Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» дар Риёз аз “Ал-Наср” бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд


Al-Nasr, Istiqlol
Al-Nasr, Istiqlol

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 аз тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври якум дар гурӯҳи D шаби чоршанбеи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи Шоҳ Сауди Донишгоҳи шаҳри Риёз баргузор шуд.

Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт. Онҳо дар нимаи аввали дидор ду гол заданд. Абдулраҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа Ангело голи дуюмро ба самар расонд. Се голи дигарро Уэсли Тейшера (дақиқаи 59-ум), Кинсли Коман (89) ва Садио Мане (90+3) заданд.

«Ал-Наср» солҳои ахир бо ҷалби бозигарони номдор ба ҳайати худ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Бахусус, ҷалби ситораи дурахшоне, ба мисли Криштиану Роналду, боиси афзоиши ҳаводорон дар сатҳи байналмилалӣ шуд. Аммо ин ҳамлагари 40-солаи портуғолӣ дар ин бозӣ иштирок надошт. Сармураббии тими “Ал-Наср” Жоржи Жезуш, мутахассиси 71-солаи портуғолӣ, ба капитани даста Криштиану Роналду имкон дод, ки дар ин бозӣ истироҳат намояд.

Бозигарони “Истиқлол” дар қиёс бо футболбозони “Ал-Наср” хеле заиф буданд. Сармураббии тими “Истиқлол” Игор Черевченко, мутахассиси 51-сола, ба иллати беморӣ ба Риёз сафар накард. Даста дар ин бозӣ зери раҳбарии Юрий Батуренко, мутахассиси 60-сола, иштирок намуд.

Дар бозии дигари даври якум дар гурӯҳи D тими “Гоа”-и Ҳиндустон 17-уми сентябр дар майдони худ аз дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Голҳоро Розиқ Банӣ Ҳанӣ дар дақиқаи 44-ум ва Низор Ал-Рашдан (90+5) ба самар расонданд.

Бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2025/26 рӯзи чоршанбеи 1-уми октябр баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими ГОА-и Ҳиндустон рақобат мекунад. Бозӣ соати 18:45 оғоз меёбад.

Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи D “Ал-Наср” дар меҳмонӣ бо “Ал-Завра” вориди рақобат мегардад. Ин бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи D ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бошгоҳҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлати Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон мебошанд.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи Е бо тими "Ал-Наср" ду бозӣ анҷом дода буд. Душанбегиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бозиро дар майдони худ мусовӣ (1:1) карда буданд.

Дар ҷадвали гурӯҳи Е дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт. “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз зинаи дуюм ,“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол намуданд. Ин се даста аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2025/26


Минтақаи Ғарб


Гурӯҳи D

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)


Даври 1-ум


«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру


«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (2:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Ромиш Насруллозода (Манучеҳр Сафаров, 56), Марлен Чобанов, Кирилл Суслов, Рудолф Туркай, Табрез Исломов, Ҷозеф Окоро, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Пол Камолафе (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷурабоев, 56).

Беҳтарин бозигари дидор: Уэсли Тейшера («Ал-Наср»).

Корти зард: Абдуллоҳ Ал-Амрӣ, Уэсли Тейшера («Ал-Наср»), Ҷозеф Окоро, Ромиш Насруллозода(«Истиқлол»).

Сардовар: Ко Хюнг Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1 “Ал-Наср” 1 1 0 0 5-0 3

2 “Ал-Завра” 1 1 0 0 2-0 3

3 “Гоа” 1 0 0 1 0-2 0

4 “Истиқлол” 1 0 0 1 0-5 0


Даври 2-юм

1-уми октябр (чоршанбе)


18:45 - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ


23:15 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

XS
SM
MD
LG