Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори коронавирус дар ҷаҳон боло меравад. Тоҷикистон аз он озод аст. ХАРИТА


Яке аз кормандон истгоҳи роҳи оҳани Тошкандро безарар мекунад
Яке аз кормандон истгоҳи роҳи оҳани Тошкандро безарар мекунад

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумори афроди гирифторшуда ба вируси нави корона дар ҷаҳон ба 470 ҳазор нафар расид ва аз онҳо 21 287 нафар фавтида, ҳамчунин 113 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Вазъ аз ҳама бештар дар Аврупо, Амрико ва Эрон ҷиддӣ унвон мешавад. Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, шумори гирифторони коронавирус ба маротиб зиёдтар бошад ва арқоми кам натиҷаи камбуди озмоишҳост.​ Нигарониҳо дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ низ то рафт бештар мешавад.

Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ низ чунин чораҳои сахтгирона дар баробари коронавирус гирифта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон аммо мегӯянд, то ҳол дар кишвар сироят ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст ва ба ин хотир зарурати таътили идораву мактабҳо нест. Ҳамзамон гуфта мешавад, то ҳоло наздики панҷуним ҳазор нафар пас аз вуруд ба кишвар карантин шудаанд.

Дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон низ шумори гирифторшудагон ба коронавирус афзоиш меёбад. Бино бар омори ахир шумори сироятёфтагон ба вируси COVID-19 дар Узбекистон ба 60, Қирғизистон 25 нафар расид ва дар Қазоқистон аз 100 нафар гузашт. Дар Узбекистон нафаре бо коронавирус сироят ёфтааст, ки ба гуфтаи мақомоти узбек на худаш ва на наздиконаш аз хориҷа наомадаанд. Мақомоти Узбекистон тахмин мекунанд, ки духтари 20-сола аз Тошканд бо афроди мубтало ба коронавирус дар нақлиёти ҷамъиятӣ вохӯрда бошад. Марзҳои Узбекистону Қирғизистон ба хотири пешгирӣ аз вируси нав баста мебошанд.

Ҷумҳурии исломии Афғонистон, яке аз ҳамсояи дигари Тоҷикистон ҳам эълон кард, ки ба дунболи афзоиши шумори афроди мубтало ба коронавирус дар се шаҳри ғарбии кишвар аз ҷумла Ҳирот рафтуоро манъ мекунад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 25-уми март дар як муроҷиати телевизионӣ гуфт, ҳафтаи оянда дар ин кишвар ғайрикорӣ эълон, вале маоши кормандон пардохт карда мешавад. Донишгоҳҳои Русия низ аз рӯзи 28-уми март то 5-уми апрел таътил хоҳанд буд. Дар ҳафтаи оянда дар Русия танҳо муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо, дукону фурӯшгоҳҳо, бонк ва нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд. Инчунин Русия ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ ба ин кишварро манъ кард.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ҳам эълон кард, ки дар ҳафтаи оянда ҳамаи ошхона, қаҳвахона ва боғҳои истироҳатӣ баста хоҳанд буд. Даромадан ба ибодатгоҳҳо низ маҳдуд мешавад. Шумори афроди гирифторшуда ба коронавирус дар пойтахти Маскав ба 410 ва дар кулли Русия ба беш аз 600 нафар расидааст. Русия ҳамчунин аз шаҳрвандонаш хостааст, ба воситаи як сомонаи махсуси марбут ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар худро барои бозовардан аз кишварҳои дигар номнавис кунанд.

Дар Озарбойҷон ҳам ҳафтаи оянда ғайрикорӣ эълон шудааст. Шумори гирифторшудагон ба вируси COVID-19 дар Озарбойҷон дар шабонарӯзи ахир ба 93 нафар расид.

Тоҷикистон ва Туркманистон аз камтарин кишварҳои ҷаҳон ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар сироят ба вируси нав то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Ҳарчанде бархеҳо ба ин гуфтаи мақомот бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, дар Туркманистон чандин нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Дар назди нахуствазири Тоҷикистон ситоди доимамалкунанда ташкил шуда, роҳбарони аввали мақомот, Додситони кул ва Дабири Шӯрои амният ҳам ба ин ситод дохиланд.Мақомот барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд.

Талошҳои мақомоти тоҷик барои пешгирӣ аз коронавирус интиқодҳоеро ба думбол доштааст. Аз ҷумла инки кишвар то ҳол идораву донишгоҳҳоро таътил накарда ва ҳам аз ҷашнҳои пуриздиҳом худдорӣ намекунад. Мақомот аммо мегӯянд, ба чунин корҳо зарурат нест, чун вируси нав дар кишвар то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Дар бисёре аз кишварҳо қонунгузориҳои нав ҷорӣ шуд, то заминаҳои амалкарди изтирории мақомот фароҳам оаврда шавад.

XS
SM
MD
LG