Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби нави таҳсил аз чиҳо иборат аст? Шарҳи Вазорати маорифи Тоҷикистон. ВИДЕО


Соҳибназар Сафаров, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Аз эълони Вазорати маориф ва илм дар бораи шурӯи таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон панҷ рӯз гузашт, аммо баъзе аз суолҳо ҳамчунон беҷавоб мондаанд.

  • Аз ҷумла, дарсҳо 25 дақиқа хоҳанд шуд, ё аслан бетағйир мемонанд?
  • Чаро мақомот натавонистанд дарсҳои фосилавиро ба роҳ монанд?
  • Кӯдакон кай ба кӯдакистон бармегарданд?

Хабарнигори Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз Соҳибназар Сафаров, муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пурсид.

Соҳибназар Сафаров: "17-уми август расман рӯзи оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон аст. Соли нави хониш ва тартиби нави иштироки муҳассилонро дар мактабҳо Вазорати маориф дар ҳамоҳангӣ бо Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 рӯзи 27-уми июл қабул кард. Аллакай он ба тамоми мактабҳо фиристода шуд. Риоя кардани тартибҳои нав барои ҳифзи саломатии хонандагон бисёр муҳим аст."

Радиои Озодӣ: Аммо нигаронии бархе аз волидон ин аст, ки мактабҳо оё барои қабули хонандагон дар шароити нав омода ҳастанд ва риояи қоидаҳои нав, аз ҷумла фосилаи ҷисмонӣ, имконпазир ҳаст ё не?

Соҳибназар Сафаров: "Мактабҳо пеш аз ҳама бояд бо маҳлулҳои беҳдоштӣ ва собун таъмин шаванд ва оби тоза дошта бошанд. Фосилаи ҷисмонӣ риоя карда шавад. Дар тартиби нав гуфта шудааст, ки машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имкон берун аз синфхонаҳо ҷараён гирад ва бештар толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад."

Радиои Озодӣ: Дарсҳо бар асоси барномаи нави таълим шуруъ мешаванд, ё муҳассилин идомаи барномаи таълимии соли гузаштаро мехонанд?

Соҳибназар Сафаров: "Барномаи нави таълимӣ шуруъ мешавад, чунки соли гузаштаро аллакай ҷамъбаст карданд. Танҳо барои хонандагони синфи якум каме тағйирот ҳаст. Солҳои гузашта хонандагоне, ки бори аввал ба мактаб қабул мешуданд, аз якуми август то якуми сентябр бо муҳити мактаб ошно мешуданд. Аммо имсол онҳо шиносоиро аз 17-уми август оғоз мекунанд ва мумкин аст то дертар идома кунад. Дигарон машғулиятҳои таълимиро аз 17-уми август оғоз хоҳанд кард."

Радиои Озодӣ: Дар тартиби нав дар бораи кӯтоҳ кардани замони дарсҳо низ ишора шудааст. Ин тартиб аз 17-уми август дар назар гирифта шудааст ё дар ҳолати таҳдиди ба истилоҳ "мавҷи дувум"?

Соҳибназар Сафаров: "Дар ин маврид ҳеч тағйирот нест. Ба монанди солҳои пешин танҳо хонандагони синфҳои якум 35 дақиқа ва аз синфи дувум то ёздаҳум 45-дақиқаӣ дарс хоҳанд хонд. Ин меъёрҳои қабулшуда имсол ҳам риоя карда мешавад. Аммо дар ҳолатҳои пеш омадани "мавҷи дуюми беморӣ" дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 шояд вақти баргузории машғулиятҳо иваз карда шавад ё ин ки давомнокиро камтар ва ба зергуруҳҳо ҷудо кунанд. Чун дар ҳоли ҳозир вазъ дар кишвари мо нигаронкунанда нест, ҳеч тағйирот дар ин маврид ҷой надорад. Аз ҳамагуна тағйирот ҳатман кормандон огоҳ карда мешаванд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Соли нави таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон 17-уми август оғоз меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Радиои Озодӣ: Бештари волидон мақомотро барои он танқид мекунанд, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ натавонистаанд дарсҳои фосилавиро ба монанди кишварҳои дигар ба роҳ монанд, то хонандагон аз барномаҳои таълимӣ дур намонанд. Агар вазъ чунон шавад, ки кӯдакон ба мактаб рафта натавонанд, он вақт чӣ хоҳад шуд?

Соҳибназар Сафаров: "Дар пайи қабули барномаи компютерикунонии муассисаҳои миёнаву олӣ талошҳо барои таъмин кардани мактабҳо бо таҷҳизоти электронӣ ва пайваст кардани онҳо бо Интернет зиёд аст. Мактабҳо аллакай бо тахтаҳои электронӣ таъмин ҳастанд. Дар ҳолатҳои эҳтимолӣ мешавад тавассути ин таҷҳизот дарсҳои фосилавиро ба роҳ монд. Чизи дигар ин аст, ки Маркази рушди истеъдодҳо аз ҳама фанҳо дарсҳои видеоӣ омода кардааст. Дар ин давра барномаҳои таълимӣ аз тариқи телевизионҳо ҳам намоиш дода шуд. Дар баробари ин варианти электронии китобҳои дарсӣ омода ва дастраси тамоми хонандагони мактабҳои миёнаву умумӣ аст."

Радиои Озодӣ: Ҳоло аксари идораву муассисаҳо ба кори маъмулӣ баргаштанд ва бархе ҳам кӯдакони хурдсол доранд, ки дар боғчаҳо таълим мегирифтанд. Чаро дар баробари мактабҳои миёнаву олӣ санаи шурӯи машғулиятҳо дар кӯдакистонҳо таъин нашуд?

Соҳибназар Сафаров: "Дар мавриди оғози машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ҳатман хулосаи Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 зарур аст. Дар ин маврид алакай муроҷиати Вазорати маориф ва илм ба ситод фиристода шудааст. Агар мутахассисон ризоят диҳанд, фармони иловагии вазири маориф қабул мешавад ва дар ин бора ба сокинон хабар медиҳем."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG