Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд. Писари "Шери Панҷшер" ба роҳи падар қадам гузошт. ВИДЕО


Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд
Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд

Писари ҷанговари маъруф ва қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, роҳи падарро интихоб кардааст ва мехоҳад дар бунёди як Афғонистони нав ва замонавӣ хидмат кунад.

Ӯ ҳам мисли падар Аҳмад ном дорад ва дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз сулҳ бо Толибон ҳушдор дод ва мехоҳад, бар зидди идеологияи ифротии ин гурӯҳ мубориза барад.

Аҳмад Масъуд ба сиёсат ворид шуд ва ҳамроҳ бо ҳазорон тарафдори падари хушномаш муборизаи худро зидди Толибон ва идеологияи ифротии онҳо оғоз бахшид. "Ҳадаф ва рисолати падари ман озодӣ, истиқлол, адолат ва эҷоди давлати мӯътадили исломӣ буд. Барои расидан ба ин ормон масъулият эҳсос мекунам", -- гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Писари "Шери Панҷшер" ба роҳи падар қадам гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Аҳмад Масъуд 12 сол дошт, ки падари ӯ, "Шери Панҷшер" -- Аҳмадшоҳи Масъуд, аз дасти як маргталаби созмони террористии "Ал-Қоида" кушта шуд. Ҳодиса ду рӯз пеш аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико рух дод.

Масъуди калонӣ ва муҷоҳидони ӯ бар зидди режими истибдодии Толибон ва қабл аз он – алайҳи нирӯҳои Шӯравӣ ҷангиданд.

Бо марги Масъуд, Амрико як ҳампаймони муҳими худро аз даст дод ва тасмим гирифт ба Афғонистон нирӯ фиристад.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, қаҳрамониҳову ёди падар барои тарбияи рӯҳу равони муборизи ӯ ҳам хеле мусоидат кардааст. "Бепадарӣ талх, вале ба ҳамин хотир нирӯбахш аст", -- афзуд ӯ.

Аҳмад Масъуд ҳоло 30-сола аст ва тасмим гирифтааст, мисли падар сиёсатмадор шавад. Ӯ баъд аз хатми Академияи низомии шаҳри Сендҳурсти Бритониё ба хона баргашт. Ӯро пирон водии Панҷшер, минтақае дар шимоли Афғонистон, ки ҳеч гоҳ Толибон натавонистанд ишғол кунанд, умеди ояндаи худ мебинанд.

Аҳмад Масъуд
Аҳмад Масъуд

Ба нишони намоиши масъулияте, ки ба дӯши Аҳмад Масъуд вогузор шудааст, онҳо ба тани ӯ ҷомаи яктаҳ пӯшонданд. Муҳаммад Исмоил, тарафдори Аҳмад Масъуд гуфт, "ин ҳамон чизест, ки зарур буд. Масъуд ба пеш биравад ва ҷунбиши навро барпо бикунад, то ба тамоми гурӯҳҳои қавмии ин кишвар аз умеди тоза паём бидиҳад."

Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони миллӣ аст, ки акси ӯ дар гӯшаву канори Афғонистон дида мешавад. Масъуд дар назди мақбараи падар гирдиҳамоие ташкил ва аз мардум даъват кард, ки бар зидди Толибон аз роҳҳои низомиву сиёсӣ мубориза баранд

"Мардум ташнаи ваҳдат ва садои ростгӯе ҳастанд, ки аз муттаҳидиву шарафи онҳо бигӯяд", -- бовар дорад ӯ.

Аҳмад Масъуд дар робита бо музокироти сулҳи Амрико бо Толибон ва нияти Иёлоти Муттаҳида дар бораи берун бурдани 15 ҳазор нирӯ назари танқидӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ҳукумати Афғонистон бояд дар ин музокирот ҳузур дошта бошад: "Вақте мо сарнавишти як кишварро баррасӣ мекунем, он бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳам шаффоф бошад."

Вашингтон баъд аз таркиши интиҳории 5-уми сентябри имсол дар Кобул музокирот бо Толибонро боздошт. Дар ин ҳодиса дувоздаҳ мулкӣ ва як сарбози амрикоӣ кушта шуд. Вале қабл аз эълони ин тасмим, Аҳмад Масъуд аз дастёбии Амрико ба созиш бо Толибон изҳори шубҳа кард.

Аҳмадшоҳи Масъуд
Аҳмадшоҳи Масъуд

Ӯ гуфт, "ин ҷангро хотима намедиҳад. Баръакс, хушунат ва хунрезӣ бештар мешавад. Ин обрӯи Амрикоро мебарад. Вақте як қудрати ҷаҳонӣ бо гурӯҳи ифротӣ созиш мекунад, гурӯҳҳои хушунатзои дигар ташвиқ мешаванд. Онҳо бовар доранд, ки хушунатҳоро идома дода, боз ҳам рӯзе як қудрати ҷаҳонӣ меояд ва бо онҳо сари мизи гуфтугӯ менишинад."

Масъуд инчунин аз хабарҳои ин ки Толибон вақте сари қудрат баргаштанд, низоми амалкунандаи демократиро ба аморати исломӣ табдил медиҳанд, бисёр нигарон аст: "Ташкили ҳукумати ояндаи Афғонистон ва ё тағйири он аз як ҷумҳурии исломӣ ба аморати исломӣ бояд танҳо ва танҳо аз роҳи референдум ва пурсидани назари мардум баргузор шавад. Ин барои мо, мардуми Афғонистон, як хатти сурх аст."

Бо вуҷуди бенизомиҳое, ки дар Афғонистон идома дорад, ба бовари Аҳмад Масъуд, дар сурате ки шумори зиёди мардум ба мубориза бо Толибон ба по шаванд, имкони тағйири вазъ вуҷуд дорад.

Аҳмад Масъуд гуфт, "ин шонси тилоии сулҳ аст. Ҷангу хунрезӣ ҳамеша монеи пешрафти Афғонистон буд. Мардум аз эҳтиром ва ваҳдате, ки сазовораш ҳастанд, бархӯрдор набуданд."

Вале баъд аз солҳои тӯлонии зиндагӣ ва таҳсил дар хориҷа, Аҳмад Масъуд боз ҳам як шахси бетаҷриба дар арсаи сиёсӣ мебошад. Афғонистон ҳам баъд аз даҳсолаҳо ҷангу хунрезӣ ба як кишвари харобазору пароканда табдил шудааст. Мусаллам аст, ки муборизаи сиёсӣ дар ин кишвар ҳамонгуна, ки барои падари қаҳрамонаш осон набуд, барои ин писари ҷавон ҳам пур аз чолиш хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG