Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истироҳатгоҳи кормандони Роҳи оҳан ё бӯстонсарои махфии президент? ВИДЕО


Бӯстонсарои махфии Мирзиёев

Мақомоти Узбекистон бо нашри наворе аз дохили бӯстонсарои махфии президент Шавкат Мирзиёев талош доранд, исбот кунанд, ки ин истироҳатгоҳи кормандони ширкати Роҳи оҳан аст. Аммо ин навор ҳам натавонист, далелҳои таҳқиқоти Радиои Озодиро дар бораи бӯстонсарои президент инкор кунад.

Пас аз як рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи бӯстонсарои боҳашамати президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, мақомоти ин кишвар дар вокунише гуфтанд, ин иншоот дар асл маркази фароғатии кормандони “Узбекистон темир йуллари” аст.

Масъулони ширкат бо сабти наворе талош кардаанд, истироҳаткунандагони хушҳолу қаноатмандро нишон диҳанд, аммо муаллифон дар таҳияи навор, ки якуним километр дуртар аз бӯстонсаро сабт шудааст, шитобкорӣ кардаанд.

Ду моҳ пеш дар як таҳқиқот бахши узбекии Радиои Озодӣ бо далелҳои зиёд ошкор кард, ки маҷмааи боҳашамати махфӣ дар ин кишвар ба президент Мирзиёев тааллуқ дорад. Ду манбаи Озодӣ арзиши ин маҷмааи кӯҳистонӣ ва махфиро ба садҳо миллион доллар баробар карданд.

Бӯстонсароо таҳти назорати ширкати “Узбекистон темир йуллари” қарор дорад ва қаблан фаъоли сиёсӣ, Алексей Гаршин, бо намояндаи ин ширкати давлатӣ дар бораи тарҳи сохтмони мазкур суҳбат карда буд.

Наворро дар инҷо бинед ва муқоиса кунед:

Талоши худсафедкунии Идораи роҳи оҳани Узбекистон ноком шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Навори ширкати “Узбекистон темир йуллари” пас аз як рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ чоп шуд. Дар навор дида мешавад, истироҳаткунандагон гуиё роҳат аз тамоми шароитҳои фароҳамшуда истифода мебаранд. Агар бодиққат ба навор нигаред, тасвиру ҳолатҳои зиёди шубҳаоварро мебинед.

Сохти биноҳои мазкур арзон ва фарсуда ба назар мерасанд, аммо ширкати Роҳи оҳани Узбакистон мегӯяд, барои бунёди ин маҷмаа 43 миллион доллар сарф кардааст.

Дар навор ҳамчунин қабулгоҳ, ҳуҷраҳои хоб ва ҷойҳои дигари бӯстонсаро, аз ҷумла майдони махсуси ҳавоӣ дида намешаванд.

Дар ҳоле ки дар навор мегӯянд, “хуш омадед, ба осоишгоҳи Назарбек, ки ба Роҳи оҳани Узбекистон тааллуқ дорад ва фароғатгоҳ дар як минтақаи зебои ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд воқеъ аст”, вале манбаъҳои Радиои Озодӣ хабар доданд, ки навор дар Шоввозсой сабт шудааст. Дар назди посгоҳ ва 1,5 километр дуртар аз биноҳои асосии бӯстонсаро.

Як акс ба эҳтимоли зиёд аз як гӯшаи ин бино гирифта шудааст. Аз тарафи рост чанд бино ва як пул ва аз байни он роҳи асосӣ мегузарад.

Бӯстонсарои махфии кӯҳистонии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Фаъоли сиёсӣ, Алексей Гаршин, ба ширкати “Узбекистон темир йуллари" занг зада, худро яке аз хоҳишмандони истироҳат дар ин осоишгоҳи корхона муаррифӣ кард. Ӯ аз маркази тамос дар бораи шароити биноҳои дигари истироҳатӣ ва баъдан дар бораи маркази фароғатии Шоввозсой пурсид.

“Гаршин: Хоҷиканд?

Корманди роҳи оҳани Узбекистон: Бале.

Гаршин: Омонхона?

Корманди Роҳи оҳани Узбекистон: Бале, ин ҳам ҳаст.

Гаршин: Шоввозсой?

Корманди Роҳи оҳани Узбекистон: Инашро намедонам.

Гаршин: Кӣ медонад?

Корманди Роҳи оҳани Узбекистон: Намедонам.

Гаршин: Яъне, дигар истироҳатгоҳҳоро медонеду Шоввозсойро не?

Корманди Роҳи оҳани Узбекистон: Не, намедонам.

Гаршин: Ягон бор дар ин бора нашунидаед?

Корманди Роҳи оҳани Узбекистон: Не, бори аввал аз Шумо шунидам.”

Ду манбаи наздик ба ширкати Роҳи оҳани Узбекистон гуфтанд, сабту таҳияи навор рӯзҳои 18-19-уми феврал, пас аз он шуруъ шуд, ки хабарнигорон барои дарёфти тафсилот дар бораи бӯстонсаро ба намояндаи корхонаи мазкур муроҷиат карданд.

Гуфта мешавад, як қисми зиёди наворҳои дигар рӯзи 24-уми феврал, як рӯз баъд аз нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ, сабт ва худи ҳамон рӯз нашр шудааст. Бино бар ин, дида мешавад, ки дар як қисми наворҳо барф меборад ва дар қисми дигар ҳаво соф аст.

Навори мазкур махсус ба вокуниш ба таҳқиқоти Радиои Озодӣ таҳия шуда, ҳадафаш рад кардани далелҳои ифшошудаи ин таҳқиқот буд. Аммо ширкат ба чанд суоли калидӣ посух нагуфтааст. Аз ҷумла, чаро дар ин минтақа парвози ҳавопаймоҳо манъ аст. Ва инҷо суоле ба миён меояд, ки оё дар воқеъ ин мавзеъ, маркази фароғатии кормандони ширкати Роҳи оҳани Узбекистон аст ё бӯстонсарои махфии президент Шавкат Мирзиёев?

XS
SM
MD
LG