Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими порлумони Ироқ, ҳушдори Трамп ва вокуниши Эрон


Порлумони Ироқ рӯзи 5-уми январ қатънома дар бораи берун кардани нирӯҳои хориҷӣ аз қаламрави ин кишварро қабул кард. Тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки охири ҳафтаи гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар наздикии Бағдод фармондеҳи баландпояи Эрон Қосим Сулаймонӣ кушта шуд.

Дар қатънома аз ҳукумати Ироқ хоста шудааст, ки дархости қаблиашро аз Эътилофи байналмилалии зидди гуруҳи тундрави ДОИШ ба раҳбарии Амрико "ба хотири хатми амалиёти ҳарбӣ ва даст ёфтан ба пирӯзӣ" бекор кунад.

Аъзои Маҷлис гуфтаанд, ҳукумати нахуствазир Одил Абдулмаҳдӣ бояд ба ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Ироқ поён диҳад ва онҳоро аз истифодаи замину фазо ва об, ба ҳар далеле, манъ кунад.

Иҷрои қатъномаи порлумон барои ҳукумати Ироқ ҳатмӣ нест, аммо қаблан Одил Абдулмаҳдӣ аз порлумон даъват карда буд, ҳарчи зуд дар бораи қатъи ҳузури нирӯҳои хориҷӣ тасмим бигирад. Ӯ дар пеши қонунгузорон гуфт, "бо вуҷуди мушкилҳои дохилӣ ва хориҷие, ки бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастем, ин тасмими беҳтаре барои Ироқ хоҳад буд."

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ироқ эълон кард, ки сафири Амрико дар Бағдодро эҳзор ва ҳамлаи ахири Иёлоти Муттаҳидаро дар Ироқ маҳкум намудааст. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, "ин ҳамлаҳо мустақилии Ироқро халалдор мекунад" ва бар хилофи "маъмурияти тавофуқшудаи Эътилофи зидди ДОИШ" аст.

Дар Ироқ 5 ҳазор нирӯи низомии Амрико ва асосан мушовирони ҳарбӣ ҳузур доранд.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорони Эрон, субҳи 3-юми январ бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Ин ҳодиса танишҳои миёни Вашингтону Теҳронро ба авҷи худ расонд. Мақомоти Эрон ваъдаи “интиқоми сахт”-ро додаанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 4-уми январ гуфт, фармони куштани генерал Қосим Сулаймониро ӯ дода буд ва он ҳам ба хотири ҳимоят аз Иёлоти Муттаҳида ва манфиатҳои кишвар. Вай гуфт, фармондеҳи эронӣ ба амрикоиҳо ва ироқиҳо ҳамла карда буд ва ба ҳуҷумҳои иловагӣ дар ҷойҳои дигар омодагӣ дошт.

Раиси ҷумҳури Амрико шаби 4-уми январ бо ишора ба таҳдидҳои ҷониби Эрон дар "Твиттер" навишт: "Агар Эрон ба амрикоиҳо ё манофеи Амрико ҳамлае кунад, мо 52 маҳалли Эронро ҳадаф қарор хоҳем дод, ки бархе аз онҳо дар сатҳи бисёр боло ва муҳим барои Эрон ва фарҳанги эрониён аст."

Гуфта мешавад, 52 ҳадаф ишораи раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба 52 шаҳрванди ин кишвар аст, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои чаҳор даҳаи пеши Эрон ба сафорати Амрико дар Теҳрон ба гарав афтода буданд.

Ин суханони Трамп ба дунболи изҳороти ба ин монанди як мақоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон буд, ки гуфт, онҳо дар ҳамлаи интиқомҷӯёна 35 мавзеи Амрикоро ҳадаф мегиранд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, ба ҳамлаи интиқомҷӯёнаи шадид ба зидди, ба гуфтаи ӯ, “ҷинояткорон”-е таҳдид кардааст, ки Сулаймониро ба қатл расондаанд.

Тасмими Доналд Трамп дар робита ба куштори Қосим Сулаймонӣ мавриди ситоиши ҳомиёни ӯ аз ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико қарор гирифт. Аммо ин тасмим интиқодҳои аъзои Ҳизби демократро дар пай дошт.

Нирӯҳои қудс, шохаи хориҷии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, аз сӯи Амрико ба унвони як созмони террористии хориҷӣ шинохта шудааст.

Ҷасади Қосим Сулаймонӣ рӯзи 5-уми январ аз Ироқ ба Эрон интиқол ёфт ва қарор аст рӯзи 7-уми январ дар зодгоҳаш Кирмон дафн карда шавад. Аммо зоҳиран бо дафни ӯ мушкилоти бархоста дар минтақа ба зудӣ аз байн нахоҳад рафт.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG