯраева дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ин муқаррарот ҳарчанд камбуд аз сӯи муҳоҷири корӣ ва корфармо яксон сар задааст, вале чормағз асосан болои сари муҳоҷирон мешиканад.

Ӯ гуфт, "раванди қонунӣ кардани муҳоҷират як ислоҳи хурдро мехоҳад. Ин ислоҳ ба онҳое тааллуқ дорад, ки “патент” гирифтаанд ва барои ҳаққи иқомати худ пул пардохт кардаанд ва барои корфармое кор мекунанд. Лекин онҳо натавонистаанд аз кордиҳанда қарордоди корӣ бигиранд. Дар чунин шароит киро бояд муҷозот кунанд? Кордиҳандаро ё муҳоҷири кориро, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро барои кор ва иқомат дуруст кардааст ва мехоҳад, қонунӣ кор кунад?"

Муттаассифона, мегӯяд, Гавҳар Ҷӯраева, дар ин ҳолат қонун аз муҳоҷири корӣ ҳимоят намекунад. “Масъалаи дувум ба ҷои иқомати муҳоҷири корӣ рабт мегирад. Муҳоҷир дар ҳуҷҷат як ҷойро нишон медиҳад, вале баъд аз чанд муддат ба ҷои дигар мекӯчад. Мо пешниҳод кардем, ки дар сурати тағйир додани ҷои зист муҳоҷир ҳақ дошта бошад, ки дар ҳуҷҷати иқомат нишонии зисти худро тағйир диҳад,” – афзуд ӯ.

Маркази Сахарово дар Маскав
Маркази Сахарово дар Маскав

Озодӣ: Агар муҳоҷире, ки иҷозаи кор гирифтаасту ҳаққи иқомат низ дорад, вале корфармо қарордоди корӣ набастааст, чӣ кор карда метавонад?

Гавҳар Ҷӯраева: “Вай баъд аз гирифтани патент бояд ҳаққи иқомати қонунии худро барои муддати се моҳ дар назар бигирад. Агар дар ин муддат қарордоди корӣ нагирифт, ин беадолатӣ дар ҳаққи муҳоҷири корист. Маркази муҳоҷират бояд барои ин гуна муҳоҷирон ҷойи кор пешниҳод кунад, ҷойҳое, ки муҳоҷирро бо қарордод ба кор мегиранд. Агар ба муҳоҷир қарордод надиҳанд ва вай ба истилоҳ “ба қапқон афтад”, гуноҳро бар дӯши вай бор мекунанд. Вай муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад. Агар мӯҳлати пешбинишудаи семоҳа тамом шуда бошад, дар он сурат Маркази Сахаров ба муҳоҷир кумак карда наметавонад ва ҳаққи иқомати вайро тамдид намекунанд, балки вай аз қаламрави Русия ронда мешавад. Дар он сурат худи Маркази Сахаров низ аз пули муҳоҷир маҳрум мешавад, чунки муҳоҷир баъд аз ихроҷ дигар молиёт пардохт намекунад.”

Озодӣ: Масалан, агар муҳоҷир дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани патент ва ҳаққи иқомат қарордоди корӣ ёфта натавонист, бояд чӣ кор кунад?

Гавҳар Ҷӯраева: “Агар дар давоми ин муддат кор ва ё қарордоди корӣ наёфт, қонунҳо пешбинӣ мекунанд, ки бояд қаламрави Русияро тарк кунад. Барои он ки натавонист, бахши дувуми вазифаи қонунии худро иҷро кунад, яъне ёфтани ҷои кор ва қарордоди корӣ. Барои ҳамин, муҳоҷир ҳангоми ба кор даромадан набояд барои кор бидуни қарордоди корӣ розӣ шавад.”

Озодӣ: Оё мавридҳои дигаре ҳам ҳаст, ки муҳоҷири соҳиби патентро ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил диҳад?

Гавҳар Ҷӯраева: “Масъалаҳои асосӣ ё калидӣ, қонунӣ кардани иқомат, қарордоди корӣ ва сабти номи муҳоҷир аст. Муттаассифона, онҳое низ ҳастанд, ки ҳатто иқомати қонунӣ доранд, қарордоди корӣ ҳам гирифтаанд, аммо агар кордиҳанда нахоҳад барои сабти ном дар муҳоҷират ё “миграционный учёт” ёрӣ расонад, дар он ҳолат низ муҳоҷирро аз Русия ихроҷ мекунанд. Барои ислоҳи ин ҳолат мо пешниҳод кардаем, то кордиҳанда ҳақ дошта бошад, ки ба коргари худ, яъне аз муҳоҷир барои сабти ном дар шӯъбаҳои муҳоҷират кумак расонад. Агар вай ҳаққи кумак надошта бошад, набояд муҳоҷирро барои панҷ сол аз вуруд ба Русия маҳрум кунанд. Дар он сурат мо пешниҳод кардем, ки беҳтар аст, то муҳоҷир ҷарима пардохт кунад ва корашро идома диҳад.”

XS
SM
MD
LG