Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Қудратов: "Беадолатӣ дар Тоҷикистон ба система табдил ёфтааст"


Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи шинохта, баъд аз як соли озодӣ аз зиндон бо Радиои Озодӣ сӯҳбати ихтисосӣ кард. Ӯ дар як маркази ёрии ҳуқуқӣ дар Русия ба ҳайси ёвари вакили мудофеъ кор мекунад.

Қудратовро соли 2014 бо иттиҳоми қасди "пора" додан ба як додрас боздошт карданд ва ӯ беш аз чаҳор сол дар зиндон буд. Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш он замон аз ҳукумат интиқод карданд, ки Шӯҳрат Қудратовро барои дигарандешӣ ба зиндон андохтааст. Вале мақомот пайваста ӯро ба ҷиноят айбдор кардаанд.

Шӯҳрат Қудратов, ки дар гузашта аз ҳаққи Зайд Саидов – вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов – вазири пешини умури дохилӣ ва Ҷӯрабек Охунов – раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар додгоҳ ҳимоят кардааст, моҳи августи соли 2018 аз зиндон озод шуд, вале аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард. Ӯ рӯзи 27-уми августи имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чаро то ин муддат хомӯш буд ва ё аз суҳбат бо рӯзноманигорон парҳез мекард.

Шӯҳрат Қудратов: Тақрибан ду ё дувуним моҳ пеш аз озод шуданам мақомдорони Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё худи муассисаи ислоҳӣ зуд-зуд ба наздам меомаданд ва сӯҳбат мекарданд. Мегуфтанд, ки бояд озод шавӣ ва бо лаҳни таҳдид ҳушдор медоданд, ки набояд пас аз озод шудан бо матбуот сӯҳбат кунам. Одамони мушаххасро ном мегирифтанд, ки бояд сӯҳбат ва равуо накунам. Як навъ фишор буд, ки набояд он чӣ аз сарам гузаштааст, ба матбуот бигӯям. Вақте озод шудам ва ба хона баргаштам, аз тарафи хешу табор низ насиҳат карданд, ки як муддат бо рӯзноманигорон сӯҳбат накунам. Он чӣ дар зиндон мегузашт, огоҳ будам, ба ҳамин хотир фишор меоварданд, ки гап назанам. Мегуфтанд, ки агар касе пурсад, “ҳамааш нағз буд” гӯед. Чанд моҳ дар Тоҷикистон пас аз озод шудан мондам, “ҳамааш нағз” нашуд, муҳоҷир шудам.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Радиои Озодӣ: Чаро Тоҷикистонро тарк кардед ва ҳоло дар Русия чӣ кор мекунед?

Шӯҳрат Қудратов: Пас аз озод шудан аз маҳбас ҳеҷ гоҳ фикри тарк кардани Тоҷикистонро надоштам. Мехостам дар Тоҷикистон дар ҷое кор кунам, аммо бо сабабҳои бароям номаълум умуман кор ёфта натавонистам. Ба чанд созмони ғайридавлатӣ ҳуҷҷат супоридам, сӯҳбат гузарониданд, аз лиҳози касбӣ ба талаботашон ҷавоб мегуфтам, лекин ба кор намегирифтанд. Ҷое иқрор ҳам шуданд, ки супориш гирифтаанд, ки маро ба кор нагиранд. Баъд аз ин, ба хулосае омадам, ки ба Русия барои кор кардан сафар намоям, чунки хонаводаро таъмин кардан зарур аст. Ҳоло бо яке аз рафиқонам дар шаҳри Маскави Русия, ки адвокат мебошад, ҳамкорӣ дорам. Ёвари ӯ ҳастам. Ба ҳама шаҳрвандоне, ки муроҷиат мекунанд, ёрии ҳуқуқӣ мерасонам.

Радиои Озодӣ: Кадом мушкилотро шоҳид будед, ки мақомот ошкор шудани онро хуш надоштанд?

Шӯҳрат Қудратов: Ду солу ҳафт моҳи охир дар маҳбаси “Якум советский” қарор доштам. Дар он ҷо маҳбус номаш маҳбус буд. Он ҷо фермаи хоҷагидории назди муассиса буд. Чорпою парранда нигаҳдорӣ мешуд. Гӯиё аз муассисаи ислоҳотӣ буд ва он ҷо нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳуқуқи чорпоҳо болотар аз маҳбус буд. Агар гов бемор мешуд, масъули нигоҳубини он ҷазо мегирифт, вале дар баробари бемории маҳбус касеро парво набуд. Муносибате, ки бо маҳбусон мешуд, чандон хуб набуд. Аз 18-уми январи соли 2016 то 24-уми августи соли 2018 дар ҳамин ҷо будам. Соли 2015 маро аз муассисаи тафтишотӣ (СИЗО) ба муассисае, ки он ҷо кормандони собиқи мақомоти қудратӣ барои содир кардани ҷиноят нигаҳдорӣ мешаванд. интиқол дода буданд. Бо сабаби номаълум маро аз он ҷо ба муассисаи “Якум советский” оварданд. Ҳарчанд ин хилофи қонун буд, чун ман собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон будам. Маро ҷое оварданд, ки набояд собиқ кормандони мақомоти қудратӣ нигаҳдорӣ мешуданд.

Радиои Озодӣ: Хабарҳое дастрас карда будем, ки Шуморо дар дохили зиндон барои поймол кардани қонунҳои зиндон дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ҷой кардаанд. Барои кадом нақзи қонун шуморо ба утоқи ҷаримавӣ бурданд?

Шӯҳрат Қудратов

42-сола аст.

Соли 2000-ум Академияи Вазорати корҳои дохилии Русияро дар шаҳри Омск хатм кардааст.

Аз соли 2000 то 2003 дар Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 2004 то моҳи марти соли 2015 узви Консорсиуми юридикии Тоҷикистон буд. Ба ҳайси ҳуқуқдони «Азия-Плюс» ва узви Коллегияи адвокатҳои «Сипар» ҳам кор кардааст.

Шӯҳрат Қудратов: Ин ҳодиса зоҳиран ташкилшуда буд. Як маҳбусро аз дигар утоқ оварданд ва ӯ бо ман ҷанҷол кард. Ин нафаре буд, ки замони дар озодӣ будан бо ман хусумат дошт. Вақте ба утоқи мо ворид шуд, ҳамагӣ пас аз 5-6 дақиқа бо ман ҷанг кард. Дар ин муноқиша маро гунаҳкор карданд ва ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ бурданд. Панҷ шабонарӯз нигаҳ доштанд. Нисбат ба нафаре, ки муноқиша кард, чорае надиданд. Ҳамроҳонам дар маҳбас гуфтанд, ки ин ташкилшуда аст. Бори аввал, вақте онҳо баёнот доданд, сабабгори ҷанг он маҳбусро гуфтанд, вале дафъаи дувум назарашонро тағйир доданд. Нисбат ба ман баёнот доданд ва албатта,ин корро ихтиёрӣ накарда буданд.

Радиои Озодӣ: Назари зиндониён ва бархӯрди кормандони маҳбас ба шумо чӣ гуна буд?

Шӯҳрат Қудратов: Кормандони маҳбас ва маҳбусон ба бегуноҳии ман бовар доштанд. Вақте сӯҳбат мекарданд, кормандони маҳбас мегуфтанд, ки мо медонем, гуноҳ надорӣ, вале ҳабс кардани ту дар ихтиёри мо набуд ва озод карданат ҳам ба мо рабт надорад. Мо бояд фақат бо ту ҳамчун дигар маҳбусон муносибат кунем. Мегуфтанд, ки Шӯҳрат дар ҳамин ҷо ором гард, ки бо оддитарин қонуншиканӣ туро ҷазои сахт медиҳанд. Яке аз кормандони маҳбас гуфт, ки мегӯянд, туро бояд ҳар моҳ ҷазо диҳем, мо инро намекунем, вале эҳтиёт кун. Рости гап, кормандони маҳбас ҳамаашон маро эҳтиром мекарданд. Баъзеашон аз мани маҳбус маслиҳати ҳуқуқӣ мепурсиданд. Ба маҳбусон ҳар рӯз чунин машварат медодам ва дар навиштани ариза ёрӣ мекардам. Ман дар умум бо тӯҳмат чаҳор солу як моҳ ва се рӯз аз озодӣ маҳрум будам.

Радиои Озодӣ: Беш аз чаҳор соли будан дар зиндонро чӣ гуна ба ёд меоред ва ин давраи зиндагиатонро чӣ меномед?

Шӯҳрат Қудратов: Вақте ба ёд меорам, ки чӣ гуна зидди ман парванда карданд ва ман чӣ гуна дар зиндон нишастам, аз беадолатӣ дар ҷомеа, ҳукумат ва мақомоти додгоҳиву тафтишотӣ вуҷудамро дард фаро мегирад. Ин ноадолатӣ нисбати танҳо ман набуд. Ноадолатӣ дар ҷомеаи мо ба як система табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин ки то охир сӯиқасди “пора” додани ман исбот нашуда буд, додрас инро тасдиқ накард, маро танҳо бо шаҳодати бардурӯғи як зерҳимояам ҳабс карданд. Айби эълоншуда нисбат ба ман сӯиқасд буд, яъне ҷиноят анҷом наёфта буд. Бо вуҷуди ин, соли 2016 бар асоси қонуни афв озод мешудам, вале ваъда карданду онро татбиқ насохтанд. Як мақомои додситонӣ гуфта буд, ки ту чеҳраи ҷанҷолӣ ҳастӣ ва туро аз ҳама охирин ҷавоб медиҳам, лекин то нимаи соли 2018 дар зиндон мондам. Пас аз баромаданам ба Додситонии кул ариза навиштам, ки афв нисбат ба маро татбиқ накарданд, вале посухе нагирифтам.

Радиои Озодӣ: Мақомот замони боздошт навореро намоиш доданд, ки гӯиё ҳангоми қасди “пора” додан боздошт шудаед. Шумо ба бегуноҳиатон таъкид мекунед ва боздошту зиндонӣ шуданатонро сиёсӣ медонед. Воқеан ҳамон вақт чӣ иттифоқ афтода буд?

Шӯҳрат Қудратов: Талоши мо барои ҳимояи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ сабаб шуд, ки бо мо чунин рафтор кунанд. Мо далелҳои зиёди ғайриқонуниро аз қазияи Зайд Саидов оммавӣ кардем. Ҳамон замон ба мо паёмакҳои таҳдидомез мефиристоданд. Кӯдаконам дар назди хона бозӣ мекарданд, шахсони номаълум омада онҳоро навор бардоштанд ва рафтанд. Тамоми таҳдидҳо ин буд, ки “ҳушёр шав, ки ба назди Зайд Саид наравӣ”.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Радиои Озодӣ: Шумо дар парвандаи Зайд Саидов, Ёқуб Салимов, Ҷӯрабек Охунов ва ба ин монанд парвандаҳои ба истилоҳ сиёсӣ ва ҷанҷолӣ адвокат будед. Аз дифои ин гуна афрод чӣ мехостед?

Шӯҳрат Қудратов: Наздикони онҳо ба ман муроҷиат мекарданд. На ин ки ман ба назди онҳо мерафтам, то маро адвокат гиранд. Дар ин парвандаҳо рисолати касбии худро иҷро мекардам, дигар мақсад надоштам. Дар ягон парванда аз доираи қонун берун набаромадаам. Лоиҳае надоштам, ки рафта аз рӯйи он касеро ҳимоя кунам. Танҳо тариқи даъват мерафтам. Бисёре аз адвокатҳо розӣ намешуданд, вале ман рад намекардам.

Радиои Озодӣ: Аввалин коре, ки пас аз озод шудан анҷом додед, чӣ буд?

Шӯҳрат Қудратов: Замони дар зиндон будан модарам фавтид ва ман дар маросими дафнаш иштирок надоштам. Орзу доштам, ки аз маҳбас бароям, рост ба сари гӯри модарам меравам. Вақте озод шудам, ба гӯристон рафтам. Қабри модарамро дидам, дуо кардам ва баъдан, ба хона рафтам, ки наздиконам дар он ҷо мунтазир буданд.

Радиои Озодӣ: Пас аз озод шудан дар ду маҳбас дар Тоҷикистон “ошӯб” сар зад. Мақомот онро кори маҳбусоне донистанд, ки бо ҷурми тундравӣ зиндонӣ шуда буданд. Шумо шоҳиди кадом моҷарои чунин маҳбусон шуда будед?

Шӯҳрат Қудратов: Дар маҳбасе, ки ман будам, маҳбусон бо ҷурми ифротгароӣ буданд, вале маҳкумшудаҳо бо ҷурми терроризм, пайравони гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" набуданд. Баҳсҳо миёнашон буд, вале шоҳиди чунин занозаниҳо набудам. Худи кормандони маҳбас ғайрирасмӣ маҳбусонро ба ду гурӯҳ ҷудо карда буданд: “ҳаётиҳо” ва “ҳизбиҳо”. Ҳама дар зиндон дар андешаи озодӣ буданд. Аксари маҳбусон аз ноадолатӣ шикоят мекарданд.

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки аксари маҳбусон аз ҷониби пайвандонашон бо хӯрок таъмин мешаванд. Умуман, дастрасӣ ба маводи ғизоӣ чӣ гуна буд?

Шӯҳрат Қудратов: Аз шароити зиндон аксарият розӣ набуд, вале ба касе шикоят кардан имкон надошт. Дар беш аз чаҳор сол хеле кам шуда буд, ки хӯроки маҳбасро хӯрда бошам. Чанд муддат дар боздоштгоҳи махсус будам, воқеан, он ҷо шароит ва сифати ғизо хуб буд. Лекин дар муассисаи маъруф бо номи “Якум советский” нонашро хӯрда намешуд. Нон мепӯхтанд, дарунаш хамир буд. Вақте он ҷо будам, як хуки калон буд ва онро як маҳбус нигаҳбонӣ мекард. Ба ӯ боқимондаи хӯроке дода мешуд, ки барои маҳбусон омода мекарданд. Хук пас аз истеъмоли ин навъи ғизо мурд. Гуфтам, ҷони маҳбусон аз ҷони хук сахттар будааст. Ин охирин хуке буд, ки дар маҳбас нигаҳ медоштанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG