Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бонки исломӣ бонки хайру садақа нест” САДО


То як соли дигар сокинони Тоҷикистон метавонанд аз бонк қарзи бе фоиз бигиранд. Мақомоти “Соҳибкорбонк” хабар доданд, ки барномаи гузаштан ба бонкдории исломиро шуруъ кардаанд ва дар соли оянда ба мардум қарзҳои бидуни фоиз пешниҳод мекунанд. Бонкдорони тоҷик умед доранд, бо ҷорӣ кардани бонкдории исломӣ эътимоди камшудаи мардум ба бонкҳоро барқарор намоянд.

Бартарии ин низом дар он аст, ки агар нафаре қарз гирифта, ба тиҷорат дар бозор машғул аст ва нохост бозор сӯхт ё кадом ҳолати фавқулода сар зад, бонк дар хавф ё зарари соҳибкор шарик аст

“Ҳамааш баъди як сол шуруъ мешавад”

Тоҷикистон тақрибан 4 сол қабл, моҳи июли соли 2014 қонун “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ”-ро қабул карда буд. Дар ин муддат кӯшишҳое барои гузаштан ба низоми бонкдории исломӣ сурат гирифт, аммо бо сабаби ба буҳрон рафтани ду бонки асосӣ ин талошҳо бе натиҷа монд.

Масъулини “Соҳибкорбонк” дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои табдил шудан ба бонки исломӣ бо Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) шартнома имзо карданд. Ба қавли манбаъ, бар асоси ин шартнома, “дар доираи корҳои марбут ба табдили “Соҳибкорбонк” ба бонки исломӣ (ғайрианъанавӣ) мушовирони байналмилалии Корпоратсия, ки дар ин ҷода таҷрибаи зиёд доранд, ба мутахассисони тоҷик кумак хоҳанд кард. Дар назар аст, бо татбиқи лоиҳа “Соҳибкорбонк” барои оғози фаъолияти худ ҳамчун бонки исломӣ (ғайрианъанавӣ) пурра омода хоҳад шуд.”

Масъулини “Соҳибкорбонк” мегӯянд, харҷи амалӣ шудани лоиҳаро пурра худи бонк пардохт хоҳад кард.

Агар амонат монам, маро “протсентшик” мегӯянд

Таъсиси бонки исломӣ дар Тоҷикистонро пеш аз ҳама қишри муҳофизакори ҷомеа интизорӣ мекашанд. Чун бар асоси қоидаҳои дини Ислом, ки аксари мардуми Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, гирифтан ё додани фоиз манъ аст.

Ҳоҷиакбар Атоев яке аз онҳоест, ки худро сахт пойбанди қоидаву қонунҳои шариат медонад. Ӯ 42 сол дошта, дар ноҳияи Тоҷикобод зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, аз зодгоҳаш ба пойтахт мева оварда, аз инҷо маҳсулоти рӯзгорро ба онҷо мебарад. Ба қавли ин сокини Тоҷикобод, дар манзилаш мағоза дорад ва борҳо талош кардааст, ки қарз гирифта, тиҷораташро калон кунад.

Аммо мегӯяд, пойбандиаш ба шариат намегузорад, ки аз бонк бо фоиз қарз гирад ва дар айни ҳол касе ба ӯ маблағи бидуни фоиз ҳам намедиҳад. “Моро аз хурдӣ таълим доданд, ки фоиз ҳаром аст. Ман намехоҳам фоиз бигирам. Бигзор тиҷоратам хурд бошад, аммо бе фоиз зиндагӣ кунам”, - гуфт ӯ.

Дар қатори Ҳоҷиакбар Атоев дар Тоҷикистон шояд даҳҳо нафаре ҳастанд, ки аз сари кор гирифтан бо бонк ва фоиз худдорӣ мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, аз эҳтимоли таънаи атрофиён намехоҳанд ба ин роҳ бираванд.

Абдуқодир Нозиров, як сокини шаҳри Исфара, гуфт, маҳз тамғаи “протсентшик” ӯро аз гузоштани маблағ дар бонк бозмедорад. Нозиров мегӯяд, се фарзандаш дар Русия кор мекунанд ва соли гузашта хост, як бахши маблағи фиристодаи онҳоро дар бонк гузорад.

“Дар деҳаи мо касе агар барои қарз фоиз гирад, ӯро “протсентшик” мегӯянд. Баъзеҳо худро аз ӯ дур мегиранд. Мегӯянд, намози ин хел одамон қабул нест. Агар ман ҳам пуламро дар бонк мегузоштам, шояд ба ман ҳам ҳамин гуна муомила мекарданд”, - гуфт ин сокини шаҳри Исфара.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар охир тасмим гирифт, маблағашро дар хона нигоҳ дорад, вале то баргаштани фарзандон хеле хавотир буд, ки мабодо касе онҳоро ба яғмо набарад.

Бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон: Кӣ чӣ мегӯяд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

Ҷойи хайру садақа нест

Бо инки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон ва пайрави дини Ислом мебошанд, ба гуфтаи таҳлилгарон, то ҳол дар бораи низоми бонкдории исломӣ кам касон огоҳии кофӣ доранд. Коршиносони арсаи бонкдорӣ огоҳи пурра надоштани сокинонро мушкили аслие медонанд, ки метавонанд барои рушди бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мушкил эҷод кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ кори саҳлу содда нест ва агар бидуни огоҳии пурраи мардум он ба кор оғоз кунад, пас, муваффақтарин бонки исломӣ ҳам дар Тоҷикистон муфлис хоҳад шуд.

Меҳрубон Бурҳонов
Меҳрубон Бурҳонов

Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси тоҷик, ки дар чанд бонкҳои исломии хориҷи кишвар фаъолият кардааст мегӯяд, як назарсанҷии онҳо нишон дод, ки қисми бештари мардум бонкҳои исломиро ниҳодҳои хайру садақа медоданд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли ин коршинос дар асл чунин нест ва бонкҳои исломӣ дар баробари қарз талаботи хеле сахт доранд.

Бурҳонов мегӯяд, назорати қарзи додашуда дар бонкҳои исломӣ хеле сахт аст ва ин ниҳодҳо танҳо бар асоси барномаҳои мушаххас ба муштарӣ маблағ медиҳанд. “Бонкҳои исломӣ бизнес-плани муштариро мебинанд, меомӯзанд ва сипас пул медиҳанд. Бонки исломӣ ҳангоми даромад гирифтани муштарӣ як ҳиссаи муайяни онро мегирад. Яъне, бонк ҳам дар фоида ва ҳам дар зарари муштарӣ шарик мебошад. Бартарии ин низом дар он аст, ки агар нафаре қарз гирифта, ба тиҷорат дар бозор машғул аст ва нохост дар бозор сӯхтор ё кадом ҳолати фавқуллода сар занад, бонк дар хавф ё зарари соҳибкор шарик аст”, - шарҳ дод ӯ.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳиссаи даромади бонки исломӣ ва муштарӣ бар асоси шартномаи имзошуда муқаррар мешавад. Яъне агар муштарӣ бо бонки исломӣ шартномаи 70 бар 30 имзо кунад, пас, 70 дарсади фоида барои муштарӣ ва 30 дарсади он ба бонк мегузарад. Аммо дар як вақт агар муштарӣ аз қарзи гирифтааш зарар бинад, 70 дарсади он бар уҳдаи худаш ва 30 дарсадаш бар уҳдаи бонк мешавад. Барои касоне, ки мехоҳанд дар бонки исломӣ амонат гузоранд, ду роҳ пешниҳод мешавад: Муштарӣ ихтиёрро ба бонк медиҳад, ки маблағи ӯро барои кадоме барномае хоҳад сарф кунад. Ё инки худ интихоб мекунад, ки маблағи ӯ барои сармоягузории кадом барнома масраф шавад.

Эътимоди мардум бояд ба бонкҳо баргардад

Бинои Бонки исломии Рушд дар Ҷидда
Бинои Бонки исломии Рушд дар Ҷидда

Бо ин ҳама нозирони умури бонкӣ, гузаштан ба низоми бонкдории исломиро барои Тоҷикистон зарур мехонанд. Аз ҷумла, ба қавли Меҳрубон Бурҳонов, буҳрони бонкӣ эътимоди аҳолиро ба низоми бонкӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод ва бо ин шароит бонкҳо наметавонанд муваффақ бошанд. Боз кардани бонкҳои исломӣ ба қавли ин коршинос аз роҳҳое метавонад бошад, ки боварии мардумро ба низоми бонкӣ дубора бозгардонад.

Дигар сабабаш ба гуфтаи ин таҳлилгар, ин аст ки агар низоми бонки исломи ҷорӣ гардад, мардум аз лиҳози ақидатӣ маблағеро, ки дар хона нигоҳ медоштанд, дар бонкҳо хоҳанд гузошт.

Бонкдорони Тоҷикистон умед доранд, бо боз кардани бонки исломӣ ба ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ муваффақ мешаванд. Як ҳамсуҳбати мо, дар мақомоти бонкӣ гуфт, бо иҷро нашудани талаботи асосии бонкҳои ҷаҳонӣ ин ниҳодҳо натавонистанд маблағи зарурӣ барои аз буҳрон баромадани бонкҳоро бидиҳанд. Ба ин хотир ба қавли ҳамсуҳбати мо, бонкдорон талош доранд бо боз кардани бонки исломӣ сармояи кишварҳои арабиро ба Тоҷикистон ҷалб ва аз ин роҳ низоми бонкиро рушд диҳанд.

XS
SM
MD
LG