Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молики се бинои ҳабсшуда дар Лондон Дариға Назарбоева будааст


Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев
Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев

Расонаҳои Бритониё баъди мурофиае дар Додгоҳи олии Лондон навиштанд, молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар, ки ба номи ширкатҳои офшорӣ сабт шудааст, Дариға Назарбоева -- раиси Сенати Қазоқистон ва духтари президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев -- мебошад. Муфаттишон гуфтанд, дар яке аз ин қасрҳо Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева, зиндагӣ мекунад.

Оҷонси миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷиноятҳо биноҳои мазкурро дар доираи таҳқиқи махсус ба ҳабс гирифтааст. Мақомоти Бритониё таҳқиқ нисбат ба манзилҳои марбут ба Назарбоевҳоро дар доираи парвандаи мубориза бо дороиҳои "ғайриқонунӣ" шуруъ кардаанд.

Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳо аз соҳибони манзил талаб дорад, бо кадом пул харидани онҳоро ошкор кунанд. Агар мақомот шарҳи моликонро қонеъкунанда арзёбӣ накунад, дар он сурат тафтишот метавонад, аз додгоҳ дархости мусодираи амволро намоянд.

Нашрияи Financial Times навишт, "Нуралӣ Алиев, набераи Нурсултон Назарбоев ва модараш Дариға Назарбоева рӯзи сешанбе дар Додгоҳи олии Лондон моликони се бинои ҳабсшуда ба маблағи 80 миллион фунт стерлинг эълон шуданд".

Ба ин мавзуъ, ки қаҳрамонҳояш оилаи президенти пешини Қазоқистон аст ва ӯ новобаста аз истеъфои соли гузашта ҳанӯз салоҳиятҳои зиёд дорад ва раҳбари якумрии Шӯрои амнияти Қазоқистон аст, расонаҳои дигари Бритониё низ таваҷҷуҳ карданд. Дариға, духтари Нурсултон Назарбоев, баъди аз мансаби президентӣ рафтани падараш раиси Сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон, шуд. Аз рӯи тақсимбандии мансаб дар ин кишвар ӯ нафари дувум ба шумор меравад.

Ҳамон тавр ки расонаҳои бритониёӣ навиштанд, биноҳои ҳабсшуда аз қасру хонаҳои боҳашамат иборат аст. Яке аз ин хонаҳо дар Денвуд-роуд дар Ҳайгейт ҷойгир аст.

Ду ҳуҷра дар минтақаи Челси ба маблағи 31 миллион фунт стерлинг ва бинои дигар дар Бишопс-авеню, машҳур бо номи "кӯчаи миллардерҳо", ба 39 миллион фунт стерлинг харида шудааст.

Ин биноҳо ба номи ширкатҳои офшорӣ сабт шудаанд. Вакилони мудофеи ширкатҳо дар Додгоҳи олии Лондон рад карданд, ки ин амволи ғайрманқул бо пулҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд.

Лорна Скиннер, намояндаи ҳуқуқии Нуралӣ Алиев ва ҳамсараш Аида Алиева, гуфт, Алиев молики яке аз қасрҳо дар Бишопс-авеню аст. Ҷое, ки ба навиштаи Financial Times, ӯ ҳамроҳи оилааш зиндагӣ мекунад.

Вакили мудофеъ хост, ки маълумот дар бораи бино, ки ба қавли ӯ чанде пештар дузд задааст, пинҳон монад, аммо додрас ин дархостро рад кард.

Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетоев рӯзи 11-уми март аз посух гуфтан ба суол дар бораи ҳабси дороии Дариға Назарбоева, раиси Сенат ва духтари президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар Бритониё фирор кард. Бекетоев ба рӯзноманигорон гуфт, дар ин замина санадҳоеро дар даст надорад. Вале аз посух ба суол дар бораи он ки вазорати зери раҳбарии ӯ ба муайян кардани сарчашмаҳои ин дороиҳо алоқаманд ҳаст, ё не, худдорӣ намуд.

Вакили мудофеи ширкати офшорӣ, ки амволи ғайриманқули ҳабсшуда ба номаш сабт ёфтааст, гуфт, ин бино бо пулҳои Роҳат Алиев, шавҳари собиқи Дариға Назарбоева ва падари Нуралӣ Алиев ва ё бо иштироки ӯ ба даст наомадааст.

Аммо муфаттишони Оҷонси миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷиноятҳо тахмин мезананд, ки ин амвол бо пулҳои ба гуфтаи онҳо "ифлоси" Роҳат Алиев, мансабдори собиқи баландпоя ва домоди пешини президенти Қазоқистон харида шудааст. Роҳат Алиев соли 2007 ба мухолифи ҳукумати Қазоқистон табдил шуд ва ғоибона бо гуноҳи кӯшиши табаддулоти давлатӣ, одамрабоӣ ва ташкили гуруҳи ҷиноии муташаккил ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Ӯро соли 2015 дар зиндони Австрия мурда ёфтанд.

Вакили мудофеъ, ки аз манфиати амволи хонаводаи президенти пешини Қазоқистон ҳимоят мекард, гуфт, Роҳат Алиев соли 2007 аз Дариға ҷудо шуда буд ва ба амволи ҳабсшуда дар Лондон ҳеч рабт дошта наметавонад. Би-би-сӣ менигорад, ин амвол соли 2008 харида шудааст.

Вакили мудофеъ гуфт, "Назарбоева зани мустақил аст ва худаш кор карда метавонад" ва афзуд, ӯ ягон қонуншиканӣ накардааст ва мунтазири ҳарчи зуд поён ёфтани ин баҳс дар додгоҳ аст.

Мурофиаи додгоҳӣ дар Лондон идома дорад.

Мақомоти Бритониё соли 2018 мубориза бо пулшӯии зодагони кишварҳои Шӯравии собиқро оғоз карданд ва амволи онҳоро ба маблағи даҳҳо миллон фунт ба ҳабс гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG