Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар ҳампаймонони Иёлоти Муттаҳида дар кушодани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ накунанд, паймони низомии НАТО ба ояндаи "бисёр баде" рубарӯ хоҳад шуд.
Трамп ба нашрияи бритониёии "Financial Times" гуфт, ҳамон тавр ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги зидди Русия ба Украина кумак кардааст, интизор дорад, Аврупо низ дар робита ба масъалаи тангаи Ҳурмуз ёрӣ мерасонад.
"Агар посух дода нашавад ё ҷавоб манфӣ бошад, гумон мекунам барои ояндаи НАТО бисёр бад хоҳад буд," – гуфтааст Трамп.
Баста шудани тангаи Ҳурмуз аз сӯи Эрон боиси якбора баланд шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. Нархи ҳар баррел ё бушкаи нафт ба 106 доллар расид.
Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои энержии ҷаҳон аст ва тақрибан аз панҷ як ҳиссаи нафт ва гази содиротии ҷаҳон аз ин масир мегузарад. Сипоҳи посдорони Эрон дар рӯзҳои охир ҳамлаҳоро ба киштиҳо дар ин оброҳа бештар кардааст.
Доналд Трамп мегӯяд, аз тангаи Ҳурмуз бештар Чин ва кишварҳои аврупоӣ фойида мегиранд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Рейтерс" гузориш додааст, ки фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бовар доранд, ки дар сурати аз даст додани назорат бар тангаи Ҳурмуз, Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷанг шикаст мехӯрад.
Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ, дар аввалин паёме, ки аз номи ӯ нашр шуд, ба бастани тангаи Ҳурмуз таъкид кард. Ҳарчанд дертар ду дипломати баландпояи Эрон эълон карданд, ки ин кишвар нияти бастани ин оброҳаи стратегиро надорад.
Бӯҳрони нав дар Ховари Миёна рӯзи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар рӯзи аввали ҳамла раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва чанд фармондеҳи баландпояи Ҷумҳурии исломӣ кушта шуданд. Эрон дар посух кишварҳои мизбони низомиёни Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор дод.