Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон.ВИДЕО


Шарофиддин Гадоев дар ин видео нишон медиҳад, ки ҳаққи иқомати Ҳолландро дорад.
Шарофиддин Гадоев дар ин видео нишон медиҳад, ки ҳаққи иқомати Ҳолландро дорад.

Нашри муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони сиёсӣ ва аз муассисони "Гуруҳи 24" баҳсу суоли зиёдеро дар бораи бозгашти ба гуфтаи мақомот ихтиёрии ӯ ба Тоҷикистон барангехт.

Баъди нашри видеоҳои зиёди тарғиботии расонаҳои давлатӣ дар бораи ӯ, мухолифони ҳукумат муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоевро нашр карданд, ки дар он мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас ӯро рабудаанд, чун ҳеҷ гоҳ ихтиёрӣ барнамегашт ва “ба ҳукумат таслим намешуд”.

Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, яке аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷ буд, ки пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро бо лаҳни тунд танқид мекард.

Ӯ то замони пайдо шудан дар Душанбе, раиси “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд, ки ҳамроҳ бо Ҳизби мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ ва чанд созмонҳои мухолифи ҳукумат бо номи Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис додаанд.

Дар муроҷиати видеоӣ, ки Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, Шарофиддин Гадоев мегӯяд:“Ман ҳеҷ гоҳ ба хоҳиши худам Тоҷикистон намеравам."Шарофиддин Гадоев, дар видео, ки таҳрир дидааст ва маълум нест, кай ва дар куҷо сабт шудааст, мегӯяд, бо даъвати Шӯрои амнияти миллии Русия ба Маскав рафтааст. Иддаое, ки суолҳои дигареро дар бораи сафари ӯ ба Русия барангехтааст.

Виктория Надеждина, намояндаи ҳуқуқии дифои Шарофиддин Гадоев, рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дар Тоҷикистон пайдо шудани Шарофиддин Гадоев, аз вазорати умури хориҷии Русия сабабҳои ин қазияро пурсидаанд.

“Дар вазорати умури хориҷии Русия ба мо расман посух доданд, ки Шарофиддин Гадоевро дар қаламрави Русия бо назардошти ду дархости расмии сурхи Интерпол дастгир карданд” – гуфт, ӯ.

Сарнавишти баъдии ӯ ва истирдоди эҳтимолӣ ба Тоҷикистонро шарҳ надодаанд. Виктория Надеждина афзуд, ки Шарофиддин Гадоев, барои таъсиси бахше аз созмонаш дар Русия, ки муҳоҷирони зиёди тоҷик онҷо ҳастанд, ба Русия рафтааст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки айни замон вазорати умури хориҷии Ҳолланд низ ба таҳқиқи сарнавишти Шарофиддин Гадоев машғул аст ва ваъда додааст, ки дар ин бора ба зудӣ назар хоҳад дод.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба таҳқиқи муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоев шурӯъ карданд. Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, навори Гадоевро дидаанд ва тақаллубӣ ва ё дар чӣ шароит ва кай сабт шудани онро таҳқиқ мекунанд.

Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Ҳамин манбаъ гуфт, Гадоев ки ҳоло дар озодист, шояд дар ин маврид худаш суҳбат кунад. Ӯ афзуд: “Ҳар чӣ ки ҳаст боз худаш албатта, ки гап мезанад”. Ҳамсоягони модари Шарофиддин Гадоев мегӯянд, худи ӯ дар хонаи модараш нест ва баъд аз дидор бо модараш, ки видеои тарғиботии онро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, "ӯро бурдаанд."

Муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоев 4 рӯз баъд аз он нашр шуд, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, Шарофиддин Гадоев, рӯзи 14-уми феврал ихтиёрӣ аз Маскав ба Душанбе баргашт ва худро ба мақомоти интизомӣ таслим кард.

Николай Николаев: "Бо Гадоев дар Маскав будам"

Николай Николаев, ки худро як мушовири сиёсӣ ва намояндаи созмони ҷамъиятие бо номи Институти пешбинӣ ва ҳалли низоъҳои сиёсӣ (Институт прогнозирования и урегулирования политических конфликтов) муаррифӣ мекунад, мегӯяд дар Маскав рӯзҳои 13 ва 14-уми феврал бо Шарофиддин Гадоев мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Николаев, ки мегӯяд, як дӯсти Умаралӣ Қувватов, муассиси кушташудаи «Гуруҳи 24» буду ба Гадоев дар фаъолиятҳои сиёсиаш машваратҳои сиёсӣ медод, рӯзи 20-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сафари дуюми Шарофиддин Гадоев ба Маскав дар фосилаи чор моҳи охир буд.

Николаев мегӯяд, ки бори аввал Гадоев ноябри соли 2018 бо визаи яккарати русӣ ва бори дуюм – шоми 13 феврали соли ҷорӣ бо визаи нимсола ва бисёркаратаи Русия вориди Маскав шуд.

Николай Николаев мегӯяд, як дӯсти Умаралӣ Қувватов буд ва баъди кушта шудани ӯ ба Шарофиддин Гадоев ҳам машваратҳои сиёсӣ медод
Николай Николаев мегӯяд, як дӯсти Умаралӣ Қувватов буд ва баъди кушта шудани ӯ ба Шарофиддин Гадоев ҳам машваратҳои сиёсӣ медод

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи сафари Гадоев ба Русия – дидору мулоқот бо бархе афроди сиёсӣ, ҷонибдорони мухолифин аз ҳисоби муҳоҷирон ва баррасии «шароити таъсиси намояндагии созмонҳои сиёсии ӯ дар Русия» буд.

Николаев мегӯяд, мулоқоти ӯву Гадоев рӯзи 13 феврал тахминан соатҳои 19:30 дар меҳмонхонаи ҷойгир дар Маркази ҷаҳонии тиҷорати Маскав дар кӯчаи Краснопресненская 12 сурат гирифт. Ба гуфтаи Николаев, рӯзи баъдӣ, 14 феврал ҳам бо Гадоев дар меҳмонхона дидор кард ва бори охир ӯро ҳамон рӯз соатҳои 17:45 дида буд.

Ӯ афзуд, дигар Гадоевро надид. Ба иттилои Николаев, Гадоев он рӯз бо бархе «шаҳрвандони Русия» ва «муҳоҷирони тоҷик» дидору мулоқот кард.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё Гадоев дар дидори охирашон дар бораи эҳтимоли бозгашташ ба Тоҷикистон чизе гуфта буд, Николаев посухи рад дод. Ӯ гуфт, ки Гадоев чунин ният надошт ва мехост фаъолиятҳои сиёсии худро идома диҳад.

Николаев гуфт, ки ба гумони ӯ, Гадоев дар мувофиқа бо «хадамоти вижаи Русияву Тоҷикистон рабуда шуда шоми 14 феврал бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол ёфт» ва «агар ҳам бозгашташ ихтиёрӣ буд, пас мувофиқаҳо дар ин замина аз Аврупо анҷом шуда буданд». Николай мегӯяд, ки дар ин замина хабар надошт.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00
Линки мустақим

Назарҳо ба рабудани эҳтимолии Гадоев

Темур Варқӣ, узви Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар Аврупо истиқомат мекунад, дар шарҳи муроҷиати видеоӣ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, “Авзоъро хунсардона баррасӣ карда ва ӯро озод кунед. Агар озод бошад, иҷоза бидиҳед, биравад.".

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, изҳороту наворҳои баҳсбарангез дар бораи Шарофиддин Гадоев боиси нигаронист ва ин ба Тоҷикистон ва Русия таъсири манфӣ мерасонад.

Оқои Ҳакимов рӯзи 20 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар усулҳои дурусти сиёсӣ ва дар заминаи дидору мулоқот ва кафлоати идомаи кору фаъолияти Гадоев дар ҷомеа таъмин гардида бошад, хуб аст, вале дар акси ҳол боиси нигаронист.

Вай афзуд: “Доираҳои муайян, ки дар омадани Гадоев ба Тоҷикистон манфиатдор набуданд ва аз рӯи эҳтиёт ҳамин наворро сабт карданд. Қаблан наворҳои мақомот нишон медод, ки ӯ бо ихтиёри худ омадааст, аз рӯи мантиқ хавотирии онҳо дуруст баромад”.

Суолҳои беҷавоб дар бораи "рафтори" Гадоев

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки рафтори Шарофиддин Гадоев, суолҳои зиёдеро халқ кардааст. Аз ҷумла дар ин бора, ки чаро видеоро қабл аз рафтанаш ба Русия нашр накард, чаро бо вуҷуди огаҳии зиёд аз шароити Русия, ки гумонбарони тоҷикро ба осонӣ ба Тоҷикистон истирдод мекунад, ба ин кишвар рафт.

Шарофиддин Гадоев ба "қочоқи мошин" ва "сохтакории аснод" муттаҳам мешавад ва дар панҷ-шаш соли охир дар ҷустуҷу қарор дошт. Шарофиддин Гадоев тақрибан ҳафт сол пеш тарки Тоҷикистон кард.

Собиқаи истирдодҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Мақомоти Русия чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо дархости мақомот ба Душанбе истирдод кардаанд. Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, соли 2005 аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва то ҳол мегӯяд, ки ӯро ғайриқонунӣ рабуда ва ба Тоҷикистон овардаанд.

Чанд нафар аз узви “Гуруҳи 24” низ бо дархости мақомот дар муҳлати кутоҳе дар Русия дастгир ва ба Душанбе истирдод шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи зери фишор гузошта ва аз дигарандешон гирифтани изҳорот ба манфиати худро доранд.

Ин созмонҳо гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон хешовандони дигарандешон, аз ҷумла аъзои "Гуруҳи 24" ва Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро дар дохил азоб медиҳанд ва бо истифода аз ин роҳ ба дигарандешон фишор меоранд, то интиқод аз ҳукуматро бас кунанд.

XS
SM
MD
LG