Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқи англис: “Мардуми Тоҷикистон сиёсатгурезтарин мардум дар ҷаҳон шудаанд”.ВИДЕО


Аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон 20 сол гузашт, ки як саҳифаи сиёҳ ва фоҷиабори Тоҷикистонро варақгардон кард ва баъди 5 соли ҷанг сулҳро ба кишвар баргардонд. Дар ин 20 сол иқтисоди кишвар андаке ба по хест, ҳарчанд мушкилоти зиёде дорад ва бештар ҳам шудааст.

Дар бораи сабабҳои ҷанг ва сулҳи тоҷикон сӯҳбате доштем бо Ҷон Ҳезершоу, муҳақиқи англис, ки чанд сол дар Тоҷикистон сабабҳои муноқиша ва омилҳои ноамниро таҳқиқ кардааст.

Радиои Озодӣ: Шумо масъалаи муноқиша дар Тоҷикистонро зиёд таҳқиқ кардед ва бо мардуми минтақаҳои гуногун сар аз Кӯлоб то Ғарм сӯҳбат доштед. Ба назари шумо, сабабҳои аслии ҷанг дар Тоҷикистон чӣ буд, таназзули иқтисодӣ, маҳалгароӣ ва ё чизи дигар?

Ҷон Ҳезершоу: "Ба фикри ман, худи ҷараёни музокироти сулҳ дар Тоҷикистон дар расидан ба созиш фавқуллода муввафақ буд."

Ҷон Ҳезершоу: Ба ақидаи ман, баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, тамоми омилҳо ҷамъ шуданду ҷанги шаҳрвандиро ба бор оварданд. Ба шумули таназзули иқтисодӣ, рақобат байни элитаҳои минтақавӣ барои ҳукуматдорӣ ва бахусус ҳукуматдории бемасъулиятонаи раиси ҷумҳури он замон Раҳмон Набиев.

Радиои Озодӣ: Шумо дар таҳқиқоти худ мегӯед, ки мардуми Тоҷикистон аз сӯҳбат дар бораи ҷанг ва сиёсат метарсанд. Оё вазъ ҳоло ҳам чунин аст, ё тағйир кардааст?

Ҷон Ҳезершоу: Ба ақидаи ман, назари умум дар Тоҷикистон ин аст, ки мо бояд аз сиёсат дар канор бошем. Албатта Тоҷикистон бисёр ба муҳоҷират пойбанд аст ва бисёре аз мардум ва бахусус ҷавонони зиёде дар кишвар нестанд, ё мехоҳанд кишварро тарк кунанд. Бо чунин ҳол, баҳс дар бораи ҷангҳои гузашта мушкил аст. Мардум аз сиёсат мегурезанд. Ба фикри ман, мардуми Тоҷикистон яке аз сиёсатгурезтарин мардум дар ҷаҳон шудаанд.

Ҳезершоу: Мардуми Тоҷикистон аз сиёсатгурезтарин мардум дар ҷаҳон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:28 0:00

Радиои Озодӣ: Мо аз баъзе аз таҳлилгарон ва мақомот мешунавем, ки сулҳи тоҷикон яке аз моделҳои муваффақи сулҳи тоҷикон ва нодир ҳам ҳаст. Шумо ба ин гуфта розӣ ҳастед?

Ҷон Ҳезершоу: Ба фикри ман, худи ҷараёни музокироти сулҳ дар Тоҷикистон дар расидан ба созиш фавқуллода муввафақ буд. Мо бояд ин ҷараёнро ҳам ба инобат бигирем, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ҳукумат мепайвастанд ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси эътилофи нерӯҳо шурӯъ кард. Замоне, ки вазъи кишвар бисёр ноором буд, ҳукумат водор шуд, бо нерӯҳои мухолифон мусолиҳа кунад. Ин худ як ҷараёни бисёр муввафақ буд, ки тарафҳо забон ёфтанд, ба созиш расиданд. Миёнҷигарии хубе сурат гирифт ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳам аз он ҳимоят кард. Вале ин ҷараёни сулҳсозӣ нест, ҷараёни сулҳсозӣ раванди тӯлонитар аст, ки бояд норизоиятии тарафҳоро ба инобат бигирад, нерӯҳои мухталиф дар қудрат саҳм дошта бошанд ва бо сӯҳбат ва ҳам муколама кунанд. Дар Тоҷикистон ин чиз сурат нагирифт.

Радиои Озодӣ: Ҳоло пас аз 20 сол хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон кадом аст, бесуботӣ дар Афғонистон, мушкилоти иқтисодӣ ва ё омилҳои дигар?

Ҷон Ҳезершоу: Омилҳои гуногуни ноамнӣ вуҷуд дорад. Солҳои тӯлонӣ аз замони ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон мегуфтанд, ки Афғонистон шояд сабаби бесуботӣ бишавад. Вале муддати тӯлонист, ки ин ба воқеият табдил наёфт. Албатта Афғонистон хатари амниятӣ аст. Шумо вақте як ҳамсояе доред, ки ҷанги дохилии дарозе дорад, албатта хатар аст, вале шумо инҷо мисли Африқо ва баъзе аз бахшҳои Африқо ҷанги фаромарзиро намебинед. Ман воқеан аз онҷо хатари ҷиддиеро намебинам, ба шарте, ки дар Афғонистон ҷанги васеъмиқёсе сурат нагирад. Бахусус ҷангҳои шадид дар шимоли Афғонистон, ки сабаби бӯҳрони паноҳандагон шаванд. Омилҳои ноамнӣ вуҷуд доранд, ки дар дарозмуддат ба амнияти Тоҷикистон таъсир мегузоранд.

Иқтисод дуруст мудирият намешавад, вазъи пули миллӣ ва бонкҳо фавқуллода бад аст. Дар ояндаи дарозмуддат чунин вазъ метавонад, сабаби бесуботӣ шавад, вале барои он низ бояд нерӯҳои мухолиф вуҷуд дошта бошанд, ки зиддият нишон бидиҳанд. Вале мо аломате аз ин намебинем ва ман ошкор мегӯям, касе набояд интизор дошта бошад, ки дар Тоҷикистон дар оянда мухолифатҳо ба вуҷуд моеянд.

Радиои Озодӣ: Масъалаи тундгароиро дар Тоҷикистон як хатари ҷиддӣ ба амният медонанд, аз ҷумла бозгашти эҳтимолии садҳо нафареро, ки ба сафи ифротгароён дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Назари шумо чӣ ҳаст, оё онҳо бармегарданд, ва хатаре барои амният эҷод мекунанд?

Ҷон Ҳезершоу: Душвор аст гуфтан дар ин бора ва то ҳол мо дидем, ки фақат ба теъдоди ками тоҷикон муяссар шуд, ки ба кишвар баргарданд. Вале ман фикр намекунам, ки онҳо қодир бошанд кореро ҳамоҳанг кунанд ва ё гурӯҳи худро дар дохили кишвар таъсис бидиҳанд. Аммо ҳукумат бо истифода аз номи гурӯҳи "Давлати исломӣ" тарс бармеангезад ва бо ҳамин баҳона сиёсати сахтгиронаи амниятиро пеш мебарад.

Ҷалби тоҷикон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" фақат аз тарафи гурӯҳҳои хоси тоҷикон сурат намегирад, балки он як шабакаи байналмилалист, ки аз кишварҳои гуногун мардумро ҷалб мекунанд. Онҳо ҳеҷ иртиботе бо дохили Тоҷикистон надоранд ва бозгашт ба кишвару таъсис додани гурӯҳ бениҳоят мушкил аст, чун назорати шадиди ҳукумат иҷоза намедиҳад. Дигар ин, ки мардум исломгароёнро хуш надоранд ва барои ҳамин ҳар гуна аломатҳои бадро ба мақомот хабар медиҳанд ва ҳам метарсанд, ки агар хабар надиҳанд, худашон ҳам ба чизе муттаҳам мешаванд.

XS
SM
MD
LG