Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод барои шарҳи гуфтугӯ бо Толибон ба Конгресс даъват шуд


Як кумитаи конгресси Амрико рӯзи 12-уми уми сентябр аз намояндаи вижаи вазорати корҳои хориҷии ин кишвар барои Афғонистон Залмай Халилзод хостааст, ки ҳафтаи оянда ба ин кумита ояд ва ба суолҳо посух диҳад.

Раиси Кумитаи корҳои хориҷии маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико Элиот Энгел аз ҳизби демократ изҳор дошт, аз ин ки президент Трамп Халилзодро аз ҷавоб додан ба саволҳо ва маълумот ба мардум дар бораи фаъолиятҳояш дур нигоҳ доштааст, хаста шудааст. Ба гуфтаи ӯ мардуми Амрико дар бораи донистани рафти сулҳи ҷанги 18солаи Афғонистон дар торикӣ мондаанд.

Ба гуфтаи Элиот Энгел, Вазорати умури хориҷаи Амрико дар соли равон се маротиба дархости Кумитаи умури хориҷаи Маҷлиси намояндагонро барои дарёфти шарҳ дар хусуси сулҳи Афғонистон нодида гирифтааст.

"Чанд моҳ аст, ки мо натавонистаем дар хусуси тарҳи сулҳи Афғонистон посух ба даст орем ва акнун раиси ҷумҳур мегӯяд, ки ин тарҳ мурдааст. Мо бояд ба таври мустақим аз намояндагони вижаи давлат дар умури Афғонистон шунавем, ки чигуна раванди музокирот аз масираш хориҷ шуд,"-гуфт раиси Кумитаи равобити хориҷаи маҷлиси намоядагони Амрико.

Бар асоси даъватнома, Залмай Халилзод бояд рӯзи панҷшанбеи 19-уми сентябр ба Маҷлиси намояндагони Амрико ҳозир шавад.

Музокироти сулҳ бо гуруҳи Толибон чанд моҳ идома кард ва як ҳафта пеш Залмай Халилзод гуфт, тавофуқ бо ин гуруҳ усулан ниҳоӣ шуда, танҳо ба тасдиқи Доналд Трамп ниёз дорад.

Аммо Доналд Трамп рӯзи шанбеи 7-уми сентябр дар чанд твит эълом кард, ки дидор бо роҳбарони Толибон ва раисҷумҳури Афғонистонро дар "Camp David" лағв кардааст.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 9-уми сентябр таъкид кард, ки “то онҷо ки ба ман марбут мешавад музокирот мурдааст.”

Ин кори ногаҳонии президент Трамп бисёрии аъзои Конгрессро хашмгин кард, чун дар гузашта дар моҳҳои феврал, апрел ва аввали ҳамин моҳ онҳо хоҳони ҷавобгӯии Халилзод ба Конгресс шуда буданд, аммо ин дархостҳои онҳо аз сӯи президент Трамп рад шуда буд. Поёни ҷанг дар Афғонистон ва овардани сарбозони амрикоӣ ба ватанашон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур Трамп ба шумор меравад.

Амрико соли 2001 бо ҳамлаҳои низомӣ ба Афғонистон давлати Толибонро сарнагун кард. Давлати Толибон ба гуруҳи “Ал-қоида” паноҳгоҳ дод, ки масъулияти ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябрро ба уҳда гирифта буд.

Амрико ба таври расмӣ маъмурияти ҷангии худро дар Афғонистон соли 2014 хотима бахшид. Аммо наздик ба 14 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон мондаанд, ки бисёрии онҳо ба омӯзонидани неруҳои ҳукумати Афғонистон банд мебошанд.

Ҷанги Афғонистон дарозтарин набарде аст, ки Амрико дар он ҳамроҳ аст.Ҷанг дар ин кишвар даҳҳо ҳазор қурбонӣ дошт. Бино ба гузориши расмии Вазорати дифои Амрико то моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 2210 низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҷон додаанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG