Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"11 зарби корд". Ҷасади фаъоли собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара ёфтанд

Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнон, фаъоли собиқи ҲНИТ дар Исфара буд.
Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнон, фаъоли собиқи ҲНИТ дар Исфара буд.

Пас аз ҳафт рӯзи нопадид шудан ҷасади Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнони 60-сола, соҳибкор ва собиқ фаъоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Исфара пайдо шудааст.

Ҷасади ӯро рӯзи 4-уми май дар зодгоҳаш, деҳаи Сурхи Исфара, ба хок супурданд.

Мақомот расман сабаби марги сокини Исфараро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш мегӯянд, "дар бадани ӯ 11 осори корд дида мешуд."

Абдусалом, яке аз пайвандони ӯ рӯзи 4 уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду нафар рӯзи 27-уми апрел бо ваъдаи он ки писарашро аз зиндон озод мекунанд, ӯро бо худ бурда буданд. Ба гуфтаи ӯ, он рӯз Абдуманнон ҳамроҳаш 100 ҳазор доллар доштааст.

ҲНИТ дар паёми таслият ба хонаводаи Маннон Содиқов рӯзи 4-уми май дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ки ӯ “аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст”.

Наздикони ӯ мегӯянд, Абдусалом Содиқов, писари Маннон Содиқов бо ҷурми интиқоли пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, як тан аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар боздошт ва соли 2024 ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд.

Наздикони Маннон Содиқов мегӯянд, он ду нафаре, ки ӯро бо худ бурданд, ба ӯ гуфтаанд, ки “бо сад ҳазор доллар писарашро аз маҳбас озод мекунанд ва ӯ ҳам ба ин пешниҳод розӣ шудааст.”

Ӯ ба пофишории наздикон, ки ба ин пешниҳод розӣ нашавад, гӯш надодааст.

Ба гуфтаи наздикон, ҳанӯз ҳеч хабаре аз боздошти қотил ё қотилонро ба онҳо нарасондаанд.

ҲНИТ дар паёми таслияташ гуфтааст, ки пас аз баста шудани ҳизб дар Тоҷикистон дар соли 2015 ин фаъоли ҳизб таъқибу боздошт ва як сол зиндонӣ шуда буд.

ҲНИТ соли 2015 дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ эътироф шуд. Даҳҳо узви фаъоли он боздошту зиндонӣ ва гурӯҳи дигаре аз Тоҷикистон фирор карданд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG