Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолӣ аз имкони сафар бо шиносномаи дохилӣ ба Узбекистон

Гузаргоҳи Фотеҳобод дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон
Гузаргоҳи Фотеҳобод дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон розӣ шудаанд, ки сафари шаҳрвандони ду кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба қаламрави ҳамдигар иҷозат диҳанд.

Ин нукта дар протоколи байниҳукуматии ду кишвар дарҷ шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш онро тасдиқ кард ва ба зудӣ бояд амалӣ шавад.

Паҳн шудани хабари сода кардани низоми равуо байни Тоҷикистону Узбекистон шаҳрвандони ду кишварро хушнуд кардааст. Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми апрел нусхаи санадеро дид, ки тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи дохилӣ ё ID-корт ба Узбекистон сафар кунанд, аммо ба шарте ки дар ҳудуди он кишвар бимонанд ва ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия, нараванд. Ҳамин тартиб барои шаҳрвандони Узбекистон ҳам пешбинӣ шудааст.

Боирҷон Хошокзода, шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, аз осонтар шудани сафар ба кишвари ҳамсоя хурсанд шудааст.

Видеоро инҷо бинед:

Хушҳолӣ аз имкони сафар бо шиносномаи дохилӣ ба Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Мусофирони дигар мегӯянд, ки ин раванд ба онҳое бештар сабукӣ меорад, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ барои рафтан шитоб доранд. Саидаҳмад Умаровро дар гузаргоҳи Фотеҳобод вохӯрдем, ки нав аз Узбекистон баргашта буд. Ӯ айни чунин мушкилашро ба мо нақл кард.

“Агар ҳамин созишнома тасдиқ шаваду рафту омад бо шиносномаи плостикӣ имконпазир шавад, бовар кунед, беҳтарин мешавад. Чунки ҳамин рӯз як таъзия шуд, рафта омадам. Шиносномаи тоҷикиам дар кисаам, аммо шиносномаи хориҷиам дар хона буд. Имрӯз бо ду таксӣ шиносномаамро ба ман оварданд. То шаҳраки Бӯстон як таксӣ ва аз шаҳраки Бӯстон то инҷо як таксии дигар овард. Агар бо шиносномаи дохилӣ мумкин мебуд, ин шиносномаам ҳамеша дар кисаам аст. Ман рафтан мегирифтам. Ин шиносномаи дохилӣ хеле қулай аст, мисли шиносномаи хориҷӣ калон нест,”--гуфт Саидаҳмад Умаров, шаҳрванди Тоҷикистон.

Азбаски тарҳи созишнома то ҳол расмиёти дохилии ду кишварро нагузаштааст, феълан сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ба давлатҳои ҳамдигар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконпазир аст.

Боирҷон Хошокзода, шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, “ҳолате мешавад, ки ягон кас бемор мешавад ё таъзия мешавад, рафта наметавонад. Барои он, ки то вай шиносномаи хориҷӣ мегирад, ки аллакай ҷаноза мегузарад. Агар ҳамин паспорти сурхи пластикӣ бошад, хеле мушкилии мардум осон мегардад”.

Чанде пеш намояндаи сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон гуфт, ки Узбекистон ин санадро имзо карда, мунтазири пазируфта шуданаш аз сӯйи Тоҷикистон аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон бахусус онҳое, ки дар минтақаи марзӣ зиндагӣ мекунанд, борҳо дархост кардаанд, ки сафар ба ду кишвар бо шиносномаи дохилӣ сурат гирад. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон соли 2024 гуфта буд, кишвараш мехоҳад равуои шаҳрвандонаш бо Тоҷикистон ва Қазоқистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир шавад.

Тоҷикистон ва Узбекистон соли 2018 раводидро бекор карданд, аммо сафарро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷозат доданд. Солона садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ва Узбекистон ва баръакс сафар мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, соли 2025 беш аз як миллион сайёҳ аз Узбекистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки соли гузашта ду миллиону ҳафтсад ҳазор тоҷикистонӣ ба Узбекистон рафтаанд. Мардуми ду кишвар ба ғайр аз ҳамсоя будан, робитаи хешу таборӣ доранд ва дар ғаму шодии ҳамдигар шарик мебошанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG