Ҷеенбек Кулубаев 5-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, то кунун 90 дарсади хати сарҳад бо Тоҷикистон муайян шудааст. Ҳафтае пеш раиси Кумитаи замини Тоҷикистон ин рақамро “94 дарсад” гуфта буд.
Ба қавли Кулубаев, роҳбарони ду кишвар инро дарк мекунанд, ки аломатгузории марз бояд ниҳоӣ карда шавад. Дар ҳоле ки назари ҷониби Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо маълум нест, мақомдори қирғиз афзудааст, ду тараф аломатгузории марзро давоми ду-се моҳи наздик тамом мекунанд.
Мақомдорони қирғиз, аз ҷумла раиси ҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов борҳо барои поёни раванди таъйини марз муҳлат гузоштанд, аммо ин кор то ҳол анҷом нашудааст ва ду тараф мегӯянд, музокирот идома дорад.
Мақомдорони Тоҷикистон дар бораи раванди гуфтугӯҳои марзӣ бо Қирғизистон зиёд суҳбат намекунанд. Рӯзи 29-уми июл Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон бидуни ироаи далели бештар танҳо гуфт, 94 дарсади хати марз бо Қирғизистон муайян шудааст.
Мақомдорони қирғиз мегӯянд, қитъаҳои боқимонда дар минтақаҳои марзии Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҷойе, ки дар солҳои охир шоҳиди муноқишаҳои хунин шудааст.
Ҷузъиёти музокираҳои ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз матбуот пинҳон мемонад ва маълум нест, то ҳол мувофиқаҳои бадастомада бар асоси кадом шарт ҳосил шудааст. Мақомоти Қирғизистон низ бархилофи солҳои гузашта тафсилотро намегӯянд.
Тоҷикистон бо Қирғзистон беш аз 987 километр сарҳад дорад. Номуайян мондани бахше аз он дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ду тараф даҳҳо куштаву маҷрӯҳ боқӣ гузошт.