Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз мехоҳанд, президентҳои собиқ "мисли ҳама" бошанд


Вакилони порлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Порлумони Қирғизистон баъди аввалин баррасӣ санадеро тасвиб кард, ки президентҳои собиқро аз ҳаққи масуният маҳрум намуда ва ҳамин гуна роҳро барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев боз мекунад.

Баъди қироати аввали тарҳи санад, аз миёни 102 вакили порлумон, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, 100 нафар ба тарафдории он ва 2 нафар мухолиф раъй доданд. Ҳаждаҳ вакили дигари мардумии Қирғизистон дар ҷаласа ҳузур надоштаанд.

Тарҳи санади маҳрум кардани президентҳои собиқ аз ҳаққи масуниятро Кумитаи қонунгузорӣ, сохторҳои давлатӣ ва адлия моҳи ноябр қабул кард ва барои баррасӣ дар ихтиёри вакилон гузошт. Санади мазкур бояд ду дафъаи дигар бо ҳузури вакилон баррасӣ шавад ва дар сурати тасвиб шудан, баъди имзои қонун аз тарафи Соронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури феълӣ ин санад ҳукми иҷро мегирад.

Ҳарду як замон дӯсти наздик буданд, ҳоло ҷанҷолӣ шудаанд.
Ҳарду як замон дӯсти наздик буданд, ҳоло ҷанҷолӣ шудаанд.

Баррасии тарҳи мазкур дар замоне сурат мегирад, ки танишу моҷароҳои лафзӣ миёни Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешин авҷ гирифтааст. Ду нафар, ки як замон шарикони наздик буданд, ҳоло муносибати хубе надоранд.

Додгоҳи олии Қирғизистон моҳи октябри имсол қароре қабул кард ва гуфт, дорои ҳаққи масуният будани президентҳои собиқ мухолифи Қонуни Асосӣ аст ва онҳо бояд дар баробари қонун мисли ҳама ҷавобгарӣ дошта бошанд.

Дар чанд моҳи гузашта, чанде аз сиёсатмадорон ва вакилони мардумии Қирғизистон хостанд, ки баъзе аз қарорҳоеро, ки Алмосбек Отамбоев ҳангоми дар қудрат буданаш, қабул кард, тафтиш карда шавад. Баъзе аз шарикони наздики ӯро ҳам бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд.

Алмосбек Отамбоев дар гузашта бо Соронбей Ҷеенбеков робитаҳои хуб дошт ва дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи октябри соли 2017 дар пирӯзии ӯ кӯмак кардааст. Ҷеенбеков то он замон нахуствазир буд. Ду тараф дар моҳҳои гузашта ҳамдигарро камтаҷрибагиву бесалоҳият номида танқид кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG