Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Каромат Шарипов: “Ӯ сутунмуҳраашро табобат мекунад” САДО


Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Наздикони Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”, ки бо қарори додгоҳ аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, гуфтанд, ӯ боздошт нашудааст. Ба таъкиди наздикон, феълан Каромат Шарипов ба табобат машғул аст ва бо беҳтар шудани вазъи саломаташ бо расонаҳо суҳбат хоҳад кард.

Барои чӣ боздошт шавад? Мушкили аслии ӯ дар масъалаи издиҳоми бозори Люблино ва латту кӯби Наврӯз Зикиров буд, ки аслан ба Тоҷикистон рабт надорад

Пайвандони Каромат Шарипов рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сарусадои боздошти ӯ асос надорад ва ӯ ҳоло “дар озодӣ” ва “дар ҳалқаи пайвандонаш аст”. Як хеши наздики Каромат Шарипов дар Душанбе, ки гуфт, аз номи хонавода сӯҳбат мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Каромат Шарипов бо ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон ягон мушкил надорад ва барои боздошти ӯ низ дар кишвар ҳеч сабаб вуҷуд надорад”.

“Барои чӣ боздошт шавад? Мушкили аслии ӯ дар масъалаи издиҳоми бозори Люблино ва латту кӯби Наврӯз Зикиров буд, ки аслан ба Тоҷикистон рабт надорад. Ҳоло бояд каме истироҳат карда, саломаташро барқарор намояд. Баъд бо рӯзноманигорон суҳбат мекунад. Ӯ ба наздикӣ ҷарроҳӣ шуда буд ва баъд аз беҳтар шудани вазъи саломаташ аз пушти ҳуҷҷатҳояш меравад”, - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Наврӯз Зикиров дар бемористон. Акс аз бойгонӣ
Наврӯз Зикиров дар бемористон. Акс аз бойгонӣ

Ба қавли пайвандони Каромат Шарипов, вакилони дифои ӯ барои ҳалли мушкили ҳуҷҷатгузориаш дар Русия кор мебаранд ва бо ҳал шудани ин мушкилот, Каромат Шарипов дубора ба он кишвар бармегардад. Шарипов, ба гуфтаи пайвандонаш, як моҳ қабл ҷарроҳӣ шуда, аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашад. Наворҳо аз лаҳзаи ихроҷи Каромат Шарипов аз Русия ҳам нишон медиҳад, ки ӯро савори аробаи маъюбӣ ба фурудгоҳ оварданд.

Дар ҳоле ки хешовандонаш таъкид мекунанд, ки Каромат Шарипов дар озодӣ аст ва аз пайи муолиҷаи худ мебошад, то ба ҳол ҳеч нафаре аз журналистон натавонист бо худи ӯ дидор ва сӯҳбат кунад. Маълум нест, ки дар Тоҷикистон, дар куҷо ба сар мебарад.

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”-ро шаби 13-уми декабр ба Тоҷикистон фиристоданд. Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид.

ВКД: “Мо чунин маҳбус надорем”

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, Каромат Шариповро боздошт накардаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ниҳодҳои зертобеи онҳо боздоштшудае бо номи Каромат Шарипов вуҷуд надорад.

Ихроҷи Каромат Шарипов рӯзи 12-уми декабр дар пайи қарори додгоҳи вилояти Маскав имконпазир шуд. Ин додгоҳ қарори қаблии Суди Либеретски шаҳри Маскавро ҷонибдорӣ кард, ки Шариповро ба нақзи муқаррароти будубоши муттаҳам намуда, ихроҷаш (выдворение)-ро қонунӣ донист.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Александра Медведева, вакили дифои Каромат Шарипов, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарори Додгоҳи вилояти Маскав ба муқаррароти қонунҳои байналмилалӣ ва Русия муғойират дорад ва аз болои он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. “Гуноҳи Каромат Шарипов дар додгоҳ собит нашудааст”, - афзуд ӯ.

Пеш аз ин: Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷикро бастанд

Охири моҳи сентябри имсол як раёсати ВКД дар вилояти Маскав шиносномаи Каромат Шариповро бекор кард. Дар ҳоле ки наздиконаш мегӯянд, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест, мақомоти тоҷик моҳи октябр дар як нома ба ҷониби Русия гуфтаанд, ки "ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст".

Соле аз ин пеш бо қарори Додгоҳи олии Русия созмони дар соли 2008 таъсисдодаи ӯ - “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик” ҳамроҳ бо 46 шӯъбааш дар саросари Русия барои “нақзи фаъолияти оинномавӣ ва протоколҳои анҷуман” баста шуд.

Ҳомиёни Каромат Шарипов мақомоти Тоҷикистонро муқассири мушкилоти ӯ меноманд ва мегӯянд, тамоми таъқибҳои ӯ бар пояи шикоятҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. То ҳол ҳеҷ мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳукми Каромат Шариповро шарҳ надодааст.

Ҳушдори додситонӣ дар пайи ҳодисаи Люблино

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамеша гуфтааст, ки дар солҳои 1990-ум дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмат карда, як афсари нирӯҳои низомии Русия мебошад. Соли 2008 “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия”-ро ташкил дода, ба як чеҳраи фаъоли матбуотӣ ҳам табдил шуд. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст.

Дар пайи моҷарои марбут ба латту кӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии "Люблино", додситонии минтақаи ҳамноми он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дода буд, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бархе аз фаъолони ҷунбиши муҳоҷирон дар Русия Каромат Шариповро шахси баҳсбарангез меноманд, ки аз сӯе худро ба унвони як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон муаррифӣ карда, аз тарафи дигар изҳороти зидду нақизе пахш мекард. Мунаққидон ӯро шахси манфиатдор ва дахил дар баҳсҳои тиҷоратӣ бо ширкати муҳоҷирон меноманд, вале ӯ ҳамеша худро як ҳомиву фаъоли ҳуқуқ муаррифӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG