Дар ин баёния, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз ҷабрдидагони шиканҷа нашр шудааст, Эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон имзо гузоштааст. Дар муроҷиатнома, ки Cозмони Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар нашр кард, омадааст, агарчӣ солҳои ахир дар қонунҳои кишварҳои минтақа тағйироти мусбате барои ҳимоят аз шиканҷаву бадрафторӣ ворид кардаанд, аммо ин зуҳурот ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст.
Афроди боздоштшуда, бахусус онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ парванда доранд, таҳти хатари бештари шиканҷаву бадрафторӣ ҳастанд. Вазъи изтиробангез аз он сабаб бадтар мешавад, ки омилони ин ҷиноятҳо аз мақомоти интизомӣ беҷазо мемонанд, назорати мустақил нест ва фишори пайваста ба ҷабрдидагону ҳомиёни ҳуқуқ бисёре аз онҳоро аз дастрасӣ ба додгоҳи одилона маҳрум мекунад. Эътилофи Созмонҳои Зидди Шиканҷа дар Қазоқистон соли 2024 347 шикояти расмӣ аз шиканҷаву бадрафторӣ гирифтааст ва аз миён фақат дар чаҳор маврид гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Дар Қирғизистон як таҳқиқ дар байни 444 нафаре, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии вазорати умури дохилӣ нигаҳдорӣ шудаанд, нишон додааст, ки 20 дар сади онҳо ё шиканҷа дидаанд, ё латукӯб шудаанд ва таҳти фишори равонӣ қарор гирифтаанд. Азбаски дастрасӣ ба иттилоот дар Туркманистон бисёр сахт аст, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ аз ончӣ ки дар даст доранд, бармеояд, ки азобу шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён ва ё гумонбарон дар ҷиноят дар ин кишвар бисёр зиёд аст.
Дар муроҷиатномаи ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи Узбекистон ҳам айни гуфтаҳо низ аст ва аз ҷумла сарнавишти Валиҷон Раҳмонов, яке аз маъмурони собиқи амниятиро мисол овардаанд. Ин афсарро моҳи феврали 2024 ба 16 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ӯро ҳам шиканҷа кардаанд, аз хоб маҳрум сохтаанд ва сахт задаанд.
Дар муроҷиатнома омадааст, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ки барои аз байн бурдани шиканҷа дар минтақа кор мекунанд, торафт ба мушкилоти бештар дучор меоянд. Танг шудани фазо барои ҷомеаи маданӣ, сусттар шудани мустақилияти низомӣ додгоҳӣ, монеагузориҳои ҷиддӣ дар кори матбуот аз ҷумлаи ин мушкилот номбар шудаанд.
Дар бисёре аз кишварҳои минтақа Қонун дар бораи маъмурони хориҷиро пешниҳод мекунанд, ки соли 2024 дар Қирғизистон қабул шуд ва созмонҳои ғайриҳукуматиро «маъмур» ва ё гумоштаи хориҷӣ номида, хатари аз байн рафтани онҳоро ба вуҷуд овардааст. Ба қавли муаллифони муроҷиатнома, ингуна ташаббусҳо сабаби тангтар шудани фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ мешаванд ва талошҳо барои аз байн бурдани шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониёну боздоштшудагонро зери хатар мегузоранд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бо тасвири вазъ дар Тоҷикистон гуфтаанд, шиканҷа ва бадрафторӣ бахусус дар идораҳои милиса ва боздоштгоҳҳо идома доранд. Афроди гумонбар дар ҷиноят аз тарси онки аҳволашон бадтар ва ҳукми додгоҳ сахттар мешавад, аз бадрафтории маъмурони милиса ва ё муфаттишон ба касе шикоят намекунанд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон мисли ҳамеша гуфтаҳои гумонбарон дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дидани онҳоро беасос шумурда рад мекунанд. Ингуна шикоятҳо аҳёнан таҳқиқ мешаванд ва агар ҳам буд, бесамар меанҷоманд, касе аз маъмурони милиса ва муфаттиш ҳам ҷазо намегирад. Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома бисёр кам шудааст, ки касеро барои шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшуда ва ё зиндонӣ дар Тоҷикистон ҷазо дода бошанд.
Агарчӣ қонунгузорӣ аз ҷумла барои пардохти ҷуброни маънавӣ ба ҷабрдидагон беҳтар шудааст, вале дар таҷриба ҳаҷми ҷуброн барои шиканҷашудагон бисёр кам шудааст ва додгоҳҳо ҳарчӣ бештар даъво барои талаби ҷубронро рад мекунанд. Дар баёния омадааст, ки ҷубронҳое, ки то ҳол ба ҷабрдидагон додаанд, тибқи маъмул ё кам ва ё ноодилона будааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки алорағми тавсияҳои батакрори Созмони Милали Муттаҳид, ҳукумати Тоҷикистон, як созукори мустақил барои таҳқиқи шиканҷа, ташхиси мустақили додгоҳиву тиббӣ ва дармони ҷабрдидагон аз шиканҷаро таъсис надодааст. Омор дар бораи мавридҳои шиканҷа ҳам дуруст сабт намешавад. Эътилофи Созмонҳои Зидди Шиканҷа соли 2024 дар Тоҷикистон 17 шикоят аз шиканҷа ва бадрафторӣ, аз ҷумла аз як зан, чаҳор кӯдак ва 12 мардро сабт кардааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки мақомоти интизомӣ барои ҳосил кардани эътироф гумонбар дар ҷиноятро сахт латӯкуб мекунанд, ба нерӯи барқ мемонанд, таҳқир мекунанду ҳар навъ дилашон хост ӯро паст мезананд ва баъзе ҳам тоб намеоранду гуноҳеро, ки накардаанд ба гардан мегиранд ва паси панҷара мераванд.
Агарчӣ чанд парвандаи ҷиноӣ ҳам боз шудааст, вале ба қавли муаллифони муроҷиатнома, вазъи саркӯб дар Вилояти Бадахшон тағйир наёфтааст. Ба гуфтаи ин ҳомиёни ҳуқуқ тафтиш накардани иддаоҳо дар бораи худсарии мақомоти интизомӣ дар замони амалиётҳои низомӣ дар солҳои 2021-2022, аз ҷумла қатлҳои худсарона ва шиканҷаҳо мояи нигаронист.
Муаллифони муроҷиатнома ҳамчунин аз вазъи нигаҳдории боздоштшудагон ва бадрафторӣ бо онҳо изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар баёния ҳамчунин аз Манучеҳр Холиқназаров, ҳуқуқдони шинохтаи бадахшонӣ ёд кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо соли 2022 бо иттиҳомоти бофтаву сохта ба зиндон маҳкум шуд. Дар баёния омадааст, ки аз сиҳатии ӯ нигарон ҳастанд ва мумкин аст, ки бо ӯ бадрафторӣ сурат бигирад. Гузоришгари вижаи Созмони Милал барои ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки ин ҳуқуқдонро фавран озод кунад.