Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол сари ТикТок, ки тоҷикон ҳам дар он "лона" гузоштаанд. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шабакаи телевизионии CNBC-и Амрико гузориш дод, ки ширкати Майкрософт ва ширкати чинии ByteDancе умедворанд, то ду-се ҳафтаи дигар барои хариди шабакаи иҷтимоии ТикТок ба мувофиқа мерасанд. Телевизион рӯзи 5-уми август гузориш дод, ки ду тараф гуфтугӯро дар бораи арзиши ТикТок оғоз карданд, ки Амрикову Чин сари он ҷанҷол доранд.

Замимаи телефонии ТикТок, ки танҳо чаҳор сол аз умраш гузаштааст ва соли 2016 тавассути ширкати чинии ByteDancе офарида шуд, шабакаи маҳбуби ҷавонону навҷавонон аст. Ҷоест барои нишон додани видеоҳои 15-сониягӣ, як чизи шабеҳи Инстаграм. Ҳарчанд ширкати ByteDancе мегӯяд, корбаронаш афроди аз 16 то 24-сола ҳастанд, гузоришҳои гуногуне нишон медиҳад, ки иддае начандон каме аз корбарон бештар аз 13 сол ҳам надоранд, ки мухолифи қоидаву муқаррароти ТикТок аст.

Ихтилофи Амрико бо ширкат ҳам аз инҷо сар зад. Амрико молики ТикТок-ро бо иттиҳоми бидуни ризоияти волидайн ҷамъ овардани иттилооти шахсии кӯдакони зери 13 сол ҷарима кард.

Ҳоло молики чинии ТикТок то 15-уми сентябр муҳлат дорад, ки бахши фаъолиятҳои худро дар Амрико бифурӯшад, вагарна фаъолияташ дар ин кишвар ба куллӣ манъ мешавад. ТикТок ба унвони як рақиби ҷиддӣ ва бузург барои ҳамтоёни қадимӣ ва берақиби амрикоиаш, яъне Инстаграм ва Фейсбук рӯзҳои ҷанҷоливу сарнавиштсоз пеши рӯ дорад.

Сарнавишти ТикТок чӣ хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

Ба вижа вақте мудиромили ширкати Майкрософт рӯзи 3-юми август эълон кард, ки ният доранд, ТикТок-ро бихаранд. Он ҳам дар рӯзе, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, ки ТикТок-ро хоҳад баст, магар ин ки Майкрософт ё ширкати дигаре қодир бошад, онро бихарад.

Ҳоло Майкрософт, ғӯли фанноварии Амрико дар ҳоли музокира бо ширкати чинии ByteDancе барои хариди шабакаи иҷтимоии ТикТок аст. Хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба гуфтаҳои коршиносон навиштааст, арзиши замимаи ТикТок тақрибан 50 миллиард доллар аст.

Хабаргузории “Франс Пресс” низ менависад, шарти Доналд Трамп барои фаъолияти ТикТок дар Амрико фишор бар ширкати чиниро барои фурӯхтани замима ба Майкрософт зиёдтар мекунад.

Мақомҳои Амрико нисбат ба фаъолияти ТикТок дар ин кишвар нигаронанд ва мегӯянд, ин замимаи телефони иттилооти корбаронаш аз Иёлоти Муттаҳидаро дар ихтиёри давлати Чин мегузорад. Пештар аз ин низ гуруҳе аз сенаторҳо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико аз дахолати ин шабакаи иҷтимоӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябр ибрози нигаронӣ карданд.

Доналд Трамп рӯзи 3-юми июл гуфт, ба сабабҳои амниятӣ набояд иҷоза дод, "таввасути Чин контрол шавед". Майк Помпео, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида моҳи гузашта бо ҳушдор ба мардуми Амрико дар мавриди истифода аз ин шабакаи иҷтимоӣ гуфт: "Агар мехоҳед, иттилооти шумо ба дасти Ҳизби коммунистии Чин биафтад, ин замимаро дар телефонатон насб кунед."

Cтивен Мнучин, вазири молияи Амрико ҳам рӯзи 2-юми август гуфт, кишвараш наметавонад, иҷоза бидиҳад, ки ТикТок ба шеваи феълӣ фаъолияташро дар Амрико идома бидиҳад. "Мо ТикТок-ро ба шакли феълиаш нигаҳ дошта наметавонем, ки иттилоот ва маҳалли ҷойгиршавии 100 миллион амрикоиро ба Чин бифристад", -- афзуд ӯ.

Тибқи қонунҳои Чин ширкатҳо муваззаф ҳастанд, барои масоили амниятӣ ҳамкорӣ кунанд. Дар вокуниш ба баёнияҳои Амрико, Чин рӯзи 4-уми август, Иёлоти Муттаҳидаро ба зӯргӯйӣ муттаҳам кард. ТикТок нахустин шабакаи иҷтимоии Чин аст, ки муввафақ шуд, дар ҷаҳон ва бахусус дар Иёлоти Муттаҳида маҳбубияти зиёд ба даст оварад.

ТикТок ба ҳадде маҳбуб шуд, ки Фейсбук барои рақобат бо он барномае бо номи Ласcо-ро сохт, вале муваффақ нашуд, ин рақиби сарсахтро шикаст бидиҳад.

Бино ба гузоришҳо, ТикТок дар саросари ҷаҳон тақрибан 1 миллиард корбар дорад.

Хабаргузории "Азия-Плюс" дар як гузорише навиштааст, ки аз назари насб дар телефонҳо, ТикТок дар Тоҷикистон пас аз Фейсбук дар мақоми 7-ум аст. Теъдоди дақиқи корбарони ТикТок дар Тоҷикистон маълум нест, вале маълум аст, ки даҳҳо ҳазор нафар онро истифода мебаранд ва овозхону баъзе аз блоггерҳои шинохтаи тоҷик ҳам барои ҷалби тарафдор дар ин шабака ҳам "лона" гузоштаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG