Пайвандҳои дастрасӣ

Шарофиддин Гадоев: "Дуздидани ман ҷинояти байналмилалӣ аст" ВИДЕО


Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифон, ки мегӯяд, аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар Маскав "рабуда ва бидуни ихтиёраш ба Душанбе бурда шуд", ҳоло ният дорад мақомоти ин ду кишварро ба ҷавобгарӣ кашад.

Гадоев, ки ҳаққи паноҳандагии Ҳолландро дорад, рӯзи 13-уми феврали имсол, ба гуфтаи худаш, бо нияти мулоқот бо "мақомоти баландпояи амниятии Русия" ба Маскав рафт ва субҳи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд.

Чанд навори гуфтугӯи ӯ бо пулис, аъзои собиқи "Гурӯҳи 24" ва хонаводааш нашр шуд, ки дар он мегуфт, "озод аст" ва "ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштааст". Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтанд, ӯ "бо ибрози пушаймонӣ ба ватан баргашт".

Вале Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифон дар хориҷ, навори қабл аз сафари ӯро нашр кард, ки дар онҷо Гадоев мегӯяд, "худро ба ҳукумат таслим карданӣ нест". Дар пайи он, созмону кишварҳои ғарбӣ аз Тоҷикистон тақозо карданд, ки Шарофиддин Гадоевро билофосила озод кунад ва ӯ субҳи 2-юми март аз Душанбе ба Аврупо баргашт.

Гадоев рӯзи 7-уми март дар Амстердам ба Радиои Озодӣ мусоҳибаи ихтисосӣ дод ва тафсилоти боздошт дар Русия, "бозгашт" ба Тоҷикистон ва дубора омаданаш ба Аврупоро нақл кард. Шакли комили видеоиро дар ду бахш тамошо кунед.

БАХШИ АВВАЛ:

Гуфтугӯ бо Шарофиддин Гадоев (Қисми 1)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:52 0:00

БАХШИ ДУВУМ:

Гуфтугӯ бо Шарофиддин Гадоев (Қисми 2)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:34 0:00

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG