Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: "Каромат Шарипов аз соли 1974 дар қайди Файзобод аст" ВИДЕО


Каромаи Шарипов
Каромаи Шарипов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилиро баррасӣ кард. Мурофиаи нахустин рӯзи 8-уми май таҳти раёсати додрас Сафар Нурализода ва бо ҳузури намояндагони Вазорати умури дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти шиносномадиҳӣ сурат гирифт. Ба хабарнигорон иҷоза шуд, ки дар мурофиа иштирок кунанд, аммо ҳаққи сабти садо ва видеоро надоданд.

  • Каромат Шарипов ним сол пеш аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи шаҳрвандии он кишвар маҳрум шудааст.
Каромат Шарипов аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо хост, барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё ёрӣ кунанд.

Каромат Шарипов ин се идораи давлатии Тоҷикистонро барои пешниҳоди маълумоти гӯиё ғалат дар бораи шаҳрвандии ӯ ба мақомоти Русия муттаҳам намудааст. Ба қавли ӯ, ҷониби Душанбе соли гузашта ба мақомоти Русия гуфтаанд, ки "ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст". Дар ҳоле ки худи Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеч вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро нагирифта буд.

Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

"Додгоҳ бояд дақиқ кунад, ки санад дар бораи гӯиё шаҳрвандӣ доштани ман дар Тоҷикистон то куҷо воқеӣ ва то куҷо тақаллубӣ аст. Ва бар асоси чӣ далеле ин гуна ҳуҷҷат пешниҳод шудааст", - афзуд ӯ. Айни ҳамин савол дар мурофиаи рӯзи 8-уми май дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам садо дод. Ғайратҷон Шарипов, намояндаи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар посу гуфт, то замоне ки шахс расман муроҷиат накунад, ҳаққи шаҳрвандиаш ҳифз хоҳад шуд. Коре ки бо Каромат Шарипов иттифоқ афтодааст.

Ғайратҷон Шарипов гуфт, бино ба санадҳое, ки аз зодгоҳи Каромат Шарипов ба даст оварданд, ӯ аз соли 1974 боз дар қайди ноҳияи Файзобод буда, барои қабули шаҳрвандии Русия худро аз қайди Тоҷикистон берун накардааст.

Каромат Шарипов: Намояндаҳои ВКД аз қонун дуранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Аммо Каромат Шарипов иддао дорад, ки бо қарори махсуси ҳукумат онҳое, ки беш аз даҳ сол дар Тоҷикистон набуданду худро дар сафорату консулгариҳо сабт накардаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд. Вай ҳамзамон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, сабаби пешниҳоди маълумотномаи бозгашти ӯ аз Русия ва имзои консули вақти Тоҷикистон дар Маскав Ашраф Гуловро дар санаде шарҳ диҳанд. Ба гуфтаи Шарипов, Ашраф Гулов дар ҳоле ба ҳуҷҷати пешниҳодшуда имзо кардааст, ки аллакай аз вазифа рафта буд.

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Аммо Искандар Шарофзода, намояндаи Вазорати корҳои Тоҷикистон, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт: “Ҳуҷҷате, ки ба мақомоти Русия пешниҳод шудааст, дар асоси маълумоти и ВКД аст. Дар мавриди имзои Ашраф Гулов инро бояд гӯям, ки онҷо на имзои Гулов, балки иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати консулгарӣ буд ва ишорае ҳам дар он ҳуҷҷат дар баробари имзо қайд шудааст”.

Дар аввалин мурофиаи додгоҳӣ дар баробари Каромат Шарипов намояндаи расмияш Гулбаҳор Қодирова аз ҳуқуқи ӯ ҳимоя кард. Каромат Шарипов мегӯяд, "ду адвокати дигар дар қисми тайёрӣ ҳастанд. Агар баҳс дар инҷо ҳал нашавад, дар зинаҳои болоӣ барои ҳимоя аз ман талош хоҳанд кард."

Дар мурофиаи рӯзи сешанбе додрас ҳудуди се соат тавонист, даъво ва посухи ҷонибҳоро шунавад ва идомаи баррасии мурофиа ба ҳафтаи оянда гузошта шуд.

Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, ки сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст. Русия баъди ин шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор кард ва ҳоло ӯ, ба гуфтаи худаш, як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст. Шарипов ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи манфиатдор донистааст, ки ба ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи муҳоҷирон рабт дорад.

Вай ду моҳ пеш аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё кумак кунанд. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон моҳи март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳеч вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро надошт ва намехоҳад дар кишвар бимонад.

Суҳбати видеоӣ бо Каромат Шарипов, аз бойгонии Озодӣ:

Каромат Шарипов: Ман дар Тоҷикистон ба кӣ даркорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG