Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хориҷиён барои таҳсил ба донишгоҳҳои Данғара мераванд


Донишгоҳи давлатии Данғара
Донишгоҳи давлатии Данғара

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи тиббии Хатлон, ки аз муассисаҳои таълимии тозатаъсисанд, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ сол ба сол зиёд мешавад.

Ҳарду дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷойгиранд. Як сабаби омадани хориҷиён барои таҳсил ба ин донишгоҳҳои берун аз пойтахт, шаҳри Душанбе он будааст, ки ҳайатҳои онҳо дар берун аз кишвар низ барои ҷалби донишҷӯ таблиғот мебаранд. Ҳоло 230 донишҷӯи хориҷӣ дар ду донишгоҳ таҳсил доранд.

Шукрулло Хайрзода, раиси донишгоҳи Данғара: “Дар донишгоҳ 220 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунанд. Як нафар аз Русия, шаш нафар аз Туркманистон ва 213 нафари дигар аз Узбекистон рӯзонаву ғоибона таҳсил мекунанд.”

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Данғара барои таблиғ ба Узбекистон рафта будаанд. Дар Донишгоҳи тибби Хатлон омӯзгорон аввал забони англисӣ омӯхтаанд. Роҳбарони донишгоҳ мегӯянд талош доранд, ҳамаи омӯзгорон забонҳои хориҷиро донанд. Ҳоло тибқи шартномаи ҳукуматӣ донишҷӯён ба ин ҷо аз Ҳиндустон ва кишварҳои арабӣ шомил мешаванд.

Шодмон Аҳмадзода, муовини раиси Донишгоҳи тиббии Хатлон: “Мо шартномаро бо мамолики араб ва Ҳиндустон, ки дар доираи созишномаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон байни давлатҳо ҳаст ба имзо расонидем.”

То соли таҳсили 2025 Донишгоҳи тиббии Хатлон даҳ донишҷӯи хориҷӣ дошт. Акнун тибқи нақша бояд 100 хориҷии дигар барои таҳсил оянд. Роҳбарони ҳарду донишгоҳ мегӯянд, ки тамоми шароит барои қабули донишҷӯёни хориҷиро доранд.

Донишгоҳи Данғара соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъсис ёфт. Донишгоҳи тиббии Хатлон соли 2016 боз шуд, аммо то кунун корҳои сохтмонӣ дар ин ду донишгоҳ давом дорад. Ҳоло вилояти Хатлон ба сурати умум панҷ донишгоҳ дорад. Ду донишгоҳ дар Кӯлоб, ду донишгоҳ дар Данғара ва як донишгоҳ дар Бохтар.

Аммо донишгоҳҳои худи Кӯлоб, ҳоло донишҷӯёни хориҷӣ надоранд. Роҳбарони ин донишгоҳҳо гуфтанд, дар оянда барномаи қабули донишҷӯёни хориҷиро роҳандозӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG