Сурмаро ҳам дар саноати ороишӣ ва ҳам дар истеҳсоли силоҳ истифода мекунанд.
Дар кони Саритоғи воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, ки марбут ба ширкати "Talco Gold" аст, садҳо коргар ҳамарӯза дар паҳнои 50 километр бо истихроҷи маъдани сурма машғуланд.
Холмаҳмад Ҳакимзода, мудири корҳои зеризаминии "Talco Gold" дар сӯҳбат бо хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, "шумори коргарон дар шӯъбаи мо 420 нафарро ташкил медиҳад. Аз инҳо 61 нафарашон шаҳрвандони Чин ва 359 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар як баст мо метавонем то 50 метр барои корҳои иктишофии геологӣ сӯрохиро парма кунем ва то 54 метр нақб канем. Истеҳсоли маъдан дар як баст то ба 1,5-2 ҳазор тонна мерасад."
Сурмаро дар соҳаи энержии барқароршаванда, аз ҷумла, дар истеҳсоли батареяҳои офтобӣ ва ҳамчунон мошинҳои ҳарбӣ ҳам ба кор мебаранд.
Чин, ки кори ширкати “Саритоғ”-ро ҳамроҳ бо соҳибкорони тоҷик пеш мебарад, дар соҳаи истеҳсоли сурма дар ҷаҳон пештоз аст, вале айни замон Русия, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Халиҷ дар талоши ҳифзи мавқеи худ дар ин ришта дар бозори ҷаҳонӣ мебошанд.
Мурод Ҷумъазода, муовини раиси "Talco Gold" гуфт, ки "дар Тоҷикистон захираҳои сурма зиёд аст. Сурма ҳам аз роҳҳои зеризаминӣ ва ҳам аз роҳҳои кушод истихроҷ мешавад."
Видеоро инҷо бинед:
Як таҳқиқи заминшиносии ИМА мегӯяд, Чин нисфи захираҳои сурмаи ҷаҳонро дар ихтиёр дорад ва баъди он дар ҷои дуюм Тоҷикистон аст, ки чоряки захираҳоро дорад. Соли 2023 дар ин кишвар 21 ҳазор тонна сурма истеҳсол гардид.
Иттиҳоди Аврупо, ки аз таҳти назорати Пекин гузаштани соҳа нигарон аст, ҷараёни истеҳсоли 34 унсури вобаста ба “маводи хоми бисёр муҳим”-ро назорат мекунад. Аз ҷумла, сурма, каучук ва чанд навъи филизи нодир ҳам ба ин феҳрист дохил шудаанд. Аз назари маҳсулоти стратегии саноатӣ, ин маводҳо ивазнашаванда ба шумор мераванд.
Ба иттилои Комиссиюни Аврупо, Иттиҳоди Аврупо 54 дарсади сурмаро аз Тоҷикистон ворид мекунад. Соли гузашта нархи сурма рекордӣ шуд ва Чин дар воридоти ин маҳсулот маҳдудиятҳое ҷорӣ намуд. Дар Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои нодори собиқ шӯравӣ мебошад, истихроҷи маъдан яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дониста мешавад.
Файзулло Сафаров, мудири "Talco Gold" гуфт: "Дар ин корхонаи ғанисозии маъдан мо имкон дорем, ки дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна маъданро коркард кунем. Дар пушти мо ду осиёбе ҳаст, ки маъдан ба он ҷо ворид кардаву орд карда мешавад. Сипас ба сехи бойгаронӣ меравад. Бо истифода аз реагентҳои кимиёвӣ металлро аз маъдан ҷудо карда мегирем."
Таъсиси чунин истеҳсолоти азим бо сармояи ҳангуфти Чин дар соли 2022 ба роҳ монда шуд. Дар нақшаи оянда таъсиси корхонаи тозакунии сурма ва аз ин роҳ тамаркузи назорати истеҳсоли сурма дар дохили Тоҷикистон аст.
Чин тадриҷан ҷойгузини нуфузи Русия мешавад ва аз ҳоло дар истихроҷи маъдан дар Осиёи Марказӣ нақши аввалро мебозад.
Гуфтугӯ