Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои эътирозӣ дар Эрон бо талаби ҷазои омилони фоҷиаи ҳавопаймо. ВИДЕО


Рӯзи 11 январ, пас аз он ки мақомоти Эрон ҳамла ба ҳавопаймои мулкии украиниро эътироф карданд, садҳо нафар дар Теҳрон, Исфаҳон, Ҳамадон, Рашт ва шаҳрҳои дигари Эрон ба хиёбонҳо рехтанд ва аз амалкарди давлат дар ин қазия эътироз намуданд. Онҳо гуфтанд, иқрор ба сарнагун кардани ҳавопаймо, ки ҷони 176 нафарро рабуд, кофӣ нест, балки ҳамаи гунаҳкорони воқеа ҷазо дода шаванд.

Дар тазоҳуроти саҳни Донишгоҳи Амири Кабир дар Теҳрон донишҷӯён бо нидоҳои "Бешараф! Бешараф!", "Дурӯғгӯ, мамлакатро раҳо кун!", "Марг бар диктатор!" ва ғайра истеъфои мақомотро талаб карданд.

Корбарон наворҳоеро ба бахши форсии Радиои Озодӣ -- Радиои "Фардо" фиристодаанд:

Тазоҳурот дар саҳни Донишгоҳи Амир Кабири Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Бино бар хабарҳои ин расона, нерӯҳои амниятӣ дар бархе аз мавридҳо барои пароканда кардани намоишгарон аз гази ашковар ва тирандозӣ ба ҳаво истифода намуданд.

Мақомоти Эрон рӯзи 11 январ эътироф карданд, ки ҳавопаймои украинӣ аз тарафи нерӯҳои зиддиҳавоии кишвар ҳадаф гирифта ва бо мушак сарнагун карда шуд. Низомиёни Эрон гуфтанд, ҳавопаймо мушаки болдор шумурда шудааст ва дар ҳоле суқут дода шуд, ки бо тоб хӯрданаш ба самти пойгоҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоб мавриди ҳамла қарор гирифт.

Раҳбарони Эрон ҳодисаро "иштибоҳ" номиданд ва узхоҳӣ карданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, гунаҳкорон ба ҷазои сазовор расонда хоҳанд шуд.

Гуфта шуд, ки ҳарбиён дар авҷи хусуматҳо бо Иёлоти Муттаҳида дар "баландтарин ҳолати омодабош" қарор доштанд.

Амир Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи 11-уми январ дар нишасти вижаи матбуотӣ гуфт, иштибоҳе, ки боиси суқути ҳавопаймои Боинги украинӣ шуд, бар души онҳост.

Ӯ гуфт, нафаре, ки системаи зиддимушакиро идора мекард, ҳамагӣ даҳ сония вақт дошт, ки тасмим бигирад.

Ба гуфтаи ӯ, системаи зиддимушакӣ чанд соат пеш аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ дар ин минтақа ҷойгир шуд ва ҳадафаш пешгирӣ аз ҳамлаи ҷавобии мушакӣ буд. Амир Алӣ Ҳоҷизода гуфт, ки масъулияти ин иштибоҳ бар души онҳост ва пас аз тафтиш ҳар тасмиме гирифта шавад, онро мепазиранд.

Хабаргузории ИРНА гузориш дод, ки бархе аз эътирозгарон барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷиа шамъ ва гулҳо дар даст доштанд. Ин расона аз задухӯрди тазоҳуркунандгон бо нерӯҳи амниятӣ ва ҳам шиорҳои онҳо иттилоъ надодааст.

XS
SM
MD
LG