Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти боздошти Отамбоев. Рӯзи дувум. ВИДЕО, АКС


Рӯзи 8-уми август дубора шумораи зиёди нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Қой-Тош, канори шаҳри Бишкек наздик шудаанд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз онҳо маъмурони пулисанд ва дар миёнашон вазири корҳои дохилӣ Кашкар Ҷунушалиев низ мушоҳида шудааст. Гуфта мешавад, онҳо аз гази ашковар истифода мекунанд. Вале дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин бора ҳеч иттилоъ надодаанд. Манзили зисти Отамбоев ҳанӯз дар иҳотаи тарафдоронаш мебошад.

Як кушта ва беш аз 50 захмӣ

Як рӯз пас аз амалиёти нокоми боздошти раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки бо марги 1 нафар ва ҷароҳати 52 каси дигар анҷомид, президент Сооронбой Ҷеенбеков ва Отамбоев якдигарро масъули ин вазъи ногувор меноманд.

Рӯзи 7-уми август амалиёти нерӯҳои таъйиноти хоси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои боздошти Отамбоеви 62-сола ноком шуд. Тарафдорони Отамбоев муқовимат нишон дода, бар илова шаш афсари амниятиро ба гарав гирифтанд.

Нерӯҳои Қирғизистон рӯзи 8-уми август деҳаи Қой-Тоши канори шаҳри Бишкекро тарк карданд. Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки дар натиҷаи музокирот тарафдорони Отамбоев розӣ шуданд, 6 низомии ба гарав гирифтаро раҳо кунанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки баъд аз зуҳри 8-уми август дубора нерӯҳои амниятӣ ба хонаи Алмосбек Отамбоев наздик мешаванд ва аз гази ашковар истифода мекунанд.

Дар натиҷаи амалиёти боздошти Отамбоев, ки бо тирпаронӣ ва сангпартоӣ ҳамроҳ буд, як низомӣ кушта ва 52 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, ки табибон сарбозро барои ҷарроҳӣ дароварданд, вале натавонистанд наҷот диҳанд.

Ҳамчунин ҳуқуқшиноси Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Нурбек Қосимбеков, вакили пешини порлумон Мээрбек Мискенбоев, раҳбари пешини ҳизб Абдил Сегизбоев ва сардори пулиси вилояти Чуй Самад Қурмонқулов захмӣ шудаанд.

Амалиёти нокоми боздошти Отамбоев як кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтаанд, ки нерӯҳои вижа танҳо аз тирҳои резинӣ истифода кардаанд. Чизе, ки ҷонибдорони Отамбоев зери шубҳа мебаранд.

Амалиёти нокоми боздошти Отамбоев рӯзи 7-уми август дар манзили зисташ шурӯъ шуда буд. Мақомот исрор меварзиданд, ки президенти собиқ барои бозпурсӣ ба назди муфаттишон нарафтааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифтанд ӯро маҷбурӣ барои бозпурсӣ ба ҳозир кунанд.

Субҳи 8-уми август Алмосбек Отамбоев дар шабакаи телевизионии «Апрел», ки аз ҷонибдоронаш ба шумор меравад, изҳорот нашр намуд. Вай кӯшиши боздошташро ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ хонд.

Ӯ гуфт: “Дирӯз онҳо нагуфтанд, ки барои ба бозпурсӣ бурдани ман омадаанд. Онҳо мисли роҳзанҳо ворид шуданд ва ба паррондани одамон сар карданд. Дар инҷо танҳо ман силоҳ дорам. Шаби гузашта дар ошёнаи севум будам ва муқовимат кардам. Бигзор мардуми одиро гунаҳкор накунанд. Онҳо ҳатто камон надоштанд. Мумкин аст, санг дошта бошанд.»

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се дафъа Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кардааст. Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон гуфт, ӯ чанд бор пешниҳод карда буд, ки хаттӣ баёнот диҳад.

“Намояндаи ман Сергей Слесарев дирӯз дар Вазорати умури дохилӣ буд ва пешниҳод кард, посухҳои маро хаттӣ пешниҳод кунад. Омодаам, дар робита ба ҳамаи масоил суҳбат кунам, зеро ҳеч гуна фасодкорие набуд. Инро худи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков медонад", -- гуфт ӯ ва афзуд, "бори дигар аз мақомот даъват мекунам, фикр кунанд ва қудратиҳоро бигӯянд, ки мардуми худро напаронанд."

Сооронбой Ҷээнбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, "Отамбоев бо муқобилияти мусаллаҳона нишон додан ба раванди қонунии тафтишот, Конститутсия ва қонунгузории кишварро дағалона вайрон кард." Ҷеенбеков афзуд, барои ҳифзи қонун ва субот дар Қирғизистон бояд "чораҳои таъхирнопазир" андешид.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, дар нишасти Шӯрои амният "қарорҳои дахлдор" қабул шудааст. Вале маълум нест, чӣ хулоса.

Дар ин байн Отамбоев дар назди бинои "Медиа-Форум"-и шаҳри Бишкек, ки ба ӯ тааллуқ дорад ва телевизиони "Апрел" ҳам дар он ҷойгир аст, тазоҳуроти бе муҳлат эълон кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд.

Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Қой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол - аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG