Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародараш гуфт, Ҷунайдулло Худоёров аз Боздоштгоҳи Русия озод шуд


Ҷунайдулло Худоёров. Акс аз соли 2019
Ҷунайдулло Худоёров. Акс аз соли 2019

Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздоштгоҳи Тюмен дар Русия озод шудааст.

Ӯро бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2023 дастгир карда буданд. Як сол дар Боздоштгоҳ истод.

Хайрулло Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло ҳамроҳ ба хона равонаем.”

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парвандаи Ҷунайдулло Худоёров ва иттиҳоми зидди ӯ ҷузъиёт надоданд. Радиои Озодӣ пештар санадеро дида буд, ки бинобар он Раёсати корҳои дохилӣ дар Рашт ӯро ба авбошӣ (моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад кардааст.

Худаш моҳи июни соли 2023 дар наворе аз толори додгоҳ гуфт, бар асоси шикояти наздикони оилае боздошт шуд, ки фарзандашон ба куштани бародарзодаи ӯ, Алиризо Худоёров, гунаҳкор аст. Алиризо Худоёров соли 2021 дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. Ҳарчанд дар марги ӯ ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, баҳсу ҷанҷоли хонаводаҳо поён наёфт.

Ҷунайдулло Худоёровро соли 2018 ба гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, соли 2019 бар асоси қонуни афв озод намуданд. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ донист.

Баъд аз раҳоӣ аз зиндон дар Русия буд, вале дар пайи кушта шудани бародарзодааш, Алиризо, ба зодгоҳаш баргашт. Пас аз як муддат боз ба Русия рафт.

XS
SM
MD
LG