Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фикр намекардам, онҳоро зиндонӣ мекунанд". Тақдири оилае, ки аз Сурия баргашт


Додгоҳи вилояти Туркистони Қазоқистон занеро, ки моҳи майи имсол дар ҷараёни амалиёти вижа аз Сурия ба зодгоҳаш баргашта ва изҳори пушаймонӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 4-уми октябр содир шуд.

Мақомот Аида Амонгелдиро ба "таблиғи терроризм, даъвати оммавӣ барои амалҳои террористӣ ва таҳдид" айбдор карданд. Худи ӯ гуфт, аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят надорад. Модараш аз мақомот хостааст, вазъи саломати духтараш хуб нест ва ҷазои ӯро сабуктар кунанд.

Намояндаи додситонӣ Ерсин Алтаев мегӯяд, дар ҷараёни тафтиш гуноҳи Аида Амонгелдӣ "пурра тасдиқ шудааст". Бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми октябр навишт, замоне ки додситон аз додрас ба Аида Амонгелдӣ панҷ соли зиндон талаб кард, "ӯ дар паси панҷара оромона мегирист".

Вақте додрас Гулмира Раҳимбоева ба ӯ фурсат дод, то сухани охиринашро дар додгоҳ ироа кунад, вай гуфтааст, гуноҳро мепазирад ва хоҳиш кардааст, ҳукми камтар диҳанд. Вале додрас ҳамон муҳлати зиндонро ба ӯ таъйин кард, ки додситон хоста буд.

Вакили мудофеи ин зан мегӯяд, Аида Амонгелдӣ зери таъсири наздикон ба Сурия рафтааст ва аз кардаи худ сидқан пушаймон аст.

Эълони ҳукми Аида Амонгелдӣ. 4-уми октябри соли 2019
Эълони ҳукми Аида Амонгелдӣ. 4-уми октябри соли 2019

Аида Амонгелдӣ духтари омӯзгори собиқи забони русӣ Марат Мавлонов, аст, ки соли 2015 бо ҳамсар ва шаш фарзандаш аз вилояти Туркистон ба Сурия рафта ва аз онҷо ба ҳукумати Қазоқистон таҳдид карда буд. Ойгул Нишонбоева, ҳамсари Мавлонов мегӯяд, писари калониаш Нурдавлат Амонгелдӣ соли 2016 ва шавҳараш соли 2017 дар ҷанг кушта шуданд.

Худи ӯ ҳамроҳи аъзои дигари оила аз минтақаи ҷанг фирор карда, ба дасти курдҳо афтодаанд. Баъдан мақомоти Қазоқистон онҳоро моҳи майи имсол аз Сурия ба кишварашон баргардонданд.

Ойгул Нишонбоева мегӯяд, баъди бозгашт ба Қазоқистон мақомот фарзандони ӯро яке пайи дигар боздошту бозпурсӣ кардаанд. Моҳи августи имсол додгоҳ писараш Диас Амонгелдии 18-соларо ба шаш соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ низ ба таблиғи терроризм ва даъвати оммавӣ барои амалҳои террористӣ айбдор шуд.

Писари дигараш Афзал Амонгелдии 22-сола дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон аст. Писарони панҷ ва нуҳсолааш бо худи ӯ мондаанд.

"Гап задан дар ин бора ба ман хеле мушкил аст. Қувватам намондааст. Як дафъа имкон даст дод, ки бо Диас дар Шимкент дидор кунам. Вақте фарзандони маро дастгир карданд, ҳатто натавонистам пурсам, ки гуноҳашон чист. Тарсидам. Ман аз он розӣ ҳастам, ки ду фарзанди хурдсоламро ба интернат надоданд ва маро ба ҷавобгарӣ накашиданд", -- гуфт ӯ.

Зане дар байни вайронаҳои Сурия
Зане дар байни вайронаҳои Сурия

Ба қавли ин зан, баъд аз бозгашт аз Сурия духтараш Аида Амонгелдӣ бо гумони "даъват ба ҷиҳод дар Сурия" боздошт шуд. Аида дар Сурия шавҳар карда ва ду фарзанд ба дунё овардааст, вале кӯдакон дар ҳафтмоҳагӣ фавтидаанд. Оила имкони табобати онҳоро надоштааст.

"Бисёр тарснок буд. Соли 2017, пас аз ду соли сафари мо ба Сурия мехостем ба кишвар баргардем. Аммо фикр кардем, ки дар Қазоқистон моро қабул намекунанд ва ҳар кас моро барои ин хатои кардаамон бо ангушт нишон медиҳад. Бо ин тарс ду сол зистем. Намедонистем аз онҷо чӣ гуна берун биоем. Бисёре аз онҳое, ки кӯшиши худсарона аз онҷо берун шуданро карданд, дар минаҳо таркиданд. Вақте ба дасти курдҳо афтодем, писарони калонамро ҷудо карда, дар зиндон андохтанд", -- нақл кард ӯ.

Ин зан мегӯяд, фикр намекард, ки баъд аз бозгашт аз Сурия онҳоро дастгир мекунанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, онҳоеро, ки дар парвандаашон таркиби ҷиноят буд, маҳкум кардаанд, дигарон озод ҳастанд.

Ойгул Нишонбоева ҳам дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, "мо бо мақсади зиндагии осоишта ва одамвор ба кишвари худ баргаштем. Чунин эҳсос мешавад, ки ҳама барои ба Сурия рафтан маро гунаҳкор мекунанд. Ман барои ин кор узр пурсидам. Боз чӣ карда метавонам?"

Занҳое, ки аз Сурия ба Қазоқистон баргаштаанд, дар маркази мутобиқшавӣ
Занҳое, ки аз Сурия ба Қазоқистон баргаштаанд, дар маркази мутобиқшавӣ

Нишонбоева мегӯяд, "онҳое, ки дар Сурия буданд", шавҳарашро бовар кунондаанд, ки бо оилааш ба онҷо равад.

Бародари хурдии Марат Мавлонов аз он ки ӯро аз даст додааст, сахт мутаассир аст. "Марат бародари ягонаи ман буд, аммо хато кард, ки ба Сурия рафт. Оилаи мо даврони хеле мушкилро пушти сар мекунад", -- мегӯяд ӯ.

Моҳи июли соли 2018 мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтанд, аз замони оғози ҷанг дар Ховари Миёна ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Дар ҷараёни амалиёти вижаи "Жусан" дар баҳори имсол мақомоти Қазоқистон 561 нафар, аз ҷумла 360 кӯдакро аз Сурия берун оварданд. Зидди баъзе аз онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG