Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷористон--Мексикаи дуюм барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ?


Сарнавишти норӯшани муҳоҷирони қирғизистонӣ дар Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Сарнавишти норӯшани муҳоҷирони қирғизистонӣ дар Аврупо

Дар Маҷористон (Венгрия), ки нахуствазираш Виктор Орбан сиёсати муҳоҷирпазирии Иттиҳоди Аврупоро танқид мекунад, эътироф кардааст, ки дар қаламрави кишвараш 120 ҳазор муҳоҷир кор мекунад.

Аксари онҳо аз Украина, Сербистон, Ветнам ва Филиппин омадаанд. Як таҳқиқоти Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ ошкор кард, ки чӣ гуна бисёр коргарони хориҷӣ дар Маҷористон дар асл заъфпазир ва партофташуда ҳастанд.

Бархе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, мисле, ки аз Мексика барои ворид шудан ба Амрико истифода мешавад, муҳоҷирон аз Венгрия барои ворид шудан ба Аврупо истифода мебаранд.

Намунааш – сарнавишти 200 коргари қирғизистонии як ширкати кореягӣ мебошад.

Таҳқиқоти Радиои Аврупои Озод нишон медиҳад, ки чӣ гуна ин қишри ҷомеа дар назди қонунҳои Маҷористон заъфпазир ҳастанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба назди як корхонаи калоне дар Маҷористон рафтанд, ки қирғизҳо кор мекунанд. Барои овардани қирғизҳо ба як ширкати қирғизӣ ҳазорҳо доллар пардохт кардаанд.

Ҳоло аксари ин муҳоҷирон бесарнавиштанд ва намедонанд, ки чӣ кор кунанд.

"Барои ин ҷо омадан 5700 доллар қарз гирифтам. Аз инҷову он ҷо пул ҷамъ кардем. Шаш моҳ интизори виза будем. Ниҳоят омадему ба ин ҳол гирифтор шудем,"--гуфт як тан аз муҳоҷирон.

Як муҳоҷири дигари қирғиз афзуд: "Ҳама ҳайрон мондаем. Ҳама дар як вазъият ҳастем. Мардон бекор сигоркашӣ карда гаштаанд. Аз якдигар мепурсанд, ки иҷозаи иқомат доранд ё не. Дар гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам савол дар бораи санаду иқомати расмӣ аст. Онҳое, ки ҳуҷҷат доранд, дар фикри рафтан ба кишварҳои дигар ҳастанд."

Аксари ин коргарон гуфтанд, фақат визаи якмоҳаи кор дар Маҷористон гирифтаанд ва он ҳам тамом шуд ва касе пуле ҳам ба даст наовард.

Корхонаи кореягии "SK On Hungary" як бахше аз маҷмӯи корхонаи истеҳсолии азим аст. Маъмурияти корхона ба саволи Радиои Озодӣ имейлӣ ҷавоб дод. "SK On Hungary бо оҷонсиҳое қарордоди ҳамкорӣ дорад, ки кори муваққатӣ пешниҳод мекунанд. Кори тақрибан 600 коргари хориҷӣ боздошта шуд. "SK On Hungary" ба коргарони хориҷӣ кор намедиҳад, онҳоро кироя мекунад ва пардохтҳои кори рӯзҳои якшанберо аз назари ҳуқуқӣ шарҳ намедиҳад,"--гуфта шудааст дар нома.

Созишномаи кори ин коргарон бо ширкати "Alfa Works" имзо шудааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дари ширкатро баста дарёфтанд. Ба зангҳои телефон ва ҳам имейл ҷавоб надоданд. Хабарнигорон дар Бишкек бо ширкате суҳбат карданд, ки коргаронро ба Маҷористон фиристодааст.

Миргул Қочорбоева, масъули ширкати “Рамай Саёҳат” гуфт, "як дафъа 30 ва дафъаи дигар 10 кас корашро аз даст дод. Ширкатҳо гоҳо варшикаста мешаванд. Ин хел ҳолатҳо рух медиҳад."

Аслан Саймуддинов, ҷавони дигари қирғиз моҳи март шоҳиди барканориҳои калон дар ширкати Самсунги Маҷористон шуд.

"Ин ҷо ғайриқонуниҳо бисёранд. Ҳамин Будапешту Маҷористон мисли Мексика аст, чун бо истифода аз хоки он муҳоҷирон ба Амрико мераванд. Онҳо бо виза ворид шуда барои кор ба Полшаву кишварҳои дигари Аврупо мераванд,"--гуфт ӯ.

Ҳукумати Венгрия ба дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи ин мавзӯъ посухе надод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG