Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижа: Худо хоҳад, баъди "Евровидение" ҳам роҳамро давом медиҳам. САДО


Манижа Сангин, Роттердам, 18-уми майи 2021
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" аз Русия намояндагӣ мекунад, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт. Шаҳри соҳилии Роттердами Ҳолланд рӯзи 22-юми май даҳҳо овозхони беҳтарини озмунро дар муқобили ҳам қарор медиҳад. Манижа бо таронаи "Russian Woman" барои бурдани ҷоизаи аввал рақобат хоҳад кард. Ӯ рӯзи 19-уми май дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи эҳсосоташ аз озмун нақл кард.

Манижа: Ман шуморо нағз мебинам
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:39 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Манижа, муборак шавад. Чӣ эҳсос доред?

Манижа Сангин: То ҳол боварам намеояд, ки ин воқеият аст. Мисле, ки дар хобам. Аз аъзои тимам бисёр сипосгузорам, чунки сад дар сад барномаро иҷро карданд ва умед дорам, дар давраи ниҳоӣ низ сад дар сад иҷро мешавад. Вале натиҷаи озмун чӣ мешавад, дигар аз мо вобаста нахоҳад буд. Мо ба тарсу нигаронӣ, фишоре, ки чандин моҳ идома кард, ғолиб омадем ва ба саҳна баромада, аз ҳунарнамоии худ лаззат бурда тавонистем.

Радиои Озодӣ: Мухтасар бигӯед, ки тамоми фикри таҳияи намоишномаи Шумову сару либос, аз дохили курта берун шудаву қолабшиканӣ кардан ба кӣ марбут аст?

Он чи ки маро ташвиш медиҳад, ҳуқуқи мо аст. Масалан, дар ғами онҳое мешавам, ки ҳоло ҳуҷҷат ё шаҳрвандӣ гирифта наметавонанд ва ё дар ҳолате ҳастанд, ки зиндагии комил дошта бошанд, масалан, бо таҳсил фаро гирифта шаванд...
Манижа

Манижа Сангин: Дар тими мо ҳар кас вазифаи худро иҷро мекард, вале идеяи ин ки ман аз дохили курта берун мешавам ва аз пуштам занони рус ва ҳунари занони рус намоиш дода мешавад, ба Ладо Кватания марбут аст. Худи куртаву тарроҳии он, шаклсозии он ба модарам (Наҷиба Усмонова) марбут аст. Даричаеро, ки аз хона боз мешавам, модарам бо як дугонаашон фикр карда баромаданд. Онҳо дар соҳаи муд таҷрибаи зиёд доранд, бо ҳамин сабаб, ҳамроҳ кор карданд. Тарроҳӣ кори модарам буд.

Радиои Озодӣ: Чанд вақт сарф шуд?

Манижа Сангин: Як моҳ, тахминан. Мо куртаро сохтем, муҳандисоне, ки қолаби куртаро эҷод карданд, дар шаҳри Королёв қарор доранд. Мо ба он ҷо рафта, куртаро чен мекардем. Ин як устохонаи бисёр олӣ аст.

Радиои Озодӣ: Ин ҳамон бюрои конструктории маъруфи шаҳри Королёв нест?

Манижа Сангин: Бале, ҳамон аст. Мо ба онҳо муроҷиат карда хостем, ки куртаро рӯйи чархчаҳо ва дар ҳоли ҳаракат бисозанд.

Радиои Озодӣ: Вақте ба саҳна баромадед, ҳаяҷон ё тарс надоштед? Ва ё ба саҳна баромадеду дигар ҳама нигарониҳо тамом шуд?

Манижа Сангин: Дар назари аввал тамоми ҳунарнамоӣ се дақиқа аст, вале барои ман мисли як умр буд. Дар сарам ин қадар фикру хаёли ҳархела гузашт – фикрҳои хуб буд, бад ҳам буд, тарс, айни замон роҳат аз коре, ки мекунам. Ҳар дафъае, ки тамошобинон қарсак мезаданд, зимнан қарсакҳои онҳо зиёд буд, сабук мешудам. Будани тамошобин барои ҳунарманд хеле зарур аст. Онҳо барои рафъи нигарониҳо ёрӣ мекунанд, чунки ту дар саҳна танҳо ҳастӣ, онҳо бошанд хеле зиёданд.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки ғалаба муҳим нест, муҳим расонидани паёми суруд аст. Чаро пирӯзӣ муҳим нест?

Манижа Сангин: Мавқеи ман муайян аст. Ҳеҷ чизе онро иваз карда наметавонад.

Радиои Озодӣ: Ин чӣ мавқеъ аст?

Вақте дар Тоҷикистон таваллуд шуда, меравию дар дилат суннатҳои шарқии худро ҳифз мекунӣ, айни замон як сокини аврупоӣ мешавӣ, ин хеле олӣ аст. Ман аз пуштибонии онҳо хеле шодам.
Манижа

Манижа Сангин: Ҳеҷ ҷой дар озмунҳои мусиқиву Евровидение, ҷоиза ва ё чизи дигар мавқеи маро дигар намекунад. Пеш аз Евровидение ҳам назари ман ин буд ва ҳамингуна мемонад. Бояд ҳақиқатро бигӯям, бо тамошобин ҳақгӯ бошам, бо эҷодкорие машғул бошам, ки ба дигарон илҳом бубахшад, то тағйир ёбанд ва хушбахт шаванд. Барои ман муҳим ин аст, ки садои ман шунида шавад, ин чиз хеле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Яъне, рӯзи 22-юми май, вақте ҳама барои Шумо ҳаводорӣ мекунанд, аслан парво намекунед?

Манижа Сангин: (Механдад) Не, парво намекунам. Он чи ки маро ташвиш медиҳад, ин ҳуқуқи мо аст. Масалан, ман дар ғами онҳое мешавам, ки ҳоло ҳуҷҷат ё шаҳрвандӣ гирифта наметавонанд ва ё дар ҳолате ҳастанд, ки ба онҳо намегузорад зиндагии комил дошта бошанд, масалан, бо таҳсил фаро гирифта шаванд... Маро ин чизҳо бештар ташвиш медиҳад. Хостҳои эҷодӣ бошад... Масалан, вақте ба саҳна баромада, дилпур нестед ва фикр мекунед, ки як бахши кор нотамом монд ва ё пайғоми суруди худро дуруст дарк намекунед, ин як масъала аст. Вале ман суруди худро хуб ҳис мекунам, ман ду моҳ аст, ки бо ин суруд ба сар мебарам. Ба ҳамин хотир ҳам ҳеҷ шубҳаву нигароние дар дил надорам.

Радиои Озодӣ: Медонед, ки дирӯз тоҷикони зиёд, ҳамватанони собиқатон дар Тоҷикистон, дар Аврупо, Амрико барои Шумо хеле ҳаводорӣ карданд. Дар Фейсбуку Инстаграм навиштанд. Барои онҳо ҳарфе барои гуфтан доред?

Манижа Сангин: Мехоҳам ҳаминро бигӯям, ки бо ҳамаашон ифтихор мекунам. Бисёр шодам, ки ҳамаашон замонавӣ ҳастанд, ҷаҳонбинии васеъ доранд, онҳо маро дарк мекунанду мешунаванд. Вақте дар Тоҷикистон таваллуд шуда, меравию дар дилат суннатҳои шарқии худро ҳифз мекунӣ, айни замон як сокини аврупоӣ мешавӣ, ин хеле олӣ аст. Ман аз пуштибонии онҳо хеле шодам, чунки таронаи ман паёми бисёр зиддунақиз дорад ва ман, албатта, дар фикри вокуниши онҳо будам. Вале аз Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вокуниши баде нагирифтам.

Радиои Озодӣ: Пас, барои Шумо эҳсосоти мусбат муҳим аст?

Манижа Сангин: Хеле муҳим аст, чунки эътимоди Шумо бар ҳамин асос меёбад ва вақте мардуми бо мавқеи муштарак бо ту зиёданд, корат натиҷа медиҳад.

Радиои Озодӣ: Дар бораи Шумо президенти Тоҷикистон ҳам моҳи март изҳори назар карда буд, хабар доред?

Манижа Сангин: Бале, албатта. Ҳар вокуниши мусбат дар бораи кори ман шод мекунад.

Радиои Озодӣ: Як мусоҳибаи мову Шумо ба ёдам омад. Он замон 16 ё 17-сола будед ва гуфтед, ки "касби ман дар оянда сурудхонӣ намешавад, чунки ин кори ҷиддӣ нест". Имрӯз мо аз баландии Евровидение гап мезанем. Он замон ин гап аз куҷо сар зад?

Манижа Сангин: (Механдад) Ман он замон кӯдак будам. Кӯдак ҳам набошию бо кори дӯстдоштаат машғул шавӣ, як дунё шакку шубҳа ба сарат меояд.

Радиои Озодӣ: Яъне, он замон шояд кори эҷодӣ хуб набуд?

Манижа Сангин: Шояд ҳамингуна буд. Ман худро пайдо накарда будам ва намефаҳмидам, ки мусиқӣ ба ман чӣ медиҳад. Ҳоло ман дигар 100 дар сад ба худ бовар дорам.

Радиои Озодӣ: Баъд аз Евровидение зиндагии комили мусиқии Шумо идома мекунад?

Манижа Сангин: Худо хоҳад!

Радиои Озодӣ: Инаш тоҷикӣ шуд, Манижа. Дар Тоҷикистон бисёриҳо "насиб" мегӯянд.

Манижа Сангин: Бале, насиб.

Радиои Озодӣ: Ба тоҷикӣ чизе гуфтан намехоҳед?

Манижа Сангин: Ман ҳаминро дар ёд дорам: "Ман Шуморо нағз мебинам" ва "раҳмати калон".

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG