Дар ноҳияи Фархор фоҷиаи даҳшатборе рух дод. Шаби 29 ба 30-уми июн сокини маҳаллӣ Мадина Ҳалимоваи 27-сола худ ва чаҳор фарзандашро аз рӯи пул ба дарёи Сурхоб андохтааст. Дар ин фоҷеа кӯдакон нобуд шуда, худи зан тавонистааст аз об зинда берун шавад. Ҷасади ду кӯдак пайдо ва дуи дигар дар ҷустуҷӯ мебошад. Занро боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Як мақоми Раёсати кумитаи ҳолатҳои фақулодаи минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби рух додани фоҷеа "баҳси хонаводагӣ, яъне баҳси дузанагии ҳамсараш" будааст. Ӯ гуфт, зан огаҳ шудааст, ки шавҳараш зани дуюм дорад ва барои қассосгирӣ даст ба чунин кор задааст.
Ин масъули идораи наҷотбахшӣ шуд, ҷустуҷӯи ду тифли дигар дар дарё давом дорад, "аммо дар сурати ба дарёи Панҷ рафтани ҷасадҳо, кофтукоб барои наҷодиҳандагон мушкил хоҳад шуд".
Ҳалимова соҳиби се духтар ва як писар буд ва калониаш 5-сола ва хурдиаш чандмоҳа будааст.
Як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзи 1 июл гуфт:
“Ҳамон шаб ин Мадина омада аз болои кӯпрук аввал кӯдаконашро мепартояд ва аз пайи фарзандонаш худашро мепартояд. Ӯ аз об берун мебарояд, вале фарзандонашро пайдо намекунад. Ба хона меравад ва субҳ ҳодисаро ба шавҳараш нақл мекунад. Дар аввал касе бовараш намекунад, баъдан вақте кӯдакон пайдо намешаванд, аз пайи ҷӯстуҷӯи онҳо мешаванд ва ба мақомот хабар доданд”, - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло Мадина Ҳалимова боздошт шудааст ва Додситонии ноҳияи Фархор нисбати ӯ бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Манбаи Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор гуфт, то ҳол ҷасади ду кӯдак — Муҳаммад Шарифзодаи семоҳа ва Зайнаб Абдулхонзодаи сесола пайдо шудааст. Ҷустуҷӯи ду нафари дигар — Латофат Абдулхонзодаи панҷсола ва Ёсамин Абдулхонзодаи сесола идома дорад.
Ин аввалин бор нест, ки дар Тоҷикистон занҳо даст ба куштани худ ва кӯдаконашон мезананд. Дар гузашта ҳам мақомот чунин фоҷиаҳоро бо хушунати хонаводагӣ рабт медоданд.
Феълан маълум нест, назари ҳамсари Ҳалимова ва наздиконаш ба ин фоҷеа чӣ аст ва худи ӯ дар бораи ин ҳодиса чӣ ҷузъиёти бештаре медиҳад.
Мақомоти ноҳияи Фархор танҳо изҳор доштанд, ки тафтишот идома дорад ва сабабҳои ин ҳодисаи фоҷиабор баъдтар расман эълон хоҳанд шуд.
Гуфтугӯ