Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳрнигори Рустам: "Ман Green Card-и Амрикоро гирифтам" САДО


Меҳрнигори Рустам 25-сола аст

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, соҳиби Green Card (гринкорт)-и Амрико шудааст ва ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "як умр дар он сӯи Уқёнус монданӣ нест" ва дубора ба кишвар бармегардад.

Вале корти сабзи Амрикоро барои роҳ ёфтан ба саҳнаҳои бузурги ҳунар муҳим хонд. Суолу ҷавоби мо бо Меҳрнигори Рустам низ аз ҳамин масъала оғоз шуд.

Меҳрнигори Рустам: "Ба даст овардани корти сабзи Амрико дар фикрам набуд. Рӯзе бо дӯстон дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезадем. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои гирифтани гринкорт санад супорем. Дӯстоне, ки маро ба ин кор ташвиқ карда буданд, ҷавоби манфӣ гирифтанд. Бахт ба рӯйи ман хандид. Дар хонавода танҳо ман соҳиби гринкорт ҳастам. Нақша дорам, ки бо иҷрои таронаҳо бо забони англисӣ вориди шоу-бизнеси Амрико низ шавам. Шонси худро месанҷам ва кишварамро муаррифӣ мекунам."

Радиои Озодӣ: Қаблан дар як суҳбати худ гуфта будед, ки соҳиби маълумоти мусиқӣ ва ҳуқуқшиносӣ ҳастед. Нақша надоред, ки дар Амрико таҳсил кунед?

Меҳрнигори Рустам: "Воқеан, дипломи Консерваторияи миллӣ ва ҳуқуқшиносии Тоҷикистонро дорам. То ҷое фаҳмидам, дипломҳои ман дар ин ҷо 50 дарсад эътибор доранд. Хостам, ки ба мактаби мусиқӣ ё донишгоҳе дар Амрико шомил шавам. Аз моҳи декабр ин корро мекунам, барои ин чанд моҳе бояд интизор шавам."

Суҳбат бо Меҳрнигор. "Мехоҳам, ба шоу бизнеси ИМА ворид шавам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:06 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Баъзе афрод барои кору зиндагӣ ба Амрико мераванд, вале чандон комёб намешаванд. Дар рафтору эҷодашон як навъ рӯҳафтодагӣ мушоҳида мешавад...

Меҳрнигори Рустам: "Агар фикр кунем, ки дигарон муваффақ нашудаанд ва мо ҳам муваффақ намешавем, ҳатман ҳамин тавр мешавад. Аз ин хотир, бояд меҳнат кунам, чун ба худ бовар дорам. Забонро медонам, ҷавон ҳастам, дар жанрҳои гуногун мехонам, 19 сол таҷрибаи сурудхонӣ дорам. Кор кунед муваффақ мешавед, албатта."

Радиои Озодӣ: Оё дар Амрико танҳо ҳастед? Чанде пеш хабарҳое буд, ки соҳиби оила шудед...

Меҳрнигори Рустам: "Барои ин кор ҳоло фурсат надорам. Корҳои эҷодӣ зиёд аст. Ҳатто фикрашро накардаам. Мардум ҳар рӯз маро ба шавҳар медиҳанд. Мегӯянд, ки пинҳонӣ шавҳар кардааст. Шавҳар кардан зиндагии хусусии ман аст, вале ман ба мардум ва ба мухлисон хабарашро мерасонам."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, Шуморо чанд дафъа ба телевизиони "Тулуъ"-и Афғонистон даъват кардаанд. Барои суҳбат ва иҷрои барномаи ҳунарӣ. Нарафтед. Сабаб чӣ буд?

Меҳрнигори Рустам: "Мебинам, ки телевизиони “Тулуъ” барномаҳои ҷолиб дорад ва фаъол аст. Аммо аз лиҳози амниятӣ каме ҳарос дорам ва нарафтам. Аммо агар ба консертҳое, ки дар хориҷ аз Афғонистон баргузор мешаванд, даъват кунанд, меравам."

Радиои Озодӣ: Амрикоро чӣ гуна дарёфтед? Гуфтанд, дар он ҷо барномаи ҳунарӣ ҳам доред...

Меҳрнигори Рустам: "Бори аввал аст, ки ба Амрико омадам. Хеле хушам омад. Ба ҷойҳои зебо рафта тамошо кардам, шоҳиди меҳрубонӣ ва меҳмондориҳо будам. Рӯзи 8-уми сентябри имсол дар “Emir Pаlace”-и шаҳри Ню-Йорк барномаи ҳунарӣ дорам. Дар он рӯз ифтитоҳи Ҷамъияти тоҷикони Амрико низ сурат мегирад ва ман дар он иштироку ҳунарнамоӣ мекунам."

Шарҳҳоро бинед (14)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG