Дар Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ оғоз шуд ва дар баробари бештар аз 1 миллион эътиқодманд қарор аст, имсол то 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд. Бо назардошти фавти зоирони зиёд дар солҳои пеш мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки тадбирҳои амниятиро қавитар карданд, то аз фоҷиаҳо ва маргумири зиёди зоирон пешгирӣ шавад.
Имсол бештар аз як миллиону чаҳорсад ҳазор нафар аз мусулмонони ҷаҳон зиёрати ҳаҷро оғоз карданд. Рӯзи панҷшанбе мавҷи азими зоирон ба самти кӯҳи Арафот ҳаракат карданд, то онҷоро ҳам зиёрат кунанду намоз гузоранд.
Соле пеш ба сабаби гармои сахт ва ҳарорати 51-дараҷаӣ бештар аз 1300 зоир дар Арабистони Саудӣ ҷон доданд. Мақомот гуфтанд, ки барои роҳ надодан ба ин тадбирҳои амниятиро тақвият бахшидаанд. Аз ҷумла, зиёрати ҳаҷ барои кӯдакони 12-соларо манъ карданд. Онҳоеро ҳам, ки ғайриқонунӣ ба Маккаву Мадина ворид мешаванд, 5 ҳазор доллар ҷарима мебанданд ва барои 10 сол аз ҳаққи бозгашт ба Арабистони Саудӣ маҳрум карданд. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки то рӯзи якшанбеи гузашта садҳо ҳазор нафарро, ки мехостанд, ғайриқонунӣ ба Макка ворид шаванд, ба ин шаҳр роҳ надодаанд.
Муҳаммад Ал-Бассомӣ, намояндаи Идораи амнияти умумӣ гуфт:
“Иловатан мо теъдоди зиёди сокинон ва афродеро, ки мехостанд бе иҷоза ба Макка ворид шаванд, роҳ надодем. Бештар аз 269 ҳазору 678 касро аз гузаргоҳҳои Макка бозпас гардондем. Айни замон 109 ҳазору 632 мошинро, ки афроди бе ҳаққи вуруд ба Маккаро меоварданд, аз гузаргоҳҳои Макка ақиб фиристодем”.
Ба гуфтаи мақомоти Саудӣ, бештар аз 80 дар сади онҳое, ки соли гузашта ҳангоми зиёрат ҳалок шудаанд, аз ҷумла садҳо мисрӣ ва индонезӣ, ғайриқонунӣ омада будаанд ва ҷойи иқомату нақлиёти дуруст надоштаанд ва аз ин рӯ ба гармои тоқатфарсо тоб наёвардаанд.
Ҳаҷ яке аз панҷ фаризаҳои дини ислом аст, вале аксарияти мусулмонони ҷаҳон имкони анҷоми онро надоранд, чун қимати сафар ба Арабистони Саудӣ вобаста ба дурии ҳар кишвар аз 4 ҳазор то ба 20 ҳазор доллар мерасад.
Қимати сафар ва зиёрати ҳаҷ аз Тоҷикистон имсол тақрибан 6 ҳазор доллар аст ва Арабистони Саудӣ ба 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза додааст, ки имсол ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд.
Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ имсол аз зойирон хост, ки қоидаҳои зиёратро риоят кунанд, то аз гармои тоқатфарсо эмин монанд, аз ҷумла аз соати 10 то 16-и рӯз чатр бигиранду пайваста об бинӯшанд. Имсол маконҳои соядорро дар Макка то 50 ҳазор метри мураббаъ васеъ кардаанд ва системаҳои иловагии сардкунии ҳаворо гузоштаанд.
Роҳҳоро ба тавре сохтаанд, ки ҳароратро нигаҳ надорад ва имсол барои пешгирӣ аз бебандуборӣ ва талотум ва танзими ҳаракати зоирон аз паҳподҳо ва ҳуши маснӯӣ истифода мебурдаанд, то фоҷиаҳои солҳои гузашта такрор нашавад. Даҳ сол пеш ҳангоми зиёрати Мино 2300 нафар зери по монда ҷон дода буданд.
Гуфтугӯ