Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салими Аюбзод: Радиои Озодӣ барои Тоҷикистон муҳим аст. ВИДЕО


Салими Аюбзод
Салими Аюбзод

Иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ, Салими Аюбзод, мегӯяд, муносибати мақомоти тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалии муқими Душанбе ва бештар аз ҳама сокинони пойтахт баёнгари он аст, ки Радиои Озодӣ ҳамчун як расонаи хабарӣ дар ин ҷо ҷойгоҳи хос дорад.

Аюбзод президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро дар сафар ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ кард.

Дар дидори Флай бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 27-уми август низ бори дигар ба аҳамияти ин расона таъкид карда шуд.

Ҷаноби вазир зикр намуд, ки ҳар субҳ рӯзи кории худро аз хондани сомонаи Радиои Озодӣ шуруъ мекунад ва сипас ба расонаҳои дигар рӯй меорад. Ин нуктаро ҳамчунин чанде аз мансабдорони баландпояи давлат, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар суҳбатҳо изҳор доштаанд.

Ба гуфтаи Салими Аюбзод хушбахттарин лаҳзаҳо барои ӯ дар ин сафар шунидани сипосгузории мардум будааст. "Аз дарбонҳои меҳмонхона то таксиронҳову фурӯшандагон вақте мефаҳмиданд, ки мо аз Радиои Озодӣ ҳастем, дастамонро мефишурданд ва аз кори хуби хабарнигорони Озодӣ ташаккур мекарданд. Ҳар рӯз чандин нафар ба дафтари мо меоянд, то дар садо додани ҳақиқат ва пирӯзии адолат ба онҳо кумак кунем," – мегӯяд ӯ.

"Ҳатто вақте ки ба самти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мерафтем ва чун дар он лаҳзаҳо баъзе аз роҳҳо баста шуданду ронандаи мо каме шитобзада гашт ва суръати мошинро баланд кард, пулиси раҳбон моро нигоҳ дошт, вале вақте фаҳмид аз Радиои Озодӣ ҳастем, моро бахшид ва роҳи сафед хост."

Аммо сабаби асосии сафари президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай ба Тоҷикистон он аст, ки ҳоло парвонаи кори ҳашт корманди он аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст.

Дидор ва гуфтушунидҳо ба ин кормандон, ки бархе аз онҳо чандин моҳ ба ин сӯ бекор мондаанд ва худро ҳамчун шаҳрвандоне ҳис мекунанд, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, умед бахшидааст, ки ба зудӣ мушкил ҳал мешавад ва онҳо ба касби дӯстдоштаи худ идома медиҳанд.

Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон аз раҳбарони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хостаанд, мушкилоти амниятии Тоҷикистон ва манофеи давлатии ин кишварро дар назар дошта бошанд.

Дар ин гуфтугӯи видеоӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ, Салими Аюбзод бархе аз бардоштҳои худро аз сафари Душанбе ва дидору гуфтугӯҳо ҳикоят мекунад:

Салими Аюбзод: Радиои Озодӣ барои Тоҷикистон муҳим аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00
XS
SM
MD
LG